Маҷлисҳои ҳисоботию интихобтии КИ ҲХДТ дар саросари кишвар идома доранд. Чунин як нишаст чанде пеш дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, ки дар он раиси ноҳия Юсуф Муҳаммадраҳим ва дигар мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд.
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 16 феврал баргузор шуд, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти солонаи ҲХДТ баррасӣ ва нақша тадбирҳо барои соли 2018 -ро муайян кард. Дастуру супоришҳо ва ҳуҷҷатҳои дар маҷлис тасдиқшуда имрӯз сармашқи кори мо аст.
Фаъолони ноҳияи мо дар ҳамдастӣ бо дигар қишрҳои ҷомеа бо дарназардошти шароиту имконоти мавҷуда азму талош доранд.
Ҳоло шумораи аъзои ҳизб дар ҷумҳурӣ зиёда аз 460 ҳазор нафар мебошад, ки 44 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар дар ноҳияи мо 8640 нафар аъзои ҲХДТ кору зиндагӣ мекунанд, ки дорад, ки аз онҳо 3641 нафар ҷавонони то 30 - сола ҳастанд.
Соли 2017 маҷлисҳои Кумитаи иҷроия, Раёсат ва Конференсияи XIV ҲХДТ- ро баргузор ва масъалаҳои муҳими дохилиҳизбӣ, аз ҷумла қабул ба сафи ҳизб, таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, рафти амалӣ гардидани қарорҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизбро баррасӣ кардем.Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маҷлису вохӯриҳо доир намуда, оид ба масъалаҳои сиёсию фарҳангӣ, иқдомоти созанда, масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб суҳбатҳо кардем.
Ҷиҳати ба мардум расонидани нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва аз ҳисоби фаъолони ҳизб гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотӣ таъсис додем, дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳот бо сокинон вохӯриҳо баргузор кардем.
Мо имрӯз дар марҳилае фаъолият дорем, ки ҷаҳонро бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар тамоми кишварҳои олам воқеаҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди тараққию инкишофи ҷомеа бетаъсир нестанд. Мо, ҳизбиён барои солим доштани афкори мардум ва ба самти муайян сафарбар кардани онҳо кӯшиши ҳамешагӣ бояд кунем. Тақвияти корҳои таблиғотӣ боис мешавад, ки мардум зери таъсири ақидаву афкори равияҳои хатарнок намонда ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ва таъмини зиндагии худ машғул бошанд.
Муҳити ороми имрӯза шароитеро фароҳам кардааст, ки менамояд, ки баҳри ободии кишвар саҳми бештар гузорем, мардумро дар атрофи сиёсати созандаи ҳизбу давлат муттаҳид намоем.
Мо мебинем, ки ДИИШ чӣ гуна ҷавонони гумроҳро ба коми марг мебарад. Аз ноҳияи мо низ чанде аз ҷавонони аз илму дониши пурраи исломӣ ва замонавӣ бехабар фирефтаи ин ҷараён шудаанд. Гурӯҳҳои тарғиботӣ иборат аз аъзои ҳизб, вакилон, аъзои Кумитаи иҷроия, ки донишҳои пурраи сиёсӣ ва исломӣ доранд, миёни ҷавонон кор мекунанд.
Аъзои КИ ҲХДТ дарк мекунад, ки ҳифзи фазои сулҳу оромӣ ва таҳкими дӯстӣ байни қавмҳои гуногун аз вазифаҳои ҳар фарди солимақл ва аз ҷумла ҳизбиён бояд бошад. Бинобар ин мо дар маҷлисҳои ҳизбии Кумитаи иҷроия ва ташкилотиҳои ибтидоии он, омӯзиши Паём баробари ҳадафҳои стратегии дохилӣ сиёсати хориҷии кишварро ҳам мефаҳмонем.
Дар назди Кумитаи иҷроия гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби омӯзгорон, коркунони мақомоти давлатӣ, фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан», аҳли фарҳанг ва собиқадорони ҷангу меҳнат таъсис дода шудааст, ки сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлат ва ҳадафҳои асосии ҳизбро пеш дар вохӯриҳо шарҳ медиҳанд.
Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ҷиҳати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Дар ҷамоатҳои Гулистон, Лоҳур, Зайнбобод, Чимтеппа, Сарикиштӣ, Чортеппа, Чоргултеппа, Навобод, Султонобод, Эсанбой, Роҳатӣ ва Россия вохӯриҳо баргузор шуд. Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар 34 муассисаи таълимӣ оид ба қонунҳо «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» нақшаи чорабиниҳоро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи хонандагон таҳия кард. Қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҳизб, нисбати солҳои пеш фаъолтар буда, ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо иштироки гурӯҳҳои вакилони ҳизбӣ шаҳрвандонро қабул мекунад, оиди ҳалли мушкилоташон ёрӣ мерасонад. Бештари муроҷиати шаҳрвандон аз рӯи имкон бо дастгирии Кумитаи иҷроия ҳалли худро меёбанд. Масалан, барои рушди соҳаи варзиш дар деҳаи дурдасти Тайланобод, ҷамоати деҳоти Лоҳур ёрии молию пулӣ расонида шуд, ба 6 200 сомонӣ то бинои варзишгоҳ, ки аз роҳи калон 250 метр дур аст, роҳ кушода сангфарш намуд.
Гурӯҳи ҳизбӣ ҷиҳати рӯҳбаланд сохтани хизматчиёни ҳарбии Нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амниятӣ дар ҷамоати деҳоти Эсанбой, бо сарбозону аскарони қисми низомӣ вохӯрда, бо шароити будубоши онҳо ошно шуданд. Ба хотири дастгирии моддии сарбозон КИ ҲХДТ як телевизори тамғаи ЛҶИ ва мавҷқабулкунаки маҳворавӣ туҳфа кард.
Президенти муҳтарам дар паёмашон ба баланд бардоштани тансиҳатии мардум дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаи соҳибкорону ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ таъкид карданд. Бо ин мақсад, имсолро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо дастгирии мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро ба роҳ монда, дар иҷрои тадбирҳои муҳими соли 2018 саҳм мегирад.
Х.Юсуфов,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ