Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши адабиёти таълимӣ дар ташаккули донишҳои касбии донишҷӯён

Нақши адабиёти таълимӣ дар ташаккули донишҳои касбии донишҷӯён

6-04-2016, 11:15
Хабарро хонданд: 421 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо дар доираи баргузориҳои чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ҷиҳати баррасӣ ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои Анҷумани ХХII- уми ҲХДТ ва қарорҳои Конференсияҳо чорабинииҳои фарҳангию сиёсӣ, варзишӣ ва илмию амалӣ дар миёни ҷавонону занон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия доир гардида истодааст.

Аз ҷумла вобаста ба ин дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии «Оламафрӯз»-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода маҳфили «Олами маънӣ» таҳти унвони «Нақши адабиёти таълимӣ дар ташаккули донишҳои касбии донишҷӯён» дар китобхонаи илмии Донишкада бо иштироки М.Мамадаминова – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, донишҷӯён, ки аксарият аъзои фаъоли ҳизб мебошанд баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ аз рӯи мавзӯи «Нақши адабиёти таълимӣ дар ташаккули донишҳои касбии донишҷӯён» Абдумӯминзода Ситора – мудири китобхонаи Донишкада маърӯзаи илми намуд. Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки дар ҷомеаи имрӯза нақши китоб дар ташаккули фарҳангию маънавии одамон, алалхусус наврасону ҷавонон мавқеи босазо дорад, чун ки барои ҳар фард ташаккул додани ҷаҳонбинии васеъ, сифатҳои олии ахлоқӣ, шуурнокии баланд, сарватҳои маънавӣ ниҳоят зарурӣ мебошад, ки ин ҳама аз китоб маншаъ мегирад ва инсонро ба камол мерасонад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки китоб муқаддастари муъҷизаи олам аст, ки моро ба сӯи ояндаи пурсаодат ҳидоят мекунад ва ба мо дар ҷодаи аз худ намудани илму дониш роҳнамои асосист. Аз қадимулайём мардуми тоҷик китобхон, китобдор ва китобдӯст буданд, чунки китоб дар тарбияи маънавии инсон нақши муҳим мебозад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони муттамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Инчунин донишҷӯи бахши 4-уми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкада, аз рӯи мавзӯъҳои «Нақшаи китоб дар ташаккули фарҳангию маънавии ҷомеа: вазъият ва дурнамо» маърӯзаи илмӣ намуда, фароҳам овардани муҳити созгору муосири иттилоотӣ- таълимӣ, истифодаи самараноки услубҳои хизматрасонӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, ки ҳадафи асосии он тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот ва дорои маҳорату малака мебошанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ намуд.

Абдумӯминзода Ситора- мудири китобхона дар баробари маърӯзаҳо, инчунин дар бораи муваффақиятҳо, мушкилии китобхонаҳои Донишгоҳҳо ва роҳи ҳалли онҳо якчанд пешниҳодҳо намуд, ки ниёз ба омӯзишу таҳқиқ аз ҷониби олимони соҳа доранд, ки метавон тавассути он салоҳияти касбии донишҷӯёнро ташаккул дод, ки:

- китохонаҳо вобаста ба талаботи замон ва рағбати донишҷӯён самти фаъолияти худро равона сохта тарғиби донишҳои касбиро дар сатҳи олӣ анҷом диҳанд;

- китобхонаҳои донишгоҳӣ бо китобдорони касбӣ таъмин карда шавад;

-базаи моддӣ- техники китобхонаҳои донишгоҳҳо пурқувват карда шуда, барномаҳои махсуси китобдорӣ барои китобхонаҳои электронии донишгоҳҳо харидорӣ карда шаванд;

-тамоми роҳбарияти донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ба китобхона ҳамчун ядрои қисми таълимӣ муносибат карда, дар онҳо барои пайдо намудани тамоми манбаҳои иттилоотӣ вобаста ба тахассусҳои марбута шароит муҳайё намоянд;

-дар нақшаҳои таълимӣ тамоми донишкадаҳо ва донишгоҳҳо ҷой намудани дарсҳои «Асосҳои китобдорӣ ва библографӣ» зарур мебошад;

-шӯрои китобдорони китобхонаҳои донишгоҳҳо таъсис дода шавад;

-тамоми нақшаҳои корӣ, нақшаҳои чорабиниҳои китобхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ташаккули салоҳияти касбии донишҷӯён тартиб дода шуда, аз ҷониби масъулин пайваста таҷдиди назар карда шаванд.

Дар фарҷоми чорабинӣ доир ба масъалаҳои муҳокимагардида, баҳсу мунозараҳо миёни донишҷӯён ва намоиши китобҳои илмию амалӣ доир карда шуд.
М. Мамадаминова, мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: