Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

МАРДИ ПОРСО

1-12-2017, 09:53
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Андрейс Мамикинс, вакили Парлумони Аврупо аз Ҷумҳурии Латвия
Ин лаҳзаҳо эҳсос намудам, ки дар наздам на Президент, на Сарвари як давлати бузург, балки волотарин инсони давр, қалби ниҳоят ҳассосу нигоҳи заминдошта, нишастааст…
Ҳангоме, ки вориди пойтахти Тоҷикистон, шаҳри зебоманзари Душанбе шудам, ба назарам чунин расид, ки он боғшахри зебо ва дилкаше шудааст. Биноҳои нави замонавӣ, хосатан бо меъмории шарқиёна сохташуда, кӯчаю гулгаштҳо ва мардумони боиффату зебояш таваҷҷуҳи маро боз ҳам бештар ба худ ҷалб карданд. Дарвоқеъ, бори дуюм аст, ки ман ба ин сарзамини афсонавӣ сафар мекунам ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсуҳбат мешавам.
Мувофиқи нишондоди протоколи тасдиқшуда мебоист 40 дақиқа бо Президенти Тоҷикистон суҳбат мекардам, аммо бархилофи протоколи тасдиқшуда суҳбати мо ду соат идома ёфт.
Ҳар боре, ки бо ин бузургмарди давр ҳамсуҳбат мешавам, эҳсос мекунам, ки нигоҳи баланд, дили ниҳоят нарм доранд ва дар ниҳодашон самимияти бузурге ниҳон аст.
Қабл аз оғози суҳбат ӯ харитаи ҷуғрофии минтақаро овард ва иброз дошт, ки Тоҷикистон зарфият (потенсиал)-и бузурги иқтисодӣ дорад ва дар байни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзеи ниҳоят хубе ҷойгир шудааст. Бо чор давлат ҳамсоя ва ҳамсарҳад аст, аммо, мутаассифона, монеаҳое ҳастанд, ки намегузоранд ин зарфияти доштаамонро истифода барем.
...Инак, Тоҷикистон давлати аз лиҳози сарватҳои табиӣ ғанӣ буда, дорои захираҳои зиёди ашёи хом, канданиҳои маъданӣ-куҳӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ аст, аммо наметавонад он ҳама дороии худро ба бозори байналмилалӣ барорад. Зеро монеаҳое мавҷуданд, ки садди роҳаш мешаванд ва намугузоранд дар ҷодаи тиҷорати хориҷӣ ба таври пурра комёб гардад.
Роҳи аз ҳама осони ба бозори байналмилалӣ дастрасӣ пайдо намудан барои Тоҷикистон тавассути Афғонистон баромадан ба бандари Карочии Покистон аст, ки тақрибан 1400 километрро ташкил медиҳад. Ба уқёнуси Ҳинд баромадан метавонад дар ҷодаи иқтисодии Тоҷикистон манфиати калон орад, аммо, мутаассифона, ҷангҳои дохилии Афғонистон ба ин халал мерасонад. Агар аз як тараф, толибон сабабгори ин ҳама нобасомониҳои Афғонистон бошанд, аз ҷониби дигар хомӯш шудани ин ҷангро мамлакатҳои абарқудрат намехоҳанд ва гӯё то ҳанӯз онҳо аз Иттиҳоди Шӯравии кайҳо аз байн рафта қасд мегиранд.
Нооромӣ ва нобасомониҳо дар Афғонистон ва давлатҳои Шарқи Наздик идома доранд ва мамлакатҳои неруманд мекӯшанд барои боз ҳам ғанӣ гардидани иктисодиёташон ба ин давлатҳо силоҳ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ фурӯшанд. Бубинед, силоҳбадастони ҷангҳои дохилӣ бештар ба аслиҳаҳое мусаллаҳ гаштаанд, ки дар Чин ва ё дар Амрико сохта шудаанд.
Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз иддае аз мамлакатҳои ҷаҳонро сиёсати тақаллубомезу манфиатхоҳ фарогир шудааст.
Дигар масъалае, ки имрӯз ҳамчун доғи рӯз дониста мешавад, исломгароӣ мебошад. Пӯшида нест, гурӯҳе аз ҷавонон фирефтаи дину мазҳаб шуда, ба гурӯҳҳои мухталифи реаксионӣ мепайванданд ва дар ноором сохтани ҷомеа саҳмгузор мешаванд. Бубинед, дар замони Шӯравӣ коммунистон гӯё намегузоштанд, ки мардум озодона тоату ибодат кунад, аммо ҳамаи ин “гӯё” буд. Имрӯз аён гаштааст, ки коммунистон дар замони худ дини исломро ҳамчун воситаи бузурги ахлоқӣ истифода мебурдаанд, зеро ислом худ ахлоқи бузург аст ва пояҳои баланди ахлоқӣ дорад, аммо айни ҳол ин маъниро исломгароёни мазҳабӣ аз байн бурда, ба манфиати худ истифода мебаранд.
Дигар мавзӯе, ки фарогири суҳбати мо гардид, ин аз байн бурдани камбизотӣ буд. Мувофиқи нақшаи пешбинишудаи стратегии Тоҷикистон, бояд масъалаи камбизоатӣ то соли 2030 пурра аз байн бурда шавад. Агар дар солҳои навадум қариб 64 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар дараҷаи пасти зиндагӣ қарор дошта бошад, айни хол ин шумора 30 фоизро ташкил медиҳад.
Сол то сол рӯ ба беҳбудӣ овардани зиндагии мардуми тоҷик мавриди назар аст ва ҳамаи ин аз кордонӣ ва тафаккури баланди Сарвари давлати тоҷикон дарак медиҳад.
Чанд сол пештар мо дар Тоҷикистон нарасидани неруи барқро медидем, аммо имрӯз ин мушкилот роҳи халли худро пайдо кардааст. Феълан тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо неруи барқ таъмин гаштаанд.
Дар охири суҳбат ман аз Сарвари давлати тоҷикон пурсидам:
- Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳангоми ба Россия сафар доштанаш ба Президенти Россия Владимир Путин сагчае туҳфа намуд. Ҳангоми ба Тоҷикистон ташриф оварданаш ба шумо чӣ туҳфае овард?
-Ба ман туҳфа наовард,- посух медиҳад ӯ ва табассуми малеҳе мекунад.
Ин лаҳза ба чеҳраи нуронияш синчакорона нигариста, бо меҳр аз ҷайбам тангаи кадимаи латиширо, ки он ба муносибати мавлуди Райнис Аспазӣ сикка шуда буд, ба Ҷаноби Олӣ дароз кардам. Гарчанде медонистам, ки мувофики протоколи пешакӣ тасдиқшуда ба Президент туҳфа додан мамнуъ аст. Аммо ғайричашмдошти ман туҳфаи маро Раҳбари давлати тоҷикон бо хушнудӣ қабул кард ва дар бораи мардуми латиш ва давлати Латвия суханони нек гуфт. Ин ҷо бориди дигар дарк кардам, ки то кадом андоза дар дили ин марди порсо самимият, фурутаниву хоксорӣ маҳфуз аст.
То ин дам ба ҳам ба воситаи тарҷумон суҳбат мекардем, вале ба нохост Президент бо лафзи русӣ ба сухан гуфтан пардохт ва қиёфааш андаке дигаргун шуд:
-Имсол рӯзи мавлудам бароям гаронӣ овард, бародарро аз даст додам. Ӯ аз бародар ҳам зиёдтар бароям азиз буд, зеро дар замони тангии зиндагӣ бо ҳам будем. Ҳамагӣ чанд соат пеш аз маргаш бо ҳам нишаста будем ва ӯ аз пешам рафту дигар барнагашт, -ва оҳи сарде мекашад.
Ин лаҳзаҳо эҳсос намудам, ки дар наздам на Президент, на Сарвари як давлат, балки волотарин инсони давр, қалби ниҳоят ҳассосу нигоҳи заминӣ дошта нишастааст…
Дар охир бояд иброз намоям, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати чори субҳ аз хоб хеста, соати шаш ба кор оғоз мекунад ва тамоми вазирон инро медонанд ва ба ӯ пайравӣ мекунанд. Ин аст яке аз рисолатҳои наҷиби Эмомалӣ Раҳмон...
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: