Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Осоишгоҳи номдор

Осоишгоҳи номдор

21-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Панҷ сол муқаддам ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи хушбоду ҳавои Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ифтитоҳ намуд.

Инак, ин макони тафреҳи бачаҳо ҳар сол зиёда аз 1500 мактаббачаро ба оғӯши хеш мегирад.

Тавре ки дар суҳбат бо мо директори ин истироҳатгоҳ Бахтиёр Ашӯрматов гуфт: «То имрӯз, ки басти сеюми қабули кӯдакон аст, 600 нафар наврасон аллакай истироҳат кардаанд. Аз тамоми ҷумҳурӣ 180- нафар ятимони кулл тариқи ройгон ба лагери мазкур омадаанд. Бо дастгирии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ 1000 нафар мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат, талабагони аълохон, гирандагони стипендияҳои махсус ва ғолибони конкурсу олимпиадаҳо низ аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ ба истироҳати ройгон фаро гирифта мешаванд.

Ин ташаббуси раиси вилоят албатта шоистаи таҳсин асту сазовори пайравӣ зеро ғамхорӣ ба кӯдакони лаёқатманди имрӯз пасандози хубе барои фардои миллату миҳан аст. Ҳамчунин дастгирии мактабиёни аълохону соҳибистеъдод таваҷҷуҳи дигар талабагонро ба хониши аълову интизоми намунавӣ меафзояд. Кӯдакон хислати пайравӣ кардан ва мусобиқа намуданро доранд, ки дастгирии ташаббусҳои онҳо барои ҳамсолонашон бетаъсир нахоҳад буд.

Аз сӯи дигар кӯдакон баъди нуҳ моҳи таҳсил ниёз ба истироҳати хуб доранд. Ташкили фароғати кӯдакон дар мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва бо шароити мусоиду муосир ба инкишофи рӯҳиву ҷисмонии онҳо мусоидат намуда, барои ташаккули хислатҳои нек ба барқарорсозии қуввату иродаи онҳо ҳамасола зарур аст.

Қобили тазаккур аст, ки фаъолияти истироҳатгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун ин ба дарёфти ҷойи кори доимӣ ва мавсимии 76 нафар мусоидат карда, ба некӯаҳволии оилаҳои онҳо сабаб мегардад.

Аз суҳбат бо мураббиёну мутасаддиёни ин истироҳатгоҳ дарёфтем, ки таи як соли охир ин мавзеъ пурра аз таъмири куллӣ бароварда шудааст. Бинои амфитеатр ва дигар василаҳои истироҳатии кӯдакон, ки тозатаъсисанд, ба ҳусни он ҳусн ва барои фароғати мадании талабагон шароити беҳтаре фароҳам меоварад.

Сарвари осоишгоҳ Бахтиёр Ашӯрматов изҳор дошт, ки мутаассифона, ниёзи кӯдакон ба истироҳати хуб айни ҳол пурра қонеъ намегардад. Зеро танҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 500 ҳазор хонанда аст ва аз кулли ҷумҳурӣ низ хоҳишмандони фароғат дар ин истироҳатгоҳи овозадор кам нестанд. Аз ин рӯ, агар масоҳати истироҳатгоҳ васеътар карда шавад, имконияти бештари фарогирии хонандагон дар таътили тобистона фароҳам мешавад.

Роҳхат барои 11 рӯзи истироҳат 528 сомониро ташкил медиҳад, ки ба андешаи волидон нархи нисбатан арзон аст.

Кормандони истироҳатгоҳ гуфтанд, ки дар ин макони хушбоду ҳаво баъди заминларза ва офатҳои табиии дар Бадахшон ба вуқӯъ пайваста, ҷавонони зиёде аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тӯли чандин моҳ дар ин осоишгоҳ фароғат намуда, аз он даҳшатҳои аз сар гузаронидаи хеш бо кӯмаки табибону мураббиён то андозае фаромӯш кардаанд.

Ташкили хуби истироҳати тобистонаи бачаҳо зимни таътили онҳо яке аз воситаҳои беҳтарини солимгардонии кӯдакон аст. Месазад, ки онро дар ҳама гӯшаҳои кишвар дар дараҷаи олӣ ва таври муосир ташкил намуда, барои рушди ҷисмониву зеҳнии онҳо, боз ҳам бештар мусоидат намоем.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: