Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интернетро СССР сохта буд

Интернетро СССР сохта буд

11-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 582 нафар
Назарҳо: 0
Интернетро СССР сохта будҲанӯз ним аср пеш аз ривоҷёфтани шабакаи интернет дар Ғарб онро дар СССР сохта буданд.

Имрӯз талқин мешавад, ки шабакаи интернет аз дастовардҳои пешрафти илму техника дар кишварҳои ғарбӣ аст, аммо шиносоӣ ба таърихи рушди воситаҳои иттилооти рақамӣ нишон медиҳад, ки аввалин ихтирооти ин соҳа маҳсули заҳмати олимони Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.

Америка ғами СССР-ро мехӯрд?

Манбаъҳои хабарӣ ахиран навиштанд, ки ҳанӯз ним аср пеш нашрияи бонуфузи америкоӣ The Washington Post сармақолае таҳти унвони воҳиманоки «Интиқолдиҳандаи рамзии маълумоти рақамӣ Кремлро назорат мекунад», ба нашр расонда буд.

Ҳадафи мақола ин буд, ки фаъолияти илмии шахсияти донишманди шӯравӣ, академик Виктор Глушков, ки дар соли 1961 як модели ҳамсон ба «ҳукумати электронӣ»-и имрӯзаро сохта, барои амалӣ карданаш талош мекард, бадном созад.

Мегӯянд, нашри ин мақола Никита Хурушев, раҳбари ҳамонвақтаи ҳизби коммунист ва Давлати Шӯравиро ба воҳима андохт, зеро нависандаи матлаб чунон тавзеҳ медод, ки пас аз истифода шудани ин ихтироъ тамоми системаи раҳбарӣ дар Кремл таҳти назорати як маркази фанӣ қарор мегирад, Идораи давлат ба тадриҷ ба дасти роботҳо мегузарад…

Бо дастури раҳбари Давлати Шӯравӣ идомаи кори Глушков манъ шуд. Раҳбарон ва ниҳодҳои давлат дарк накарданд, ки мақсад аз нашри чунин як мақола ҳам ин буд, то ба пешрафт дар иҷрои як тарҳи хуб монеъ шаванд. Разведкаи Америка ва дигар кишварҳои ғарбӣ фаҳмида буданд, ки маҳз Глушков бори аввал дар илми ҷаҳонӣ МЭҲ (ЭВМ)-ро бо номи «Мошин барои ҳисоби муҳандисӣ» сохта буд. Бар асоси иттилооти ҷамъ ва фиристодашуда аз сӯи шабакаҳои ҷосусӣ дар бораи Глушков ва аҳамияти ихтирои вай мақомоти америкоӣ донишмандро барои ташкилу баргузор кардани курси таълимӣ ба ин кишвар даъват намуда, ваъда доданд, ки бар ивази 12 маърӯза дар ин мавзӯъ ба вай як миллион доллар ҳақ медиҳанд, аммо олим ин пешниҳодро қатъиян рад кард. Дар пайи ин ду бор ӯ мавриди сӯиқасд қарор гирифт, ки маълум нест, чӣ касе ташкил карда буд.

Чунин ҳисобгирӣ шудааст, ки барои сохти интернет он солҳо аз будҷаи давлат 20 миллиард рубл ҷудо шуда буд. Таваҷҷуҳ кунед, дар ҳамон замон як доллар танҳо 60 тин ё копеек қурб дошт!

«Ба мо таҷҳизоти электронӣ, ба шумо сертификат»
Дар соли 1967 дар як намоишгоҳи байналмилалӣ дар Лондон Иттиҳоди Шӯравӣ таҷҳизотеро ба намоиш гузошт, ки такмилшудаи мошини ҳисоббарории муҳандисӣ буд. Дар он тамоми усули кори компютерҳои шахсии имрӯза истифода мешуд. Дар ҳамон намоишгоҳ ин техникаро намояндагони ширкати IBM хариданд. То ба ҳол маълум нест, ки мақомоти давлат чӣ тавр иҷозати ба хориҷа бурдани ин дастоварди пешрафтаи илмиро дода, бар иловаи он барои фурӯхтанаш розӣ шуданд.

Ин дастоварди он солҳо беназир дар ихтиёри ширкати америкоӣ қарор гирифту бар ивази он ба Глушков сертификати байналмилаӣ доданд, ки ӯ созандаи аввалин компютери шахсӣ дар ҷаҳон аст. Фақат ҳамин. Мутахассисони америкоӣ бо дастрасӣ ба навтарин бозёфти илмии донишмандони шӯравӣ ба зудӣ ҳамсони онро ба шакли васеътар такмилу муҷаҳҳаз сохтанд.

Аммо дар пайи он Глушков пайи ҳам ба мушкилиҳо дучор шудан гирифт. Олим дар ёддоштҳояш навиштааст, ки соли 1970 замоне аз Монреал (Канада) ба Москва бармегашт, пилоти ботаҷриба дар тарзи кори мотори ҳавопаймо халале ҳис карда, онро аз ними роҳ ба ақиб гардонд. Пас аз бозгашт далели халал ёфтани кори моторро ташхис карда маълум намудаанд, ки дар сӯзишвории ҳавопаймо касе барқасдона чизе рехтааст, то он дар роҳ ба фалокат дучор ояд.

Бори дигар вақти сафар ба Югославия ба мошине, ки Глушков дар он мерафт, як мошини боркаш бархӯрд. Таҳқиқи ин ҳодиса акнун сар мешуд, ки ронандаи мошинро рӯзи дигар мурда пайдо карданд.

«Известия» ҳам ӯро танқид кард
Аммо ба ақидаи олим, ин ҳама фақат оғози ноомадиҳо дар зиндагиаш будааст. Дар рӯзномаи он солҳо бонуфузи «Известия» мақолае зери номи «Уроки электронного бума» («Сабақҳои равнақи электронӣ») чоп шуд. Дар он хабар дода мешуд, ки кори сохтани компютерҳои шахсӣ дар Америка бе маъно эътироф шудааст, чунки хароҷоти зиёде талаб мекунад барои оянда ҳам натиҷаи ин кор чандон муассир нест».

Дар баъзе аз гузоришҳое, ки ба КМ ҳизби коммунист аз сӯи иқтисоддонҳои аз сафари Америка баргашта фиристода шудаанд, истифодаи техникаи ҳисоббарор барои идораи соҳаи иқтисод монанд ба як мӯди бемаъно дониста мешуд.

Глушков дар ин робита гуфтааст, ки ин нафарон, ки маълум набуд, чӣ дастуреро иҷро мекунанд ва бар ивазаш чӣ мегиранд, қатъиян зидди рушди соҳаи электроника буданд ва хариди мошинҳои электронӣ – компютерҳоро аз рӯи мӯд ва амали беҳуда маънидод мекарданд. Ба гуфтаи олим, нашри чунин мақолаҳо ва гузоришҳои мухолифон боис шуд, ки раҳбарияти онвақта аз ин кор бардошти манфӣ дошта бошанд ва ба рушди соҳа мухолифат нишон диҳанд.

Ин чиз боис гардид, ки давлат аз сармоягузорӣ барои иҷрои лоиҳаи садҳо системаи иттилоотии Мошинҳои ҳисоби муҳандисӣ даст кашад. Ҳол он ки кор болои ин лоиҳаҳо дар марҳалаи анҷом буд. Мутобиқи нақшае, ки Глушков дошт, истифодаи васеъ аз ин ихтироот дар ояндаи наздик дар кори автоматӣ кардани идораҳои давлат дар бахши роҳбарӣ ба иқтисод истифода кардан самаранок буд. Ба гуфтаи олим, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай барномаи ягонаи системаи марказҳои ҳисоббарорӣ барои коркарди иттилооти иқтисодӣ сохта шуда буд. Шабакаи давлатие, ки ин ҳамаро муттаҳид мекард, қариб 100 марказро дар шаҳр ва ноҳияҳои бузурги саноатӣ дар бар мегирифт.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар Душанбе бинои ин марказ дар гардиши фурӯдгоҳ дар буриши кӯчаи А. Чехов (ҳоло кӯчаи Нисор Муҳаммад) – хиёбони Дӯстии Халқҳо (дар паҳлуи калисои русҳо) сохта шуда, чандин сол фаъолияти босамар мекард.

Мухолифони олим ба хориҷ рафтанд
Ихтироъкори ин шабака, академик Глушков муътақид буд, ки агар он вақт як-ду соли дигар халал намерасонданд, СССР аввалин шуда дар ҷаҳон ба ирсоли номаҳои электронӣ ва ба нақшагирии электронии иқтисод мегузашт.

Намунаи Интернет дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар тирамоҳи соли 1963 омода шуда буд, аммо дар Кремл раҳбарият иваз шуд ва барои раҳбари нав Леонид Брежнев дастовардҳои ин соҳа чандон қобили таваҷҷуҳ набуд.

Сар аз соли 1964 олимони иқтисодшиноси Шӯравӣ ошкоро ба муқобили Глушков ва барномаҳои дар ҳоли нимаиҷрояш баромад карданд. Худи олим ба ёд меорад, ки дере нагузашта пас аз саркӯб гардидани барномаҳояш аксари мухолифонаш СССР-ро тарк карда, ба Америка ва Исроил кӯчиданд.

Ба навиштаи олим, барои тарроҳӣ ва иҷро шудани ин лоиҳа 20 миллиард рубл харҷ мешуд, вале пас аз мавриди истифода қарор гирифтан ба зудӣ ин хароҷотро мепӯшонд. Ба ҳисоби онҳо, бо гузашти панҷ сол аз амалӣ шудан, ин тарҳ ба будҷаи давлат на камтар аз 100 миллиард рубл фоида меовард. Аммо иқтисоддонҳои хоин мақомоти давлатро аз роҳ заданд, коре карданд, ки Николай Косигин, Раиси Шӯрои Вазирони СССР-ро ба иштибоҳ андохтанд ва ӯ монеи идомаи амалӣ намудани ин барнома шуд.

Америкоиҳо бо пешгирӣ аз иҷрои ин барнома дар Иттиҳоди Шӯравӣ худ вақтро беҳуда нагузаронданд.

Дар миёнаҳои соли 1964 олим Ҷозеф Ликлайдер, муттахассиси соҳаи технологияи иттилоотӣ, бори нахуст идеяи таъсиси шабакаи густурдаи компютериро пешниҳод кард.

Ин нахустин иқдом барои ташкили Интернети имрӯза – системаи ARPANET дониста мешавад.

Танҳо маршал Устинов ҳимоят кард
Интернетро СССР сохта буд
Агарчӣ ба ин монанд пешниҳод чандин сол пеш аз ӯ аз сӯи Глушков ва ёронаш шуда буд, аммо мақомоти тасмимгирандаи Шӯравӣ аз танқидҳои мухолифони донишманди рус дар Москва ва Киев ба хато роҳ дода, монеи пешрафти кораш шуданд.

Ин олими Шӯравӣ дар ёддоштҳояш навиштааст: «Пас аз он, ки иҷрои барномаҳои илмии ӯ қатъ шуд, бисёре аз мухолифонаш ба хориҷа фирор карданд ва баъдан ба дастаи ҳамон донишманди америкоӣ ҳамроҳ шуданд.

Тарҳи шабакаи иттилоотии худро Глушков ҳанӯз дар феврали соли 1964 – чанд моҳ пеш аз он ки идеяи барномаи Ликлайдер дар Америка эълон шуд, пешниҳод карда буд. Он вақт дар Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 20 ҳазор навъи маҳсулот истеҳсол мешуд, аммо иқтисоди нақшавӣ, ки буд, бинобар сари вақт нарасидани маълумоти лозим ин ҷо ва он ҷо зуд-зуд камбуди ин ё он навъи маҳсулот ба мушоҳида мерасид.

«Дар сурати мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани МЭҲ (ЭВМ), системаи мутамаркази мудирият, ки дар СССР истифода мешуд, ба сатҳи нав мебаромад ва имкони хубе барои пешгирӣ аз ҳар гуна ноҳинҷориҳои иқтисодию истеҳсолӣ дар ихтиёри давлат қарор мегирифт, ки инро душманони давлат дар хориҷ ва дар дохил намехостанд», - тавзеҳ медиҳад духтари академк Вера Глушкова, корманди калони Институти кибернетикаи АМИ Украина.

Ба гуфтаи ӯ, пойгоҳи маълумоти банкҳо, кор бо кортҳои муштариён, ки имрӯз ҷорӣ шудааст, пораҳое аз он ихтирооти ҳамонвақтаи падараш буда, ки он замон рад мешуд. Ҳанӯз он солҳо вай тағйири системаи банкӣ, ҳисобдорӣ, аз ҷумла ғайринақдӣ пардохт кардани маош, такмили соҳаи иқтисод, нақлиёт ва артишро ҳам пешниҳод карда буд.

Истифодаи ин система дар тамоми соҳаҳо имкон медод, ки аз тариқи ҷамъоварии саривақтии иттилоот, вазъият дар хоҷагии халқ зуд маълум ва барои ислоҳи камбудиҳо варианти беҳтари рушди соҳа интихоб шавад.

Духтари олим инчунин ба ёд меорад, ки падараш доим зери назорати дақиқи Ғарб буд ва камтарин пешрафташ дар системаи автоматӣ кардани мудирияти иқтисоди кишвар боиси ташвиш ва нороҳатии мухолифонаш мешуд. Дарҳол рӯзномаҳои ғарбӣ пайи ҳам мақолаҳои манфӣ чоп мекарданд. Мақомот бар асоси мақолаҳои матбуоти хориҷӣ ҳатто боре фаъолияти ӯро таҳдиде ба амнияти кишвар донистанд Аммо дар ҳамин лаҳзаи ҳасос вазири мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Устинов аз кори академик ҳимоят кард: ӯ барои истифодаи системаи назорати автоматӣ дар корхонаҳои ин соҳа иҷозат дод. Ин иқдом ба олим рӯҳи тоза бахшид, зеро бахше аз корҳояш, ки дар амал истифода мешуд, натиҷаи мусбат медод.

Дар ҳолномаи Глушков омадааст, ки ӯ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, яке аз баландтарин мукофотҳои Шӯравӣ, вакили Шӯрои Олии Итиҳоди Шӯравӣ, узви КМ ҳизби коммунисти Украина ва муддати 20 сол ноиби президенти АИ Украина буд, аммо бо вӯҷуди ин ҳама ҷойгова мақоми баланд то ба охир натавонистааст, ихтирои асосии худро ба таври пурра амалӣ кунад.

Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки пешрафти соҳаи низомии Русияи имрӯз ба ҳамон заминаҳои илмии ихтирооти ин олиму ҳаммаслаконаш рабт мегирад. Зеро ин кишвар ба унвони вориси Иттиҳоди Шӯравӣ пойгоҳи илмии соҳаро ҳифз карда, бо истифода аз он барномаҳои тозаеро бо таваҷҷуҳ ба заруратҳои вақт таҳия ва ба иҷро мерасонад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: