Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бетарафӣ худфиребӣ аст

Бетарафӣ худфиребӣ аст

3-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 382 нафар
Назарҳо: 0
Бетарафӣ худфиребӣ астАслан ин як муроҷиати шаҳрванди одӣ ҳаст ба ҳамаи соҳаҳое, ки дар умури шаҳрдорӣ ва низоми хоси пойтахти Ватани азизи мо масъулият доранд.

Чанд рӯзи рухсатиро дар пойтахти ободу зебо бо сайру гашт гузарондам. Аз он ки пойтахти Ватани мо - Душанбе бо суръати баланд ободу комилан дигаргун шуда, симои он мисли дигар шаҳрҳои муосири дунё замонавӣ мешавад, хурсанд шудам. Офарин ба ва ба хусус ба роҳбарияти олии кишвар, ба Президенти мамлакат, ки барои ободонии тамоми мамлакат ва пойтахти он, бо эҳсоси баланди ватанпарастӣ, кӯшишу талоши ҳамешагӣ зоҳир мекунанд. Ва ин ҳар яки моро, чун сокини кишвар вазифадор месозад, ки дар ободонии кишвар, ба хусус пойтахти он, ки ойинаи номуси ватандории мо мебошад, ба қадри тавони худ сахми фардӣ дошта бошем. Биноан ҳар каму костеро, ки дар пойтахти худ, ки ҳамзамон марказу хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё низ мебошад, дучор меоем, нисбати он набояд бетараф бошем. Камина ҳам мисли дигарон як- ду мушоҳидаҳоямро, ки ба назарам ба низоми шаҳрдории мо, ба шаҳри мисли боғ сарсабзамон Душанбе то сатҳе халал эҷод мекунанд, бо дигарон дар миён гузорам.

Чизи аввале, ки ба чашми ҳар мехмони пойтахт мехӯрад, ин савдогарони сари роҳҳо, назди биноҳо, истгоҳҳо, ки на ба низому тартиботи шаҳрдорӣ мутобиқат дорад ва на ба фарҳанги тиҷорат ва умуман фарҳанги шаҳрӣ. Ҳатто дар кӯчаҳои марказӣ, дар сари роҳҳои пиёдагард ҳам ин гуна бозорҳоро дидан мумкин аст. Ба хусус, аз самти бинои ,,Садбарг,, то истгоҳи ,,Роҳи оҳан, роҳи пиёдагарди самти ,,Бозори сабз,, - Шоҳмансур, дар даромадгоҳи терминали марказӣ, сари роҳи даромадгоҳҳои бозори Корвон, микрорайонҳои шаҳр ва маҳалҳои дигари серодам, савдогарони кӯчагиро, бо ҳар гуна либоси хонагӣ ва варзишӣ, ки аслан ба фарҳанги сокини шаҳрӣ созгор намебошад, дучор шудан мумкин аст, ки аз дидани он табъи кас хира мешавад.

Аслан тарзи либоспӯшии мо, -яъне бо ҷома, хилъати хона, либоси варзишӣ дар маркази шаҳр гашту гузор кардан, ки нишони эҳтиром нисбат ба худу дигарон мебошад, мавзӯи ҷиддитар ва ҷудогона аст, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи сохторҳои марбутаи ҷомеа қарор гирад. Зеро сокини шаҳр қабл аз ҳама намунаи ибрати фарҳанги шаҳрӣ барои тамоми сокинони кишвар мебошад ва масъулияти баландтари сокини пойтахтро низ ба дӯш дорад. Аммо дар карни 21, дар сари рох фурӯхтани нон ва дигар маводи ғизоӣ, ки ба ягон талаботи оддитарини санитарӣ ва ҳам фарҳанги тиҷорат ҷавобгӯ намебошад, ҳатто ба нафъи эътибори пойтахти мамлакат намебошад.

Милисаҳо вақт бар пайдо мешаванду савдогаронро гӯё касе хабар карда бошад, ки чолокона бӯғчаҳояшонро баста, дар канори роҳ интизор мешаванд, ки кай аз пешашон гузашта мераванд. Савдогарон маслиҳат мекарда бошанд, ё бо онҳо забон меёфта бошанд, маълум нест. Аммо ҳар рақаме, ки бошад, пас аз чанд лаҳза, боз ба ҷойҳои аввалаашон баргашта, нисфи роҳи пиёдагардро боз ишғол мекунанд. Бадтараш он аст, моли худро рӯи замин, дар мобайни роҳҳои пиёдагард монда, сари роҳҳои пиёдагардро забт мекунанд, вале касе аксуламал нишон намедиҳад, гӯё ки чунин ҳолат меъёр бошад. Иддае иддао мекунанд, ки инҳо барои рӯзгорашон нон пайдо мекунанд. Шояд барои як теъдоди ками онҳо то сатҳе чунин зарурат қобили дарк бошад ҳам, аксарашон ҳушёртару чолоктаранд, зеро дар он ҷойҳо на барои ҷой ва на барои чизи дигар муфт пул кор мекунанд. Аммо бояд ҳар гуна ,,заруратҳо,, низ бояд дар доираи як низоми шаҳрдорӣ ва умуман низоми давлатӣ бошад. Таври мисол ин кор бояд лоақал дар дӯконҳо сурат гирад ва ё аз кӯчаҳои асосӣ дуртар рафта, дар даруни бозорҳо ё ҷойҳои ҷудогонаи дигар пул кор кунанд.

Вале ташвишовараш ин аст, ки дар байни чунин ,,савдогарони камбизоат,, чаллобони фиребгар бо ,,маҳсулоти махсуси худ,, пайдо мешаванд. Яке аз чунин намуна лотореяи қочоқӣ- спринт-лото ба номи ,,Шукрона,, аст, ки онро дар тӯли чанд рӯз, дар сари роҳи пиёдагарди байни микрорайонҳои 82 ва 102 мушоҳида кардам. Ҳарчанд кӯшидам, ба он сарфаҳм нарафтам. На соҳибаш маълум ва на ташкилкунандаи он ва на қойидаи қонунии бозиаш. Агар кӯтоҳ гӯем, он як навъ фиреби бешармона дар рӯзи равшан ва ба чашми мардуми сода хок пошидан, аблаҳу аҳмақ кардан аст, на чизи дигар. Аммо бояд эътироф кард, ки ҳар касе чунин тарзи пулситониро, фиребро тарҳрезӣ карда бошад, хело фиреби ба дарачаи баланд эҷод кардаст, ки дар назари аввал онро пай бурдан ҳам осон нест. Дар назди мизи хурд ду- се ҷавонак меистанд, дутояшон канортар рафта вазъиятро назорату дар мавриди зарурӣ сарпарастӣ мекунанд. Яке гӯё, қойидаи, бозиро чолокона мефаҳмонад, ки дар асл ҳеҷ чиз фаҳмида намешавад. Онҳо байни худ бо мимикаи қаблан коркардашуда (имову ишораи ба дигарон ноаён) гап мезананд ва бештар ба ӯзбекӣ ҳам суҳбат мекунанд. Аммо бояд эътироф кард, ки ин ҷавонҳои чолок, малакаи фиребу гӯл задани мардумро дар ҳар куҷое, ки бошад, ба дараҷаи хеле баланд аз худ кардаанд. Дар гирду атроф, нафарони худӣ, бо сенарияи қаблан кор кардашуда, раҳгузарони содатарро гӯё, ки мешинохта бошанд, бо ҳар роҳ, ба бозии гуё ду каса (фиреби рақами 1, зеро бозингари 1 нафари худӣ аст) ҷалб мекунанд ва пули бурида ба дасти худихо рафта пас тақсим мешавад. Бале, чунон чолокона мардумро гипноз мекунанд, ки кас дар ҳайрат мемонад. Агар касе аз чунин қойда, норозигӣ баён кунад, ҳама балегӯйҳо ҷамъ шуда бо садои баланд бойдодаро ба ноҳақӣ ва номардӣ ҳам маломат мекунанд (ба гуфти онҳо марди ҳақиқӣ он аст, ки бой дода метавонад. Барои маломат занони фурӯшандаро низ қаблан ба дифои худ омода кардаанд. Ва чунин ҳуҷуми забон як кардаро на ҳар асаб тоқати бардошт дорад ва одамон ба умеди бурде, ки аслан дар нақшаи ин лотореяи дурӯғин, ки воқеан қимори оддист, намебошад, маблағҳои ҳалолашонро аз даст медиҳанд.

Агар касе ин қабил корҳоро қобили таваҷҷуҳ ва ҷиддӣ нагирад ва онро ,,майда чуйдаи,, зиндагӣ номиданӣ шавад, ба назари мо, чунин кирдорҳо оғози хатар ва зарба ба эътимод дар ҷомеа аст, билохира ба буҷети давлат аст, зеро берун аз андозу ҳар пардохти вобаста ба ташкили чунин бозиҳо, мустақиман ба ҷайби ҷаллобон меравад. Ташкили лоторея дар салоҳияти сирф сохторҳои давлатии молиявӣ буда, ҳатто сохторҳои дигари давлатӣ, низ бидуни иҷозати расмӣ ва сабт чунин ҳуқуқро надорад. Дар замоне, ки буҷети кишвар, дар асари буҳрони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дучори мушкилоту маҳдудиятҳо гардидааст, чунин амалҳо, яъне бо роҳи қоҷоқи лоторея ташкил кардану, маблағро берун аз доираи буҷети давлат аз худ кардан, ҷинояти ҷидии иқтисодӣ мебошад, ки бояд ва ҳатман пешгирӣ шавад. Ва ин корро бояд қабл аз ҳама масъулони мустақими маҳалҳои шаҳр, мақомоти дигари дахлдори шаҳрдорӣ ҷилавгирӣ кунанд, дар муқобилашон чораҳои қатъӣ андешанд.

Аммо чун шаҳрванд, тааҷҷубу таассуфи ман дар он аст, ки чи тавр садҳо шаҳрвандони дар ҷомеа мақоми гуногун дошта, аз байни ин қабил ,,бозорҳои сари кӯча»-ву чолокони фиребгари халқу давлат гузашта, ба он бетарафӣ зоҳир мекунанд, аз зарбаи он ба буҷет ва эътибори сохторҳои маҳалии шаҳрдорӣ ташвише зоҳир намекунанд. Шахсан камина ин қабил падидаҳои ночизро, чун нишони сатҳи эҳтироми иддае аз мо, қабл аз ҳама нисбати ба худ, шаҳри худ ва билохира ба Ватани худ медонам ва аз сатҳи чунин беғаразиву бетарафӣ, назарногириҳо, ки ниҳоят ба бетарафиҳову худфиребиҳои бузург анҷом ёфта метавонанд , бештар афсӯс мехурам.
Имомназар Ҳақназар, ҷомеашинос
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: