Наврасонро аз ғарқшавӣ эмин дорем22-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо фасли тобистон мавсими гармо ва таътили тобистонаи мактаббачагон дар саросари Тоҷикистони азизамон ҳукмфармост. Ҳамагон хуб медонанд, ки дар миқёси ноҳия ҳавзҳои махсуси шиноварӣ мавҷуд нестанд. Аз ҳамин сабаб, ҷавонон ва наврасони ноҳия дар ин мавсим, ҷойҳои истироҳат ва оббозӣ намуданро дар маҷрои дарёҳои ҳудуди ноҳия қарор медиҳанд, ки онҳо барои оббозӣ чандон бехавф нестанд.
Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайнро зарур аст, ки дар мавсими гармо назоратро аз болои фарзандони худ дучанд намоянд. Дар ин росто раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбаи маориф, бахши ҷавононон, варзиш ва сайёҳӣ, комиссияи ҳуқуқи кӯдак, Маркази назорати давлатию эпидемиологӣ, эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ва воситаҳои ахбори оммаи маҳаллиро зарур аст, ки назорат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва наврасон пурзӯр намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.