Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Донистани таърихи хеш кафолати ҳастии миллат аст

Донистани таърихи хеш кафолати ҳастии миллат аст

17-04-2019, 14:55
Хабарро хонданд: 474 нафар
Назарҳо: 0
Донистани таърихи хеш кафолати ҳастии миллат астТаърихро ба чашмаи мусаффое метавон ташбеҳ дод, ки аз он олимон, пажӯҳишгарон ва носирон метавонанд нӯши ҷон кунанд. Зиёд будани мавзӯот дар он имконияти на танҳо гузаштаро дарк кардан, балки рӯйи кор овардани кашфиётеро, ки таърихи миллатро ғанӣ мегардонад, фароҳам меорад. Ҳар як давр пешорӯи наслҳо масъалаҳои мураккаберо мемонад, ки дарк ва ҳалли худро мехоҳанд-бе ин ба пеш ҳаракат кардан ғайриимкон аст. Барои он, ки миллат хоҳад дар оянда маҳфуз бимонад, ӯ бояд таърихи худро донадва аз сафиҳаҳои он қаҳрамононеро дарёбад, ки барои насли нав метавонанд намунаи ибрат бошанд.
Китоби навбатии тозанашри адибони хушсалиқа Леонид Чигрин ва Акбар Мирсолиев «Дар умқи вақт» («В глубинах времени»), ки дар нашриёти «Эр-Граф» нашр гардид, дар бораи саҳифаҳои дурахшони таърихии миллати мо ҳикоят мекунад. Дар он 2 повест: «Тоҷик-адмирали чинӣ» ва «Роҳи дуввуми абрешим» ҷо дода шудааст. Муаллифон ба хонандагон маводи таърихиву адабии хонданибобро пешкаш намудаанд.
Дар повести якум-«Тоҷик-адмирали чинӣ» оид ба баҳрнаварди машҳури чинӣ Чжен Хэ қисса карда мешавад. Чжен Хэ ё Ма (Муҳаммад) набераи зимомдори бухорӣ аст, ки бо даъвати император Ҳубилой ба Чин омада буд.Умуман, ҳамон давра ҳазорҳо ҳунармандони тоҷик ба ин кишвар омада буданд ва дар рушди он саҳм гузоштанд. Адмирал Чжен Хэ нахустин маротиба дар қарни 15 ҳафт экспедитсияи баҳрӣ дар уқёнуси Ҳинд доир намуд. ӯ то соҳилҳои қитъаи Африқо расид, дар Сейлон (Сарандеб) буд, бо 30 кишвари ҳавзаи уқёнуси Ҳинд алоқаҳои дипломатӣ барқарор кард. Дар ҳайати экспедитсияҳои ӯ олимону муҳаққиқон буданд, ки дар ин сафарҳо маълумоти васеъ ҷамъоварӣ мекарданд ва ба ин васила, дар илми таъриху ҷуғрофия, физикаву геометрия саҳми назарраси худро гузоштанд. Таҳти роҳбарии ин баҳрнаварди бузург киштиҳое бо конструксияи ҳайратовар сохта шуданд, ки имкон медод ба сафарҳои дарозмуддат бароянд. Гузашта аз ин, тибқи иддаои таърихнигори англис Гевин Мензис, Чжен Хэ нахустин шахсе буд, ки сафари давродаврии ҷаҳонро доир намуд ва ба қитъаи Амрико расид. Муаллифон симои ӯро ба таври бадеӣ бозтоб доданд: «Адмирал Чжен Хэ дар сафари баҳрӣ осуда набуд. ӯ барои ҳар як киштӣ, ҳар як маллоҳ ҷавобгар буд, ғайр аз ин, ӯ нохудои киштии аввал буд. Аммо ӯ бегоҳиҳо, ки вақти холӣ меёфт, бо Шуҳрат-роҳсоз муошират мекард. Бо вуҷуди рафтани сол дилбастагии ӯ ба гузаштагонаш меафзуд ва муошират бо ҳамиллаташ барояш ба як талаботе табдил ёфта буд. Онҳо бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд, чунин мешуд, ки якдигарро зуд фаҳмидан барояшон душвор меафтод, чун аҷдоди онҳо Ватанро дусад сол пеш тарк карда буданд ва муҳити чинӣ ба забони модариашон таъсир карда буд. Вале ҳар ду аз ин суҳбатҳо ҳаловат мебурданд ва миёни онҳо ҳисси наздикӣ ва ҳамбастагӣ ба вуҷуд меомад. Чжен Хэ ба зердастони худ ҷиддӣ ва серталаб буд, айни замон нисбати ҳаммиллати хеш мулоим ва дилсӯз».
Повести «Роҳи дуввуми абрешим» низ таърихист. Ба кам касон маълум аст, ки Роҳи Бузурги Абрешим дар таърихи инсоният ягона чунин масир набуд. Боз роҳи дигари абрешим вуҷуд дошт, ки тавассути Хуҷанд бо дараҳо ба Ҷиргатоли имрӯза, аз он ҷо ба Помир ва дигар кишварҳо мегузашт. Роҳи Бузурги Абрешим роҳи тиҷоратӣ, асоси тиҷорати ҷаҳони он замон буд. Роҳи дуввуми абрешимро метавон «роҳи зеҳнӣ» номид, чун тавассути он тоҷирон дастхатҳои осори файласуф ва драматургони юнониву римӣ, ашъору достонҳои нобиғаҳои Шарқро интиқол медоданд. Ҳар ду роҳи зикршуда тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардониданд ва қиммату манзалати онҳо мусовист.
Леонид Чигрин ва Акбар Мирсолиев аз зумраи он носироне ҳастанд, ки тавассути каломи бадеъ қаҳрамонони таърихиро зинда нигоҳ медоранд. Яке аз махсусияти навиштаҳои таърихии ин муаллифон ин аст, ки онҳо ба он далелҳои пӯшидаи таърихие рӯ меоваранд, ки аз назари дигарон пинҳон ё дур мемонанд. Онҳо зарра ба зарра далелҳои ҷолибро ба он хотир ҷамъ меоранд, то ин ки навиштаҳояшон ба ҳақиқати таърихӣ бо тамоми ҷузъиёташон тавъам бошанд. Хонандагон бо муаллифон гӯё ба даврони гузашта сафар мекунанд ва бо ашхоси таърихӣ аз наздик шиносоӣ пайдо мекунанд.
Китоби мазкур метавонад ҳамчун дастури методӣ барои донишҷӯёни риштаи таърих хидмат кунад.
Фирдавс Таушаров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: