Натиҷагирии нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур22-10-2015, 16:20
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ҷаласаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар он аъзои кумиҷроияи ноҳиявӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат доштанд.
Гадоиев Б.И., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси комиҷроияро кушода, аз мушкилоти ҷойдошта, фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нуҳмоҳи соли равон иброзӣ ақида мекунад. Ҳамзамон, дар ҷаласа ҳисоботи нуҳмоҳаи роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳисоботи раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фурӯдгоҳ” шунида шуд. Баррасии ҳисоботи фаъолияти нуҳмоҳаи соли ҷории онҳо нишон дод, ки дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, аммо барои пурсамар гардидани кор ва дар ҷомеа мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дастуру супоришҳои мушшахас дода шуданд. Баъд аз натиҷагирии фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, тағйирот ба ҳайати нави аъзои Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ворид карда шуд. Дар фарҷоми ҷаласа, қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул намудан ба сафи ҳизб дида баромада шуда, тасдиқ гардиданд. © Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.