Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ

Фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ

20-06-2019, 15:12
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
             Фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ  Давоми солҳои хоир таваҷҷуҳи Роҳбарияти шаҳри Душанбе нисбат ба соҳаи маорифи пойтахт зиёд гардида дар ин замина як қатор иқдомҳои созанда рӯи кор омада ва дар амал тадбиқ гардиданд. Бо фарорасидани фасли тобистон ва анҷоми таътили хонандагон, онҳо ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” ва фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тавсиб расида масъулини соҳа муазаф карда шуданд, ки дар ин самт бояд дар сатҳи зарури истироҳати наврасону чавононро ташкил намоянд.
Дастгириҳои рӯзафзуни Роҳбарияти шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боиси он гардидааст, ки наврасону ҷавонони пойтахт дар бехтарин истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин самт масъулини чаҳор навоҳи пойтахт нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 амали гардонида истодаанд.
Ёдрас менамоям, ки истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, дар мавсими таътили тобистонаи соли 2019 дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт бояд дар сатҳи баланд ва хотирмон омода гарданд. Имрӯз як қисмати истироҳатгоҳои беруназшаҳрӣ омода ва қисмати дигари он дар арафаи анҷомёби қарор доранд.
Дар ин самт раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзӯ», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, то санаи 30 майи соли 2019 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро вусъати тоза бахшида то ба имрўз бештари истироҳатгоҳои беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода шудаанд.
Масъулини чаҳор навоҳи пойтахт вазифадор гардиданд, ки барои бемушкили гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон тадбирҳои заруриро роҳандози намоянду рафти баргузории истироҳати тобистонаи хонандагонро назорат баранд. Зеро иҷрои қарори мазкур ба зимаи муовинони раисони шаҳру навоҳи пойтахт ва сарпарасти соҳа гузошта шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи маорифи пойтхат мавсими имсолаи истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон баъд аз таътили тобистона шуруъ шуда хонандагон дар ҳар як баст бо навбат ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ равона карда мешаванд.
Шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтхат ҷиҳат дар сатҳи арзанда ташкил ва баргузор намудани мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, инчуни мутобиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 як қатор корҳои муҳимро ба анчом расониданд. Илова ба ин истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таълими низ ба ин мавсим омодаги хуб гирифта ҳоло қисми бештари онҳо омода мебошанд.
Дар мачмуъ омодагӣ масъулини соҳаи маорифи шаҳри Душанбе оид ба ташкили намдудани истироҳати кӯдакону наврасон назаррас буда, корҳои муаян то ба имрўз ба анҷом расонида шудааст. Тадбирҳои андешидаи шуъбаҳои маорифи чаҳор навоҳи пойтахт имрӯз бозгукунандаи он аст, ки имсол хонандагони муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе бе ягон мушикилӣ истироҳатӣ худро сипарӣ хоҳанд намуд.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: