Ҷалби ҷавонон ба сафи ҲХДТ10-11-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилотҳои ибтидоии «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ», «Беморхона», «Маркази саломатӣ», «Маорифчиён», «Фарҳанг», вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ Қумриниссо Гулмуродзода бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба ҷалби ҷавонон, ҷавондухтарон, кормандон аз ташкилотҳои ибтидоӣ доир карда шуд.
Дар ҷамъомад Гулмуродзода Қ, Азимов Хуҷамурод, узви Кумитаи иҷроия, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси ташкилоти ибтидоӣ дар «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ» ва дигар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо кормандон ва ҷамъомадагон оид ба дастовардҳои ҲХДТ таҳти роҳбарии раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамчун ҳизби роҳбар, ҳизби ғолиб, ки манфиатҳои ҷавонон ва миллати сарбаланди тоҷикро ҳимоя менамояд, баҳри шомил шудан ба сафи ин ҳизб суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад 32 нафар кормандони «Заводи таҷрибавӣ- механикӣ» ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ лар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.