«Ақл набошад ҷон дар азоб…»25-04-2019, 10:57
Хабарро хонданд: 1250 нафар
Назарҳо: 0
Таи солҳои охир пойтахти мамлакатамон шахри Душанбе фарогири ранг ва намуди нав шуда истодааст. Гулгашту хиёбонҳои зебо, биноҳои баландошёнаи замонавӣ сохташуда, боғу фаввораҳои назаррабо ба ҳусну қубҳи шаҳрамон ҳашамати иловагӣ зам мекунанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз шаҳрдоронамон баҳри ободу зебо намудани пойтахтамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Пойтахтамон ободу зебо шуда истодааст, аммо мутаассифона иддае аз шаҳрвандонамон аз маданияти шаҳрдорӣ фарсахҳо дуранд ва бо рафтору кирдори ношоистаи худ ҳусну кубҳи шаҳрро доғдор мекунанд. Албатта ибораи маданияти шаҳрдорӣ мазмуни ниҳоят васеъ дорад ва атрофи ин мавзуъ суҳбат оростан вақти зиёдро тақозо дорад, аммо ман мехохам атрофи якчанд дидаҳои худ атрофи мавзӯи шаҳрдорӣ андеша баён намоям. Чанд рӯз пештарҳамроҳи дӯстам дар боғи марказии шаҳр, гӯшае нишаста суҳбат мекардем. Аз мо начандон дуртар ду нафар зани сиёҳҷурдаи лӯлимонанд, киҳамроҳ кӯдаки тақрибан 4-5 сола доштанд болои сабза нишаста самбӯса мехурданд. Кӯдаки ҳамроҳашон буда гоҳ-гоҳе ба ҳар самт давида сабзаҳоро помол мекард.Ин манзара бароям нанговар намуд ва тоқат накарда наздашон рафта фаҳмондам, ки ин ҷо боғи истироҳатҳаст,дар рӯи сабза хӯрок хурдану помол кардани он аз рӯи одоб нест. Нафаре аз он занҳо аз ҷояш хеста синчакорона ба ман нигариста пурсид: -Шумо кӣҳастед? - Ман раҳгузар, дар ҳамин боғ истироҳат дорам-гуфтам. -Ҳа, агар раҳгузар бошед ба роҳатон рафтан гиред, мо ба шумо халал намерасонем-ку… Дарк кардам, ки ин зан шаттоҳ аст ва насиҳати ман ба гӯшаш намерасад, ба худ хомуширо авло дониста аз ӯ дур шудам… Ана маданияти шаҳрдорӣ, куҷост ақл, фаросат, заковат ва нигоҳи солими одамӣ?Ҳамаи ин аз беэътиноии мо ба атроф, табиат ва беэҳтиромиямон дарак медиҳад. Аслан, одами солимақлбояддорои заковату фаросати хуб бошад ва зебоиро дӯст дорад. Танҳо инсоне зебоиро дӯст намедорад, ки бадкину бадкирдор ва назари ниҳоят паст дорад. Дар ҷои дигар, бубинед пулчинакҳои (контролёр) микроавтобусҳои шаҳрӣ на маданияти либоспӯшӣ доранду на фаросати гапзанӣ, ҳатто иддае аз онҳо се чор рӯз ришашонро наметарошанд. Ҳол он, ки ҳар рӯз бо мусофирон, шаҳрвандони дохилию хориҷӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Кас аз он ҳайрон мешавад, ки чунин авбошсуратони бефаросатро кӣ ба кор қабул кардааст? Мутасаддиёни соҳа андеша намекунанд, ки чунин кормандонашон обу рӯ ва нуфузи моро паст мезананд ва ҳар рӯз даҳҳо нафар мусофиронро меранҷонанд. Имрӯз микроавтобусҳои мусофиркаш бозореро мемонанд, ки маҳсулоти фурӯшӣ надошта тарғибот доранд. Ҳар субҳҳангоми ба кор омадан ба гӯшамон овози пулчинакҳои микроавтобусҳои мусофирбар мерасад, ки тӯтивор «бозори Корвон, Сирк, Ашан, гипрозем, Ҷал Ҷам, Садбарг» гуфта одамонро ба нишастан муроот мекунанд.Баъзан дар истгоҳ мунтазири омадани микроавтобуси хатсайри даркориатон ҳастед, аммо дар наздатон мусофиркаши хатсайри дигаре истода аз дохилаш шуморо илтимос мекунад, ки дар мошинаш шинед:«Ака, Корвон мерай,шинен, мошини холӣ…». Кас аз он ҳайрон мешавад, ки дар зоҳир ба инсони камақл монанд нестед ва куҷо рафтанашро медонед, аммо ин ҷавонаке, ки шояд базӯр мактабро тамом кардааст ва ё ба итмом нарасондааст бефаросатона нисбататҳамчун «инсони беақл» муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ мо пешниҳод мекунем, ки тамоми пулчинакҳои микроавтубсҳои мусофиркаши шаҳрӣбояд ҷисману руҳан солим бошанд. Баъдан, тарзи либоспушии онҳо мувофиқ ба талаботи замона бояд бошад.Инчунин, одоби сухан гуфтанро омӯзанд. Хеле хуб аст, ки имрӯз кортҳои нақлиёти дар автобусҳо ва тролейбусҳои шаҳрӣ истифода бурда мешаванд. Хизматрасонӣ агар аз як тараф ба мусофирон хуб шуда бошад, аз ҷониби дигар кори ронандаҳоро осон кардааст. Хуб мебуд, ки чунин кортҳо дар тамоми нақлиёти мусофиркашӣ шаҳрӣ истифода бурда мешуд. Т. Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.