Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таърихи пайдоиши Интернет

Таърихи пайдоиши Интернет

12-06-2019, 09:07
Хабарро хонданд: 667 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи пайдоиши Интернет Ҳанӯз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асосӣ аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер метавонист бо компютери дигар пайваст шавад.
Интиқол додани маълумот ба воситаи шабака дар асоси протоколи Интернет (IP) созмон дода мешуд. Протоколи IP маҷмӯъи қоидаҳо оид ба кор бо шабака мебошад. Шабака тавре ба нақша гирифта ва сохта мешуд, ки аз истифодабарандагон ягон ахбор дар бораи сохтори мушаххаси шабака талаб карда намешуд.
Тахминан 10 сол баъди ба вуҷуд омадани ARPAnet Шабакаҳои Мухтори Ҳисоббарорӣ, ба монанди Ethernet ва ғайраҳоба амал омад. Дар аксари стансияҳои ШЛҲ, Системаи оператсионии UNIX гузошта шуда буд, ки имконияти бо протоколи Интернет (IP) фаъолият кардан дошт.
Ташкилотҳое пайдо шуданд, ки бо истифода аз протоколи IP шабакаи мустақили худашонро месохтанд. Акнун зарурати пайваст кардани ШЛҲ бо ARPAnetба миён омад.
Таърихи пайдоиши Интернет
Яке аз чунин шабакаҳои мустақил шабакаи NSFNET буд. Онро Бунёди Милии Илмии ИМА (NSF) сохта буд.
Дар охири солҳои 80 NSF панҷ маркази азимтарини компютериро созмон дода, онҳоро барои истифодабарӣ дар муассисаҳои илмӣ дастрас гардонд. Аммо кӯшиши барои ташкили алоқа истифода бурданиARPAnet ба девори бюрократии соҳаи низомӣ рӯ ба рӯ шуда ба нокомӣ дучор гашт. Дар натиҷа NSF дар заминаи IP технологияҳо шабакаи худашро бунёд кард. Марказҳо бо хати махсуси телефонӣ ба ҳам пайваст буданд, ки имконияти гузарондани 56 Kbps доштанд.
Якҷоя истифодабарии компютерҳо истифодабарии бисёр чизҳои дигарро, ки ба компютери азамат дахл надоштанд, имконият медод. Гурухи ахбор дар шабака зиёд мешу два дар ниҳояти кор шабака ва хатҳои телефонии пайвасткунандаро пур кард.
Соли 1987 қарордод дар бораи истифодабарӣ ва рушди шабака ба ширкати Merit'NetworkInc дода шуд. Ширкати мазкур якҷоя бо ширкатҳои IBM ва MCI бо шабакаи таълимии Мичиган машғул буд. Шабакаи ҷисман кӯҳнашуда бо хатҳои телефонии нисбатан наву зудфаъолият (тахминан 20 маротиба пурқувват) иваз карда шуд. Компютерҳои идоракунанда ҳам нав карда шуд.
Талаботи истифодабарандагони Интернет рӯз ба рӯз зиёд шудан мегирифт. Аксари мактабҳои олии ИМА, Аврупои Ғарбӣ аллакай бо Интернет пайваст буданд ва кӯшиш мекарданд, ки мактабҳои миёнаро ҳам ба ин шабака пайванданд. Истифодабарандагони шабакаи Интернет бартариҳои онро ба хубӣ дарк карда буданд. Ҳамаи ҳамин чизҳо ба бебозгашт Рушд кардани шабака ва рушди технологияҳо ва системаҳо оварда расонд.
Моҳрухсор Ҳакимова
Магисранти бахши 2-уми Донишкадаи давлатии
идоракунии назди Президенти ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: