Маҷлиси ситоди обуна6-07-2017, 14:44
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
СПИТАМЕН. Дар ноҳияи Спитамен маҷлиси ситоди обуна баргузор гардид. Дар маҷлис аъзои ситод, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок карданд. Дар оғоз раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Насруллоев Ойбек оид ба рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар ноҳия маълумот дод. Қайд карда шуд, ки ба 111 ташкилоту идораҳои ноҳия мактуби раиси кумиҷроия оиди обуна дастрас карда шуда, то ба имрӯз ташкилотҳои МБТИ, кумиҷроия, ҷ\д Куруш, Фарҳанг нақшаро иҷро намуданд. Мавсуф таъкид кард, ки шаҳру ноҳияи Истаравшан ва Ашт аллакай нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро кардааст. Ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ супориш дода шуд, ки то 1-уми сентябр бояд ҳатман нақшаи обуна иҷро шуда бошад. Инчунин дар баромади худ Ойбек Насруллоев оиди масъалаҳои омодагӣ баҷашни Истиқлолият, 20-умин солгарди Ислочияи 16-уми Шурои Олӣ, пардохти аъзоҳаққӣ, ҷалби аъзоёни нав ба сафи ҳизб ибрози назар намуд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.