Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » “Душанбенақлиётхадамотрасон” : мушкили нақлиёт аз бефарҳангии мусофирон аст!

“Душанбенақлиётхадамотрасон” : мушкили нақлиёт аз бефарҳангии мусофирон аст!

2-01-2019, 14:42
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони пойтахт бошанд мегӯянд, нархро баланд бардоштед, акнун мушкилоти моро ҳал намоед
Интизор мерафт пас аз тағйиротҳои вориднамуда дар низоми нақлиёти мусофиркашонии пойтахт мушкилот дар ин бахш коҳиш ёбад. Аммо сару садои сокинони Душанбе тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз онанд, ки мушкил ҳамоно побарҷост ва дар бархе ҳолатҳо афзоиш ёфтааст.
“Душанбенақлиётхадамотрасон” : мушкили нақлиёт аз бефарҳангии мусофирон аст!Интизор мерафт пас аз тағйиротҳои вориднамуда дар низоми нақлиёти мусофиркашонии пойтахт мушкилот дар ин бахш коҳиш ёбад. Аммо сару садои сокинони Душанбе тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз онанд, ки мушкил ҳамоно побарҷост ва дар бархе ҳолатҳо афзоиш ёфтааст.
Ин њам дар њоле, ки аз 1 марти соли равон тибќи як қарори шањрдорї пардохти рањкиро барои як мусофир тавассути наќлиётњои љамъиятӣ 1 сомониву 60 дирам муқаррар гардид. Агар пештар мусофирон то нисфи хатсайр 80 дирам ва то охири он 1 сомониву 60 дирам пардохт мекарданд, пас аз қарори нави шаҳрдорӣ новобаста аз масофа онҳо бояд 1 сомониву 60 дирам пардозанд. Ин қарори шаҳрдорӣ дар ибтидо боиси норозигии мардум ҳам гардид, аммо масъулин дар посух мегуфтанд, ки бо гирифтани 1 сомониву 60 дирам ронандаи мусофиркашҳо муваззаф мешаванд, ки аз гирифтани мусофирони барзиёд худдорӣ намоянд ва бо ҳамин роҳати мусофиронро таъмин менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тартиб муддати кӯтоҳе риоят гардид, вале пас аз он акнун ин меъёр “фаромӯш” шуд: ҳоло мусофиркашҳо барои як истгоҳ низ 1 сомониву 60 дирам мегиранд ва ҳам анбӯҳи зиёди мардумро бор мекунанд. Бар илова, сокинон шикоят аз он доранд, ки хоса саҳар ва бегоҳ норасоии ҷиддии нақлиёти мусофиркашониро эҳсос мекунанд.
Гулрў Азимова аз зумраи мусофироне аст, ки мегӯяд њар субњ тахминан 1 соат вақти худро дар интизори наќлиёт сарф мекунад:
- Ман бештар аз мусофиркашҳои хатсайри №13 ва №2 истифода менамоям. Мошинњои мусофиркаши ин хатсайрњо чунон пур мешаванд, ки ба ќавле дар салон сўзан партоӣ, ба замин намеафтад. Њоло фасли сармо аст ва мардум лифбоси ѓафс ба бар доранд. Ин боиси гирифтани љойњои изофї дар наќлиётњо мегардад. Аммо мусофирон маљбуранд, ки ба хотири дуру дароз интизор нашудану ба дарсу кор дер накардан, ба онњо савор шаванд.
Аммо кормандони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенаќлиёт-хидматрасон» зимни суњбат бо мо гуфтанд, ки масъала танњо дар таъмини наќлиёт ва назорат аз болои онњо нест. “Бефарњангии бисёре аз сокинони пойтахт низ боис шудаст, ки мушкил боқӣ монад. Агар онњо бинанд, ки наќлиёт пур асту дигар љойи нишаст надорад, барои чӣ савор мешаванд? Вазифаи мо таъмини наќлиёт аст, на тарбияи мусофирон”,-мегўянд онњо.
Дар ҳамин ҳол, мардум шикоят аз он доранд, ки масъулини бахши нақлиёти пойтахт фаъолияти сариваќтии омадурафти нақлиётро танњо дар кӯчаҳои марказии шањр таъмин кардаанду халос Дар хатсайрҳои дигар мушкил ҳамоно боқӣ мондааст.
- Ман њайрон мешавам, охир чаро бояд мардум ќонунро риоя кунаду масъулин уњдадориашонро не? Рањкироро аз 1 сомонї ба 1,60 боло бурданд, мардум розї шуд ку, гарчанде ки дар аввал бисёр ваќтњо байни ронандагон ва мусофирон нофањмої рух медод. Аммо ваъдаи маъсулин ва уњдадории ронандагон чаро амалї нашуд? Чаро њоло мебахшеду касе “аз ранги пода бор кардани мардум њарфе намегўяд” ва нисбати ронандагон этирозе намекунад? Чаро њуќуќи мусофирон риоя намешавад, дар њоле, ки онњо уњдадорињояшонро иљро мекунанд? Ин масъулият бар дўши кист? - бо садои баланд шикоят мекард зани солхўрдае дар наќлиёти хатсайри №13, ки аз њад зиёд савор кардани мусофирон ба танг омада буд.
Саволҳо бисёранд, фикр мекунам масъулин ба ҷои ба дард қабул кардани шикояти мардум ва посухи “дежурный” додан ба онҳо беҳтар буд асли масъаларо пайдо карда, ба ҳалли масъала бархӯрди касбӣ намоянд...
Гулњаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: