Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҒАЙБ ЗАДАНИ ПУЛ АЗ КОРТИ АВТОБУСӢ

ҒАЙБ ЗАДАНИ ПУЛ АЗ КОРТИ АВТОБУСӢ

13-03-2019, 21:57
Хабарро хонданд: 9 нафар
Назарҳо: 0
ҒАЙБ ЗАДАНИ ПУЛ АЗ КОРТИ АВТОБУСӢ
Таи як чанд соли охир, бахусус баробари таъин шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси шарҳи Душанбе, зина ба зина мушкилоти иҷтимоӣ дар пойтахт бартараф мегардад. Яке аз мушкилоти ҷомеаи пойтахт, ин норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва мавҷуд будани нофаҳмиҳои зиёд дар хатсайрҳо ҳисобида мешуд. Бо ворид гардидани автобус ва троллейбусҳо, инчунин ташкили якчанд хатсайрҳои нав ба ҳадде ин проблема дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад.
Дар яке аз рўзҳои аввали моҳи феврал хостам бидуни нақлиёти шахсӣ ба коргоҳ ҳозир шавам. Дар истгоҳи ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рўдакӣ тўли ним соат интизори нақлиёти ҷамъиятӣ нишастам, аммо хоста ҳосил нагардид. Баъд аз интизориҳои зиёд сабукраве омад ва бо арзиши 3 сомонӣ ба микрораёни 46-уми шаҳри Душанбе бурда расонид. Бо сабаби фаромўш шудани корти автобусӣ тасмим гирифтам тавассути микроавтобуси №2 сафарро идома диҳам ва то ба микрорайони 65-уми кўчаи маъруф бо номи “Мардон”, ки тақрибан 2 истгоҳ роҳ буд, қадам задам. Дар хиёбони мазкур низ зиёд интизорӣ кашидам, билохира микроавтобуси №2 омад ва бо ишора дар наздам қарор гирифт. Нақлиёт агарчи пур аз мусофир буд, аммо ноилоҷ савори он шудам.
Ронанда бо он ҳама мусофирони дошта қаноат намекард ва роҳ ба роҳ одам мегирифт. Ба назар чунин менамуд, ки дигар дар дохили он ҳатто нафаскашӣ мушкил мешуд. Пулчинаки нақлиёт ба ин нигоҳ накарда, ҳамоно одамонро барои гузаштан ба қисми қафои мусофирбар амр медод ва боз мусофирони дар берун бударо барои нишастан таклиф мекард. Баъд аз он, ки дигар ҷой барои ғунҷоиши одам намонд, ба ронанда гуфт: “Дигар ҷой нест, метони бҷиқиш”. Аз дохили нақлиёт зани миёнасоле хоҳиши фаромадан намуда гуфт: “Додарҷон, дар ягон ҷо истед”.
Пулчинак бо авози дағал гуфт: “Дар байни раҳ бестем, апа?”.
Зан: “Додар ман нагуфтам дар ҳамин ҷо нигоҳ доред, гуфтам дар ягон ҷой истед, имкон, ки шуд”.
Пулчин: “Э апа сара вайрон накун тоқат кун, меистем ягон ҷода”.
Зан оҳи дилхароше аз умқи вуҷуд баровард ва гуфт: “Ин чӣ тартиби гапзанӣ, намедонам падару модарон ба ин гуна фарзандон чи гуна таълим дода бошанд?”.
Бо ин ҳол ростӣ, ки дар таассуф афтодам ва ба нафари дар паҳлуям буда аз зарурати умуман аз шаҳр берун кардани ҳамин микроавтобусҳо ва ҷорӣ гардидани афтобусҳо, ки бо ҳамингуна кондукторони бетарбия рў ба рў назанем, гап кушодам.
Нафари дар паҳлуям буда: “Ака ҳақоратмон ҳам кунанд, бигузор ҳаминҳо фаъолият баранд. Ба корти автобусиам 10 сомонӣ пул партофта, ҳамагӣ 3 маротиба истифодааш кардам, пулаш тамом шуд, ин дар ҳоле, ки нархи роҳкиро дар автобус 1, 20 дирам аст”.
Ин гуфтаи ҳамсафарам маро ба тааҷҷуб овард. Воқеан ҳам, аз нафарони дигар ҳам вобаста ба нест шудани пул дар кортҳои автобусӣ шикоятҳо шунида будам, аммо гумон мекардам, ки овозае беш нест. Бо мақсади ошкори ҳақиқат пайгири ин мавзўъ шудам.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки Созишномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҶДММ “Авесто гурўҳ” дар самти татбиқи лоиҳаи пардохти ғайринақдӣ дар автобус ва троллебусҳои мусофиркашонии пойтахти мамлакат ва гузаштан ба системаи кортӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳанўз моҳи феврали соли 2018 ба имзо расидааст.
Ҷиҳати рўшан намудани мушкили дар боло зикршуда ба коргоҳи мазкур муроҷиат кардем. Зафар Бурҳонзода, директори ширкати ҶДММ “Авесто гурўҳ” дар суҳбат бо мо нахуст аз фаъолияти коргоҳ ёдовар шуда, гуфт: “Имрўз зиёда аз 240 ҳазор кортҳои гуногуни автобусӣ аз қабили “хуш омадед”, “эҳтиром”, “ройгон”, “наврас”, “тахфифӣ” дастраси сокинон мебошад. Дар рўзҳои аввали фаъолият мо мушкилии зиёд доштем, ки он ҳам дар самти барномасозӣ буд. Аммо хушбахтона, он ҳама костагиҳо бартараф шудааст. Вобаста ба мушкилоти дарҷгардида метавон гуфт, ки нодуруст истифода кардани корт дар терминалҳо боиси нофаҳмиҳо мегардад. Ноаён ғайб задани пул аз кортҳои автобусӣ умуман ғайриимкон аст, чун система электронӣ аст ва гирифтани маблағи ғайримақсаднок аз корт на аз лиҳози техникӣ имкон дорад, на аз лиҳози барномасозӣ”.
Барномасозон ва мутахассисони соҳа низ бар он назаранд, ки ғайб задани пул аз корт наметавонад ҳақиқат дошта бошад. Вале ҳароина гумон аст, ки мардум бидуни асос ин баҳсро ба миён кашанд.
Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамарўза сайёҳони хориҷӣ меҳмони пойтахти мамлакат мегарданд, пас бо ин усули ҷоришуда хориҷиён чӣ гуна метавонанд аз автобус ва троллейбусҳои ҷамъиятӣ истифода кунанд? Ин ҳам дар ҳолест, ки рафтуомади сокинони дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе талаби рўз буда, дар бештари ҳолат онҳо низ наметавонанд барои як - ду рўзи дар пойтахт қарордоштанашон корт харидорӣ кунанд. Ин масъалаи дигаре буд, ки аз Зафар Бурҳонзода суол кардем: - Албатта, мо ин масъаларо низ ба назар гирифтаем. Дар доираи лоиҳа тасмим гирифта шудааст, ки дар баробари кортҳои пластикӣ, ҳамзамон аз телефон, “кюар-корт” ва корти яккарата сокинон истифода намоянд. Имрўз дар баробари корти пластикӣ пардохти ҳаққи роҳкиро тавассути телефон низ ҷорӣ гардида, дар муддати начандон тулонӣ корти яккарата низ роҳандозӣ хоҳад гардид;-гуфт ў.
Воқеан, то куҷо ҳақиқат доштани ғайбзании пул аз кортҳои пластикии автобусӣ муаммои норавшан боқӣ хоҳад монд, аммо бо сабаби навташкил будани лоиҳаи зикршуда, мушкилӣ дар доираи он ҳамоно мавҷуд аст, ки дар нуқтаҳои муайян ва хос ба фурўш гузошта нашудани ин кортҳо аз зумраи он мебошад. Гумон мекунем, хуб мебуд, агар дар нуқтаҳои фурўши истгоҳҳои навсохт ва киоскҳо фурўши кортҳои автобусӣ ба муомилот гузошта шаванд.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: