Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мовсес Хоренатси: Қаллоби гузаро ё таърихнигори машҳур?

Мовсес Хоренатси: Қаллоби гузаро ё таърихнигори машҳур?

22-10-2017, 14:11
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
Мовсес Хоренатси: Қаллоби гузаро ё таърихнигори машҳур?
Ва ё «ҳақиқат»-е, ки асоси мактаби таърихшиносии як кишвар шудааст
«Чӣ қадаре, ки дурӯғ даҳшатнок (бузург) бошад, ҳамон қадар одамон зуд ба он бовар хоҳанд кард»-Адолф Гитлер, доҳии натсизми олмонӣ.
Овардани иқтибос аз чеҳраи таърихан манфур, ки сабабгори бадбахтиҳо ва марги миллионҳо маскунини сайёра гаштааст, мумкин аз нигоҳи равониву маърифатӣ он қадар дуруст набошад, аммо дар ҳолате, ки мо мавзӯи пешгирифтаро таҳлил хоҳем кард, ин гуфтаи сарвари Рейхи Саввум то андозае ҳақ ба мавҷудият дорад. Сухан дар бораи асари машҳури «Таърихи Арманистон»-и таърихнигори машҳури арманӣ Мовсес Хоренатси меравад.
Оид ба ин шахс дар доираҳои илмӣ назарҳо мутафовит ҳастанд. Бархе аз мунаққидон мегӯянд, ки фарде бо номи «Мовсес Хоренатси» умуман вуҷуд надоштааст, дигар коршиносон иддао доранд, ки агар фарде бо ин ном дар ҳақиқат ба сар бурда, пас ӯ яке аз «фалсификатор», яъне қаллобҳои моҳир ва бузургтарине, ки олам дидааст, маҳсуб мегардад. Олимони дигар, махсусан арманӣ, мегӯянд, ки нисбати ӯ ноадолатона ҳуҷумот ташкил шуда. Аммо тибқи «таърихи расмӣ», дар маълумоте, ки аз ҷумла дар сомонаи машҳури Wikipedia дарҷ шудааст, маълум мегардад-Мовсес Хоренатси (Моисей Хоренский) наздики соли 490 милодӣ ба дунё омадаву солҳои 490 ва ё аввали қарни 6 вафот кардааст. Аммо бархе аз олимон ҳаёти ӯро ба давраи миёни қарнҳои 7-9 милодӣ мансуб медонанд. Хуб, баҳсҳо дар ин мавзӯъ зиёд ҳастанд, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Мавсуф бузургтарин таърихнигори асримиёнагии арманӣ, «шаҳсутуни илми таърихи миллӣ» ба хисоб меравад, ки дар асараш ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстиаш баръало эҳсос мегардад.
Ин ҷо мо зиндагиномаи Хоренатсиро пурра нахоҳем овард, чун ҳам саҳфаҳои зиёдиро хоҳад гирифт ва ҳам аз мавзӯи пайгирифтаи мо, ки асари мавсуф аст, дур хоҳад кард. Танҳо ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки бо нигоштани асари хеш-«Таърихи Ҳайястон (Арманистон)» ӯ унвонҳои пуршарафи «падари илми таърихи арманӣ» ва «бузургтарин қутб барои нависандаҳои арманӣ»-ро соҳиб шуд. «Таърихи Арманистон» аз 3 қисм иборат аст:
1. «Шаҷараномаи Арманистони Бузург»-таърихи Арманистон аз оғоз то рӯйи кор омадани сулолаи Аршакиён (соли 149 то милод).
2. «Гуфтори таърихи миёнаи аҷдоди мо»-давоми таърих аз соли 149 милодӣ то фавти Григории Маърифатпарвари Муқаддас.
3. «Анҷоми таърихи Меҳани мо»-то фурӯпошии сулолаи Аршакиён дар соли 428 милодӣ.
Хуб, суол ба миён меояд: моро чӣ зарур аст, ки таърихи кишвар ва миллати дигареро, ки ҳарчанд бо мо равобити дӯстона дорад, вале дар дуриҳо аз мо ба сар мебарад, бояд ин ҷо таҳлил кунем? Вазъ ин ҷо соддаву осон нест-дар асари мазкур аз ҷумла таърихи аҷдоди бузурги мо таҳриф шудааст, ки хондани он хеле ҷолиб аст.
«Дурӯғи даҳшатнок». Саргузашти Тиграни 2
Диққати коршиносонро маротибаи зиёд он далел ҷалб кардааст, ки асари «Таърихи арманиҳо»-и Мовсес Хоренатси аз омехтаи бофтаҳои гуногун тартиб ёфтааст, ки ба қавли бархе ягон арзиши таърихӣ надоранд. Нуқтаи назари онҳо чунин аст: новобаста аз он, ки доҳии скиф (қавми эронинажоди ориёӣ)-ҳои анатолиягӣ Тиграни 2-ро «шоҳи бузурги арманӣ» эълон намуда, мактаби миллии таърихнигорӣ маҳз ба ҳамин сарчашмаи «классикӣ» истинод меорад, симои Тигран дар ин асар ончунон бо бофтаҳои зиддиилмӣ оварда шудааст, ки ин «шоҳкорӣ»-ро ҳамчун сарчашмаи таърихӣ ба нестӣ мебарад. Пеш аз оне, ки ба омӯзиши чеҳраи Тиграни 2 шурӯъ кунем, дар он намуде, ки «таърихнигори бузург» Хоренатси овардааст, бояд қайд намуд, ки дар асари ӯ ҳокимон ҳамчун қаҳрамонони фолклорӣ оварда шудаанд, аз ин сабаб хонандаи ноогоҳ дар номҳои «Тигран»-ҳои гуногун «роҳгум» мезанад.
Масалан, дар оғоз сухан оид ба Тигране меравад, ки муаллиф онро «шоҳи бузурги арманӣ»-и қарни 6 то милод ба қалам медиҳад, ки муосири худи Куруши Кабир-асосгузори бузургтарин империяи Дунёи Қадим-ҷадди бузурги мо будааст.
Муаллифон, руҳониёни арманӣ, ки «таърихи бузурги миллӣ»-ро рӯйи кор оварданд, ғояҳои худро аз китобхонаҳои ғании калисоҳо ба даст меоварданд, ки бори дигар шаҳодат медиҳад, ки нисбати танҳо ҳамин ҳолати бофташуда маълумотро аз таърихнигорони гуногуни юнонӣ (ки ба ҳеҷ ваҷҳ нисбати ҳарифи тавонои хеш-форсҳо назари хайрхоҳона надоштанд) ва ҳатто аз шоҳкории бузург-«Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии Бузург истифода бурдаанд (ба қавли баъзе пажӯҳишгарон, ин бори дигар собит месозад, ки фарде бо номи Мовсес Хоренатси, ки қарни 5 таърихро навиштааст, аслан вуҷуд надоштааст. «Шоҳнома» қарни 11 рӯйи кор омада, ки дар шакли дастхат дар китобхонаи дарбории шоҳони форс маҳфуз буд. Ин шоҳасари бузурги мо ба дасти қаллобҳо давраҳои баъдтар метавонистанд бирасад, вақте, ки дастхатҳо нусхабардорӣ ва ба забонҳои дигар тарҷума шуданд, яъне хеле баъд аз қарни 11).
Маълумот аз Ҳеродот оид ба сарнагун намудани ҳокими Мидия (Мод-кишвари ориёӣ-эронӣ) Астиаг аз ҷониби Куруши Кабирро муаллифи «таърихи ҳай (арманӣ)-ҳо» ба афсонаи миллигароӣ табдил медиҳад ва онро ҳамчун тахайюле оид ба ғалабаи Тигран ба ҳокими афсонавии модӣ Аждаҳак (аз рӯи монандии исми Астиаг бо Аждаҳо) ба қалам додаст. Бе ягон овардани истинод ба сарчашма, Хоренатси таърихи набарди қаҳрамони асотирии эронӣ-Фаридун бо Аждаҳо (Заҳҳок)-ро аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бозгӯ кардааст! Танҳо дар нақши Фаридун ин ҷо Тигран аст.
Трагикомедияи консепсияи таърихии арманӣ, мегӯянд коршиносон, маҳз дар он аст, ки ин ва монанд ба ин афсонаву устураҳо, ки аз фолклори дигар мардумон гирифта шудаанд, асоси бунёдии таърихнигории миллиро ташкил мекунанд ва имрӯз дар макотиби миёнаву олии кишвари ба мо дӯсти Арманистон онҳоро ҳамчун «ҳақиқати таърихӣ» меомӯзанд.
Дар асари Хоренатси Тиграни бофташуда «ҳокимияти мэр (мидиягӣ, модӣ)-ҳоро барҳам зад ва юнониҳоро тобеъ намуда, онҳоро муддати зиёд таҳти назорат қарор дод» (М.Х. «Таърихи Арманистон», китоби 1, боби 24). Бо як зарби қалам Мовсес Хоренатси тамоми ғалабаҳои Куруши Кабирро ба корнамоиҳои кадом як шоҳи бофташудаи арманӣ бо номи Тигран Ервандян табдил додааст!!!
«Таърихнигори бузург» бо ягон калима ифшо накардааст, ки сухан оиди Куруши Кабир меравад, яке аз бузургтарин Шахсият дар таърихи инсоният, муаллифи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, сарваре, ки дар китобҳои муқаддас («Машиах»-«Фиристода, Баргузида» дар Инҷил ва ба гумони ғолиб «Искандари Зулқарнайн» дар Қуръони Азимушшаън) исми бузургаш сабт шуда, ки номаш ҳамрадифи ҷавонмардиву футувват ва инсонсолорист, ки мардум ӯро «падар», юнониҳои тобеъ «шоҳи одил» ва «ҳомӣ» меномиданд, лашкаркаш ва сиёсатмадори боистеъдод, ки империяи бузургтарини даврро аз Ҳиндустон дар Шарқ ва Юнон дар Ғарбро асос гузоштаааст! Танҳо «сарироҳӣ», гӯё, ки ҳимматбаландӣ карда, Шоҳаншоҳи Бузургро ба сатҳи кадом як форсе бо номи Куруш поён фароварда, ин «таърихнигор» қайд кардааст, ки «шоҳи бузургтарин»-и ҳайӣ (арманӣ) Тигран Ервандян мидиягиҳо ва юнониҳоро «бо кӯмаки Куруш» (!!!) торумор кардааст…Тамому вассалом.
Ягон чизе, ки муносибати дур ба таърихи аслии минтақа дошта бошад, хабар надода (ки лоақал ягон зарра арзиши таърихӣ дошта бошад), Хоренатси ҳамон қисми «Шоҳнома»-и Бузургро ҳамчун «ҳақиқати таърихи арманӣ» дар асараш ҷо додааст, ки дар он муқовимати Фаридуни ориёӣ бо Аждаҳо, ки он Заҳҳок ном дорад, ривоят мекунад!!!
Тарафдорони нигоҳи арманӣ ба таърих бо дарки он, ки мунаққидони муосир, осори Хоренатсиро таҳлил намуда, дар он далелҳои истифодабарии навиштаҳои чанд садсола қабл аз қарни 5 (қарне, ки гӯё Хоренатси ба сар бурдааст) рӯйи кор омадаро дарёфтанд, ки онҳо устура оид ба «таърихнинори бузурги арманӣ»-ро торумор мекунанд, саросемавор иброз доштанд, ки дар «Таърихи Арманистон» дар ҳақиқат сужаҳои достонҳои мардумони эронӣ истифода шудаанд, ки дар минтақа васеъ паҳн шуда буданд. Аммо асли қазия ин ҷост, ки сухан нисбати истифодаи ривоятҳои монанд намеравад. Хоренатси қариб қисм-қисм дар асари хеш достонҳои «Шоҳнома»-ро такрор мекунад ва он акнун ба «таърихи қадимаи арманӣ» табдил гаштааст! «Патмутюн хайотс» - (таърихи ҳай (арманӣ)-ҳо) Фаридунро ба Тигран табдил додааст.
Бори дигар хотиррасон мекунем, ки «Шоҳнома»-и безавол қарни 9 навишта шудааст. Маълум аст, ки яке аз тарҷумаҳои нахустини он қарни 12 ба забони гурҷӣ рӯйи кор омад. Аллакай дар қарнҳои 13-14 ин шоҳасар дар Шарқ машҳур гардид ва ареали фарохи паҳншавии забони форсӣ ҳамчун забони фарҳанг ва истифодаи он аз ҷониби миллатҳои ғайр ба намояндагони фарҳанг ва мардумони гуногун имконият фароҳам оварда буд, ки онҳо ин осори бебаҳои ҷадди бузурги моро бо забони аслӣ мутолиа намоянд. Эҳтимол аст, ки руҳониёни исавӣ дар шарқи Анатолия мавзӯҳои «Шоҳнома»-ро ба эҷодиёти миллии худ ворид намудаанд ва акнун ин «бунёди таърихии миллӣ» гаштааст.
Аммо чизе ҳаст ё на, «плагиат»-и «Шоҳнома» шаҳодат медиҳад, ки бо эҳтимолияти зиёд дар қарни 5 ягон фарде бо номи Мовсес Хоренатси вуҷуд надоштааст. Ин дар навбати худ ривояти бунёдӣ нисбати «таърихнигори барҷаста ва бузургтарин»-ро, ки гӯё солҳои 460 милодӣ асоси илми таърихнигории арманиро гузошта буд, аз беху бун барбод медиҳад.
Мовсес мегӯяд: «новобаста аз он, ки бисёриҳо номи Тигран доштанд, маҳз ҳамин аз зурриёти Ҳайкиҳо («Ҳайк»-қаҳрамони асотирӣ, сараҷдоди арманиҳо) ягона фардест, ки Аждаҳоро бикушт, хонадонашро асир гирифт, ҳамчун Ануйш, модари вишапҳо ва бо розигӣ ва ёрии Куруш давлати мар (мод) ва форсҳоро забт кард».
Ана ҳамин хел, бо «дасти сабук»-ки Хоренатси қарни 6 то милод кишваркушоиҳои Куруши Кабир ба моликияти шахсии фарде бо исми Тигран Ервандян табдил гашт ва чуноне дар боло гуфта будем, дар бунёд гузоштани империяи бузург «кадом як форсе бо номи Куруш» ба Тиграни Бузург кумак кардааст.
Барои чӣ насаби Тигран маҳз Ервандян будааст на ягон «ян»-и дигар? Ба ақидаи Хоренатси, падари Тигран Оронд (юн. Оронт)-ҳокими сатрапияи форсии «Ar-Minna» (Арманистон) будааст, ки аз зурриёти Ҳахоманишиёни Бузург буд. Аммо на худи Оронд, на ворисони ӯ ба арманиҳо ҳеҷ муносибате надоштанд. Бояд мо ин ҷо Тиграни 2-ро пайгирӣ кунем, ки чеҳраи ҳақиқии таърихист, аммо дар «Таърихи Арманистон» Тигран (ки муаллиф онро «Тиграни Миёна» меномад) умуман дигар аст.
Ин таърихнигор (агар дар асл вуҷуд дошта буд) менависад, ки «баъд аз Арташес (юн. Артаксий)-и 1 писари ӯ Тигран сари тахт нишаст» (Мовсес Хоренатси. Китоби 2, боби 14). Дар асл бошад, баъд аз фавти Артаксий дар соли 160 то милод ҳукмронии кӯҳистони Анатолияи Шарқӣ ба дасти писари ӯ Артавазд мегузарад, ки мавсуф 45 сол салтанат ронд. Баъди вафоти ӯ ҳокимият ба дасти бародараш Тиграни 1 мегузарад ва танҳо баъд аз 20 сол-соли 95 пеш аз милод аз ҷониби шоҳаншоҳи парфиёнӣ (эронӣ) Меҳрдод (Митридат)-и 2 ба тахт Тиграни 2, ки дар дарбори Парфиё аз солҳои 118 то 95 ҳамчун гаравгон нигоҳ дошта мешуд, «нишонда» шуд.
Хуб, идома медиҳем. Аллакай дар хати дигар Хоренатси хабар медиҳад, ки баъди нишастан ба тахт Тиграни 2 юнониҳоро торумор мекунад. Аммо дар ягон мадраки таърихӣ наомадааст, ки набарде миёни Тиграни 2 ва Селевкиён рух дода бошад. Селевкиён, ки дар ҷангҳо алайҳи Рим ва Парфия бемадор шуда буданд, акнун наметавонистанд ҳудудҳои худро ҳифз кунанд. Аз вазъи вазнини юнониҳо истифода бурда, Тиграни 2 ба ҳудудҳои онҳо даромада, ҳеҷ муқовиматеро вонахӯрд ва шаҳрҳоро ғорат карда, ҳазорҳо бошандагони онҳоро ба ғуломӣ бурд.
Баъдан. «Тамоми Осиёи Хурд (!!!)-ро ба дасти шавҳари хоҳараш Меҳрдод (Митридати 4 Евпатори машҳур) супорид ва ин ҷо лашкари бузург монда, ӯ ба кишвари мо баргашт».
Хонандаи аз ҳамаи ин дарҳам барҳамзаниҳо ба тааҷубмонда мефаҳмад, ки ҳокими Понт Митридат (Меҳрдод)-и 4 Евпатор ба хоҳари Тигран (ки умуман хоҳар надошт) хонадор буд ва на Митридат ба Тигран, балки баръакс, Тигран ба Меҳрдод сарпарастӣ мекард, ба ӯ тамоми Осиёи Хурд (!!!)-ро, ки гӯё ба Тигран тааллуқ доштааст, барои назорат кардан супоридааст. Дар ҳақиқат бошад Митридати Евпатор (ки оид ба ин ҳокими барҷаста дар матлабҳои баъдинаамон хоҳем гуфт), ин эронинажоди тарбияти юнонигирифта, ҳокими шоҳигарии муқтадири Понт, ки барои ҳокимияти минтақа ба худи Рим сарпанҷа зада буд, шарафи бузург ба Тигран зоҳир намуд ва духтари хеш-Клеопатраро ба ин фард ба занӣ дода буд.
Хуб, ин ҷо суханро дигар ба дарозо нахоҳем кашид ва оид ба «ғалабаҳои бузург»-и Тиграни 2 алайҳи лашкаркашони римӣ Габиний ва Марк Крассу дигарон (ки воқеият надоштанд, Габиний ва Красс умуман бо Тигран вонахӯрда буданд ва Красси машҳур 3 сол қабл дар набард алайҳи парфиёниҳо, яъне, аҷдоди мо ба ҳалокат расид), бисёр нахоҳем гуфт. Танҳо ҳаминро қайд мекунем, ки Хоренатси нисбати ҷангҳои дурмадарози лашкаркаши машҳури римӣ Лукулл ва Митридат сухан наронда, дарҳол аз пайдо шудани артиши лашкаркаши дигари машҳури римӣ Гней Помпей хабар медиҳад. Аммо дар ҳақиқати ҳол Меҳрдод соли 63 то милод, баъд аз торумор шудани шоҳигарии Тиграни 2 ва нест кардани пойтахти он-Тигранокерт аз ҷониби Помпей кушта гардид. Тиграни 2 назди Помпей сари зону нишаста, бо сари хам оид ба таслим шуданаш ба Рим эълом дошт. Аммо нисбати ин Мовсес Хоренатси дар асараш хомӯш аст. Симои Тиграни 2-ро муқобили Гней Помпей, лашкаркаши бузурги римӣ, баъдан яке аз ҳокимони Рими муқтадир (дар «триумвират»-и якум, сегона дар ҳайати Помпей, Юлий Сезар ва Красс), лашкаркаши бузурге, ки баҳри Миёназаминро аз роҳзанон тоза кардаву ба 22 шоҳону ҳокимони Осиё ғалаба ба даст овардааст, барҷаста нишон додан, на, камоли бехирадиву аблаҳӣ нест, балки гӯлзании хуб андешидаест, ки наслҳои баъдиро ба гумроҳӣ бурдааст.
Моисей Хоренский, ё Мовсес Хоренатси, ё касе, ки дар ниқоби ин шахс пинҳон шуда буд, аз Тиграни 2 чунон «супермен»-е сохтааст, ки ба ӯ вақт ҳоким нест ва ҳамон Дункан Мак-Клауди машҳури шотландии 400-сола аз филми овозадори ҳолливудии «Highlander»-«Кӯҳистонӣ» (аз филмҳои мақбули даврони кӯдакӣ ва наврасии ман) наздаш шогирд асту халос.

Аммо дар ин ҷо ба зиёдаравӣ ҳам роҳ додан нашояд. Арманиҳо дар ҳақиқат миллати куҳан ҳастанд ва аз қадим исми «Арманистон» мавҷуд буд ва аз давлатдории куҳантарини минтақа маҳсуб мегардад. Банда аз шумори намояндагони ин миллати куҳанбунёд дӯстони зиёд дорам ва ҳамин дӯстони ман ҳамагӣ аҳли фаҳм ва заковатманду дар кишвари хеш мақоми намоёнеро соҳиб ҳастанд. Вожаи «Арманистон», саҳеҳтараш Armenia аз замони антиқа рӯйи кор омада буду ин мафҳум ҳамеша ҳамрадифи ҳар ҳодисоти таърихии Осиёи Хурд ва Ховари Наздик аст. Ин миллати куҳанбунёди ҷафокашида (ки то андозае тақдири фоҷиабори таърихиаш ба миллати мо шабоҳат дорад) дорои таърих, адабиёт ва фарҳанги ғаниву хоса аст. Баҳс танҳо сари асари муайян меравад, ки як андоза иштибоҳҳоро дорост.
Хуб, мебинем, ки коршиносони машҳур нисбати Мовсес Хоренатси чӣ нигоҳе доранд. Оғоз аз миёнаи қарни 8 милодӣ як қатор пажӯҳишҳои мунаққидон нашр шуда буданд, ки на танҳо санаи навишти «Таърихи Арманистон», балки алоқаи ҳаводиси дар он овардашударо бо воқеияти таърихӣ зери суол мегузоштанд. Мунаққидон мавҷудияти сарчашмаҳои онро шубҳанок ҳисобида, ба он ишора мекарданд, ки онҳо аз муаллифони баъдина гирифта шудаанд. Нелсон Дибвойз, мутахассиси даврони антиқаи амрикоӣ дар маводи хеш соли 1938 менигорад, ки новобаста аз оне, ки дар осори Хоренатси маълумоти зиёд оид ба таърихи парфиёнӣ оварда шудааст, ки дар дигар сарчашмаҳо вонамехӯранд, бисёре аз онҳо тасдиқи худро наёфтаанд. Роберт Томсон қайд мекунад, ки Мовсес мансабҳоеро дар Арманистони визонтӣ номбар кардааст, ки баъди ғалабаи императори Византия Ираклии 1 бар форсҳо соли 629 таъсис дода шуда буданд. Дар китоби хеш соли 1997 Томсон осори Хоренатсиро комплексӣ, вале дар навбати худ хеле баҳсӣ дар илми таърихи арманӣ меҳисобад, ки ба қавли ӯ баъд аз қарни 5 навишта шуда, муаллиф дар он ҳадафмандона сарчашмаҳоро истифода бурдааст, бо мақсади санохонии сарпарасти худ-ашрофзодагон аз авлоди Багратуни. Чуноне Д.Арапов, А.Новоселтсев ва О.Рапов қайд мекунанд, Хоренатси хеле васеъ аз осори муаллифони юнониву римӣ (мебинем, ки аз осори ҷадди бузурги мо низ) истифода бурда, ба таври худ онро нигоштааст. Дар навбати худ, дар осори хеш аз фолклори ғании арманӣ истифода карда, муаллифони антиқиро «ислоҳ» кардааст. Умуман, қайд мекунанд коршиносон, нигоштаҳои Хоренатси, ки ба таърихи давраи то қарни 4 милодии Арманистон дахл доранд, хеле мураккаб ҳастанд ва ҳар гуна баҳогузорӣ мешаванд, аммо дар баъзе ҳолат дар онҳо ҳақиқати таърихӣ низ вуҷуд дорад. Масалан, нисбати сангҳои шоҳ Арташес, ки бо миқдори зиёд замони ахир ёфт шудаанд. Олимони хориҷие, ки илми бунёдии таърихи арманиро зери шубҳа мегузоштанд, аз ҷониби як қатор таърихнигорони шӯравии арман танқиди шадид карда мешуданд. Роналд Суни дар қатори чунин «таҳоҷуми миллатгароёна» ҳамлаҳо ба Роберт Томсонро мисол меорад, ки бо ибораҳои хеле сахт ҳаёт ва осори Хоренатсиро баҳо дода буд.
Хуб, хонандагони азиз, ин ҷо дигар матлабамонро ба дарозо нахоҳем кашид, чун ҳам вақти қимати шумо хоҳад рафт, ҳам саҳифаҳои ҳафтанома имкон нахоҳанд дод. Танҳо ҳаминро хоҳем гуфт, ки мақсади мо тирагии равобит бо Ҷумҳурии Арманистон, ки бо мо дар чанд созмонҳои байналмилаливу байнидавлатӣ узву ҳампаймон ва чун посухе ҳам ба барномаи «Наша Russia» нест, ки дар он муҷриву қаҳрамони асосиаш арманиҳо буданд-хотиррасон мекунем, ки дар ин барнома тоҷикон таҳқир шуда буданд. Алайҳи ин барномаву дастандаркоронаш зиёд гуфтаанд ва гумон мекунам, боз оид ба ин гуфтану гуфтанҳои зиёд манфиате ба бор нахоҳад овард. Танҳо ҳаминро қайд мекунам, ки то андозае мо ҳам беайб нестем, бисёре аз муҳоҷирини меҳнатии мо аз фарҳангу маданияти муосир дур ва забони кишвари корфарморо балад нестанд ва ин боиси хандахариш ва истеҳзои дигарон мегардаду боиси рӯйи кор омадану барномаҳову филмҳои нав ба нав дар ин мавзӯъ. Мақсад-шиносоӣ пайдо кардан ҳадиақал бо таъриху фарҳанги хеш аст, ки то тавонад шахсро дар дилхоҳ ҷомеа соҳибикром гардонад, чун замони нерӯи ҷисмонӣ дар ҳамон давраи ибтидоӣ монда, ки мамонтҳоро шикор мекарданд, дунёро инак қарнҳову қарнҳо нерӯи зеҳнӣ идора мекунад. Донистани гузаштаи худ аз шартҳои зарурист, ба қавли бархе, ки гӯё «чӣ лозим замони гузашта, «гузашта гузашт», бояд ба пеш нигоҳ кард» бовар намудан ҳам камоли бехирадист. Ояндаро бе гузашта наметавон сохт, ҳамчуноне, ки хона бе таҳкурсӣ пойдор нахоҳад монд. Муваффақияти Ҷопон бо ҳамон синтоизму кодекси шарафи самурайҳояш («Бусидо») ва Чин бо ҷаҳонбинии конфутсиониву даосизмаш аст, ки дар идеологияи миллияшон нақши кам надоранд ва онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят мекунад. Мисолҳо зиёданд, ки нахоҳем ин ҷо овард. Танҳо ҳаминро хотиррасон хоҳем кард: «касе ба гузашта бо таппонча тир холӣ мекунад, оянда ба ӯ бо тӯп ҷавоб хоҳад дод». Боқӣ, хуш бошед.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: