Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар канори мардум

Дар канори мардум

12-06-2019, 11:36
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолони ноҳияи Ишкошим дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа, истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда азму талош доранд, ки дар сафи пеши бунёдкорон қарор дошта бошанд. Боиси хурсандист, ки рӯз то рӯз сафи аъзои ҲХДТ афзуда истодааст. Дар ноҳияи мо 2451 нафар аъзои ҲХДТ ҳастанд, ки 969 нафарашон ҷавонони то 30-сола буда, 39,5 % -ро ташкил менамояд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тибқи нақшаи корӣ маҷлисҳои КИ ва Раёсати ҲХДТ-ро доир намуда, дар масъалаҳои муҳими дохили ҳизбӣ, аз ҷумла қабул ба сафи ҳизб, таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, рафти амалишавии дастуру супоришҳо роҳбарияти ҳизбӣ баррасӣ гардиданд. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷамоатҳои деҳот бо аҳли ҷомеа роҷеъ ба масъалаҳои сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб маҷлису вохӯриҳо гузаронида шуданд.
Ҷиҳати фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, аз ҳисоби аъзои комиҷроия, фаъолони ҳизб дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои тарғиботӣ таъсис дода шуда, бо сокинон вохӯриҳо баргузор шуданд. Баҳри амалӣ намудани нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат оиди ободонии Ватан бо ташаббуси ҳизб дар ноҳия дар арафаи идҳо ба мақсади тозаву озода намудани роҳҳо, гирду атрофи биноҳо ҳашарҳои умуминоҳиявӣ доир мешаванд.
Дар арафаи ҷашни “Рӯзи ҷавонон” дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бозиҳои варзишӣ ва 19 майи соли равон “ Дави миллӣ” гузароннида шуда, аз тарафи Комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Тибқи нақша 21 майи соли ҷорӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ машварати сиёсӣ дар мавзӯъҳои “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, “Дастовардҳои ноҳия дар 28-соли Истиқлолият” ва “Омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи маҷлиси вакилон” доир гардида, бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ курси бозомӯзӣ баргузор шуд.

Алиёрбек Пилтабоев,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Ишкошим
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: