Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон29-08-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 605 нафар
Назарҳо: 0
Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рӯзи китоб» -4 сентябр Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ро ба итмом расонид. Кумитаи тадорукоти Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи муқарароти Низомномаи Озмун то санаи 20 августи соли 2016 аз довталабон-номинантҳо ҷиҳати иштирок дар Озмун 84 адад ариза қабул карда шуд. То санаи 20 августи соли 2016 ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун 27 ариза ҷиҳати иштирок дар озмун аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол», 44 ариза аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» ва 13 ариза аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» бақайд гирифта шуд. Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол» 1 китобхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 2 китобхонаи оммавии вилоятӣ, 1 китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ, 2 китобхонаи донишгоҳӣ, 2 китобхонаи шаҳрӣ ва 19 китобхонаи ноҳиявӣ бақайд гирифта шуданд. Аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» аз 44 аризаи пешниҳодгардида, китобдорон аз 8 шаҳр ва 19 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» дорандагони китобхонаҳои шахсӣ аз 3 шаҳр ва 8 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. То санаи 20 августи соли 2016 ҳуҷҷатҳои иштирокчиён-довталабони бақайдгирифташудаи озмун қабул карда шуд. Иштирокчиёни озмун ба воситаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда мешаванд. Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Диплом»-ҳо, «Ифтихорнома»-ҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад. Натиҷаи озмун санаи 5 сентябр, дар ш. Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад. Бо рӯйхати иштирокчиёни озмун метавонед аз сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ бо нишонии www.gptb.tj шинос шавед. Мақсади асосии озмун ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад. Кумитаи тадорукоти озмун
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.