«Чайка»-и дараи Варзоб барои истирохати кӯдакон20-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола тибқи гузориши Кумитаи Иттифоқи Касабаи ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и шаҳри Норак барои фароғати кӯдакон миқдори муайяни роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои «Чайка»-и ноҳияи Варзоб, «Офтобак»-и шаҳри Норак пешниҳод менамояд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо дар ин семоҳаи истироҳати кӯдакон кумитаи ИКМ дар басти 1-уми истироҳатгоҳи «Чайка»-и дараи Варзоб ба кормандони маорифи шаҳри Норак 10 роҳхат пешниҳод намуд.
Аз санаи 15-уми моҳи июн то 27-уми ҳамин моҳ 10 нафар хонандагони муассисаҳои шаҳри Норак аз ҳисоби КИКМ дар истироҳатгоҳи «Чайка» итироҳат намуданд. Дар рафти истироҳати кӯдакон намояндагони ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» аз ин истироҳатгоҳи «Чайка» дидан намуданд. Ҷураева Нигина, директори истироҳатгоҳи «Чайка» қайд намуданд, ки дар басти якуми имсола 308 нафар хонандагони синнашон то 13 сола аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истироҳат фаро гирифт. Дар истироҳатгоҳ тамоми шароитҳо барои истироҳаткунандагон муҳайё шудааст: ҳавзи обозии замонавӣ, майдони варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, толор барои машғуиятҳои бегоҳирӯзӣ ва ғайраҳо. Ҳамчунин Олимов Пирмаҳмад ошпази истироҳатгоҳи «Чайка» нисбати хурду хӯроки истироҳаткунандгон қайд намуданд: «Мо ба истироҳаткунандагон дар як рӯз чаҳор маротиба хӯрокҳои гуногун медиҳем. Дар як ҳафта ду маротиба оши палов медиҳем. Хулоса кӯдакон аз ҷиҳати хӯрока танқисӣ надоранд» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.