Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Синдбод»-и бухороӣ:ҳукмрони «Роҳи абрешим»-и баҳрӣ

«Синдбод»-и бухороӣ:ҳукмрони «Роҳи абрешим»-и баҳрӣ

2-07-2018, 08:58
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
«Синдбод»-и бухороӣ:ҳукмрони «Роҳи абрешим»-и баҳрӣ
Ӯро бузургтарин баҳрнавард ва адмирали Чин меноманд. Ӯ «Роҳи абрешим»-и баҳриро назорат, замин ва миллатҳои навро кашф ва маҷбур мекард ба императори Чин мутеъ бошанд. Дипломати боистеъдод, аввалин маротиба аз миёни хитоиҳо Африқоро кашф кард ва фарзияе мавҷуд аст, ки ҳанӯз то Христофор Колумб қитъаи Амрикоро кушодааст. Ӯ бузургтарин флотилияи даври худро идора мекард ва мумкин прототипи Синдбод, баҳрнаварди машҳур аз афсонаҳои шарқӣ буд ва бо эҳтимолияти зиёд ӯ ҳамватани мо, тоҷики асли пайдоишаш аз Бухоро буд. Исми ин абармарди бузург-Чжэн Хэи машҳур аст, аммо ӯ бо исми Муҳаммад ба дунё омадааст.
Таърихи ин шахси бузург бо асрор ва бофтаҳо омехта шудааст ва таърихнигоронро оид ба ӯ бисёр чизҳоро омӯхтан лозим меояд…
Соли 1371 дар уезди Куняни музофоти Юннани Чин дар оилаи мусалмонони чинии халқияти хуэй писаре таваллуд шуд, ки ба ӯ Ма Хэ ном монданд. «Ма»-шакли ихтисоршудаи номи Муҳаммад аст. Оилаи тифли навзод мусалмонони эътиқодманд буд, волидайни тифл пайваста зиёрати ҳаҷро ба амал оварда, падари ӯро Ма Ҳоҷӣ меномиданд.
Халқияти хуэй аз ворисони сэму-афроди баромадашон аз Осиёи Марказӣ, ки замони ҳукмронии муғулҳо мансабҳои гуногуни маъмуриро дар империяи Юан ишғол мекарданд, пайдо шудааст. Сулолаи Юан аз ҷониби яке аз наберагони Чингизхон-Ҳубилой бунёд шуда, сари тамоми Чин ҳукм меронд. Оилаи Ма Хэ бовар дошт, ки аз ворисони бевоситаи ҳоким Муҳаммад аз Бухоро аст. Мумкин аст онҳо Муҳаммади Хоразмшоҳро дар назар доштанд, ки замони ҳукмронии ӯ Осиёи Марказӣ ба Чингизхон мутеъ шуд ва худи шоҳ ҳангоми фирори шармандавор дар яке аз ҷазираҳои баҳри Хазар (Каспий) аз дасти махавҳо кушта гардид. Луиза Леватес (Louise Levathes) муаллифи китоби «Замоне, ки баҳрҳо ба Чин мутеъ мешуданд: флоти махуфи қасри Аждаҳо» («When China ruled the seas: the treasure fleet of the Dragon Throne») зикр мекунад, ки падари Ма Хэ мегуфт, ӯ набераи Саид Аҷҷоли Шамсиддини Умар аст. Асли баромадаш аз Бухоро, ин шахс намояндаи Ҳубилой ҳокими музофоти Юннан ва яке аз иштирокчиёни забти Бирма (Мянма) аз ҷониби муғулҳо буд. Ягон маълумоте вуҷуд надорад, ки Саид Аҷҷол ва Муҳаммади Хоразмшоҳ пайванди хешӣ дошта бошанд, зиёда аз ин, фотеҳони муғул оилаи шоҳро раҳм накарданд ва писари Хоразмшоҳ аз зани туркманаш-Султон Ҷалолуддин бо тамоми қувва бо лашкари Чингизхон меҷангид. Хоразмшоҳ аз қавмҳои турктабор (қангли)- и осиёимиёнагӣ буд, Ма Хэ бошад, бино ба қавли Синтия Стоукс Браун (Cynthia Stokes Brown), ба гумони ғолиб баромадаш аз форсҳо (тоҷикон)-и Бухоро буд. South China Morning Post, яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Чин менигорад, нигоҳ накарда ба он, ки муҷассамаҳои мармарӣ Ма Хэро чинии маъмулӣ, бо ҷоғи чоркунҷашакл, абрӯвони ғафс ва бинии паҳн тасвир мекунанд, соли 2014 олимони хитоӣ аз Донишгоҳи Фудан дар Шанхай, яке аз куҳантарин ва бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимии Чин ДНК (ҳуҷайраҳо)-и гузаштагони эҳтимолии Ма Хэро ташхис карданд ва дар он хуни форсӣ (тоҷикӣ)-ро дарёфтанд.
Манбаъҳои гуногун менависанд, ки худи Ма Хэ, нигоҳ накарда ба он, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ аз оилааш ҷудо карда шуда буд ва дар қасри императорӣ ба воя расид, то ба охир ба дини ислом содиқ монд.
Дар кӯдакӣ, вақте ки ӯ ҳамагӣ 10 сол дошт, зодгоҳи Ма Хэ аз ҷониби артиши чинии сулолаи Мин, ки ҳукумати муғулии сулолаи Юанро дарҳам бизад, забт гардид. Падараш кушта, Ма ба асорат афтид ва ахта карда шуда, ба ҳайси евнух (назоратчии ҳарамсаро) ба қасри шоҳзода Ҷу Ди равон карда шуд. Дар ин ҷо ӯ соҳиби маълумот гардид ва ҳамчун фармондеҳи болаёқат тарбият ёфт. Ҳангоми моҷароҳои дохилисулолавӣ барои ба даст овардани ҳокимият шоҳзода Ма шоҳзода Ҷу Диро, ки алайҳи император, ҷияни худаш Юнвэн қиём кард, дастгирӣ намуд. Мусалмони ҷавон Ма (Муҳаммад) ҳангоми мудофиаи Пекин-пойгоҳи Ҷу Ди ва фатҳи Нанкин-пойтахти император худро шахси боҷасорат нишон дод. Дар натиҷа Ҷу Ди, ҷияни худро сарнагун карда, император шуд ва Ма, ки акнун ӯро Ма Санбао меномиданд, дар қаср нақши муҳимро иҷро мекард. «Санбао» се арзиши буддоияро ифода мекард ва рамзист, ки чунин унвонро ба мусалмон доданд.
Ҳафт баҳри Синдбод
Императори нав нақшаҳои бузург дошт. Ӯ ба рушди иқтисодиёт ва улуми гуногун ҷиддӣ аҳамият медод, хеле зуд Вйетнам, Корея ва Ҷопонро забт карда, тамоми роҳҳои тиҷоратии баҳрии уқёнуси Ҳиндро таҳти назорати хеш гирифтанӣ буд ва сиёсати зӯроваронаро пеш гирифт. Дар омади гап, ягона ҳокими давр, ки Ҷу Ди бо ӯ муносибати баробарона дошт, Амир Темур буд, дигар ҳокимони давр ва кишварҳоро ӯ ҳамчун «вассал»-«тобеъ»-и худ мепиндошт ва намояндагони император Самарқандро зиёрат мекарданд. (Узр мепурсам. Як чизро қайд бояд кард ва ин дар доираи мавзӯъ аст. Ин ҷо банда нақши «адвокат»-и Темурро ба дӯш намегирам, аммо хоҳам гуфт-имрӯз онҳое, ки ба Темур санг мезананд ва «қотили халқҳо» меноманд, як чизро бояд фаромӯш накунанд-маҳз Амир Темур буд, ки Осиёи Миёна, макони зисти эронитаборон ба чанги сулолаи Мини қувватгирифта науфтод, вагарна дар акси ҳол ҳамаи мо, мардумони ин ҷо маскунбударо тақдири уйғурҳо, дунганҳо, мяо, хуэй ва дигар халқиятҳо интизор буд. Имрӯз ба гумони ғолиб ҳамаи мо як фарҳанги балъамидаи чиниро мемондем ва аз аслу асолати хеш дур. Ва ҳамин «садҳо ҳазор калламанораҳо»-и гӯё аз лашкариёни Темур боқимонда низ устуравӣ менамоянд, чун пажӯҳишгарон дар макони онҳо ҳафриёт гузарониданд ва ягон далели чунин бераҳмиҳои бузургро наёфтанд. Таърихнигорони баъдӣ, маддоҳони сулолаи дигар (Шайбониён) ва пайравони онҳо ғаразнок тамоми айбҳоро ба Темур часпониданд. Албатта, ҷанг ҷанг аст, махсусан ҷангҳои асримиёнагӣ ва лашкариёни Темур низ аз худ то андозае бераҳмиҳо нишон додааст. Вале ҳарифони ӯ низ аз мум сохта шуда набуданд ва онҳоро низ «мусичаи бегуноҳ» ба қалам додан кори хатост. Чи гӯем, ки дар «қарни мутамаддини» 20 ва идомааш дар қарни 21 бераҳмиҳои гӯшношуниди ҳазорҳо маротиба бадтар аз ин-камераҳои газӣ, кушторҳои ваҳшиёна (аз ҷониби сарбозони ҷопонӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ба монанди ДИИШ ва тимсоли ин) бомбаборонкуниҳои ҳастаиву кассетавию кимиёвӣ рух додаанду мутаассифона, то ҳол рух медиҳанд. Темур Шоҳрухия ва дигар шаҳрҳоро эҳё намуд, боғу гулгашт ва дигар иншоот месохт. Маҳз замони Темур Самарқанд ба «Сайқали рӯйи Замин», ба як шаҳри зебову бузург табдил гардид, ки мо тоҷикон аз он фахр дорем ва он фиристодаи шоҳи Испания де Клавихоро ба ҳайрат оварда буд. Ва дар қаламрави империяи бузурги ӯ ва махсусан дар пойтахти он-Самарқанд тамоми навиштаҷоту номҳо форсӣ буданд. Маҳз ворисони Темур («Муғулҳои Бузург») буданд, ки тӯли 334 сол дар Ҳинд забони форсӣ ҳукмрон буд, танҳо англисҳо миёни онро шикастанд. Зебунисову Бедил ва ҷамъи дигар бузургони Ҳинди афсонавӣ аз қавми барлос-қавми Темур буданд ва инҳо зиёдтар аз миллионҳо эронитаборон хидматҳои бузургтареро дар илму адаби форсӣ карданд. Шоҳ Акбар, ки аз зурриёти ӯст, то ҳол миёни мардуми Ҳинд маҳбубият дорад ва нишонаи барҷастаи шоҳи хирадманд ва таҳаммулпазирист. Мо дидем, ки авали қарни 20 баъзе тоҷикони худамон барои нафси хеш миллату забонро фурӯхтанд ва аз тоҷик будани худ шарм доштанд ва барои гуфтугӯ бо забони модарӣ ҳатто ҷаримаҳоро ҷорӣ карданд. Чи гӯем, ки «аз мост, ки бар мост»…Замони Темур империя ва роҳҳои он, мардум дар амн буд ва тоҷирону сайёҳон озодона рафтуо мекарданд ва дуздро низ ҷазои сахт интизор буд, порахӯрро низ. Темур Тухтамишхонро мағлуб намуд ва бо ин амалаш миёни ҳукмронии чандсадсолаи муғулҳоро дар сарзамини Рус шикаст, султони номовари усмонӣ, фотеҳи Балкан ва ғолиби ритсарҳои аврупоӣ Боязиди Барқосоро шикаст дод ва хавфи забти Аврупо аз ҷониби туркҳоро бартараф кард, садди нақшаҳои таҷовузгаронаи сулолаи Мин нисбати Осиёи Марказӣ шуд-агар ин намебуд, исми мо имрӯз аз ду-се ҳарф иборат буду халос. Шайбониҳои баъди ӯ омада он қадар ваҳшоният содир карданд ва ягон ободие қариб боқӣ нагузоштанд, вале дар таърих номи Темур бамаротиб сиёҳтар аст. Ба қавли коршиносони маъруф, таърих худ илм нест, балки «ҳуҷҷатгузорӣ» дар замони муайян аст, ки бо такя ба манфиат ва ғарази ҳокимони давр сабт мешавад. Ва таърихнигорони маддоҳи ҳокимони баъдӣ барои зудуда сохтани ҷанбаҳои мусбати салтанати Амир Темур аз ӯ «аждаҳо» сохтанд. Бале, Темур фотеҳ ва ҳокими сахтгир ва ҷое бераҳм низ буд, инро касе инкор намекунад, аммо хидматҳое, ки ӯ кардааст, инро набояд фаромӯш сохт. Пас, барои ҳамин, дар таҳлили шахсияти ӯ эҳтиёткорӣ мебояд).
Аммо баъд аз пурқувват шудани Империяи Мин дар қисми континенталии Осиё мақсади асосии император баҳру уқёнусҳо гардиданд ва Ҷу Ди, ки пайрави рушди улум буд, сохтмони флотилияи бузургро оғоз намуд ва ба сарварии он Ма Хэро гузошт. Ма акнун Чжэн Хэ ном дошт-ин мукофоти ӯ барои хидматҳои содиқонааш буд.
Чжэн Хэ ҳафт маротиба ба ҷустуҷӯи заминҳои нав баромад. Дар муддати кӯтоҳи аз соли 1405 то 1433 ҳафт саёҳати бузург «киштиҳои ҷавоҳирот»-и чиниро ба ҳаракат дароварда, ба уқёнуси Ҳинд, аз Тайван то ҷазираҳои Индонезия ва соҳили Малабари Ҳинд, бандарҳои сарватманди Халиҷи Форс ва ба поён қад-қади соҳили қитъаи Африқо ва ҳатто мумкин то Австралия, 300 сол қабл аз он, ки Ҷеймс Куки бритонӣ онро кашф кард, рафта расиданд. Зиёда аз 300 киштиро доро буда, флоти фантастикии император Ҷу Ди як шаҳри боҳашамати шинокунандаро мемонд, ки «Писари Осмон», императори Чин аз «шаҳри мамнуъ»-аз аз Пекин ба омӯзиши дунёи ҳамонвақта равон карда буд.
Ин экспедитсияҳо ба оламиён хабари равшан медоданд-Чин абарқудрати сиёсӣ ва иқтисодии замони худаш аст ва дар сари ин саёҳатҳои бузург адмирали барҷаста бо исми Ма ё Чжэн Хэи аслаш бухороӣ меистод.
Ҳар гоҳе, ки Чжэн Хэ ба баҳр мебаромад, дар ихтиёраш зиёда аз 30 ҳазор сарбоз дошт. Эҳтимол меравад, ки ӯ дар яке аз сафарҳо бо флотилияи бузургаш Маккаву Мадинаро зиёрат карда, унвони «ҳоҷӣ»-ро соҳиб гаштааст. Бархе коршиносон ақидаеро пешниҳод мекунад, ки ӯ пеш аз Христофор Колумб ба қитъаи Амрико рафта расид, аммо то ҳол далелҳои қатъӣ дар бораи ин мавҷуд нест ва ин нуқтаи назар то андозае баҳснок аст. Аммо имкониятҳои технологӣ ва молиявии онвақтаи Чин ба император имкони кашфи Амрикоро муҳайё месохтанд, агар хитоиҳо дар бораи мавҷуд будани чунин як қитъа тасаввуроти аниқ медоштанд.
Коркардҳои технологии хитоиҳо дар киштисозӣ ва санъати баҳрнавардӣ дар замони император Ҷу Ди ба қуллаҳои баланд расиданд. Саёҳатҳои Чжэн Хэ то ин замон дар дунё ҳамто надоштанд ва ягон миллати дунё чунин иқдоми бузургро роҳандозӣ накарда буд. Ин саёҳатҳо ҳодисаи бемисли замони худ гаштанд. Имрӯз ҳам ҳукуматдорони Чини муосир фаъолона ин экспедитсияҳоро тарғиб ва пешгомии таърихии худро дар кашфи заминҳои нав ба оламиён гӯшзад мекунанд.
Киштиҳои ҳамонвақтаи аз лиҳози техникӣ пешрафтаи хитоиҳо чунин инноватсия (навоварӣ)-ҳое чун чамбаракҳои мувозинатӣ ва ҳуҷраҳои таиноташон гуногуни ҷудокардашудаву амсоли ин доштанд, ки аврупоиҳо қарнҳо баъд ба чунин сатҳи технологӣ расиданд. Дарозии киштиҳои 9-сутунаи Чжэн Хэ ба 400 фут (30, 48 см. А.Д.) мерасиданд, ки аз майдонҳои муосири футбол бузург буда, аз киштиҳои Колумб бамаротиб калон буданд-«Санта Мария»-и номдор ҳамагӣ 85 фут дарозӣ дошт. Дар экспедитсияи нахустин (1405-1407) Чжэн 62 киштии 9-сутуна, 200 киштии ҳаҷмашон гуногун ва 28 ҳазор сарбозро бо худ гирифт.
Таърихнигорон бо нобоварӣ оид ба тавсифоти киштиҳои хитоӣ назар доранд, аммо соли 1962 коргарон дар соҳили рӯди бузурги Янтзси боқимондаҳои киштии қадима, аз рӯйи тахминҳо, қисми чамбаракии онро ёфтанд, ки 36 фут дарозӣ дошт. Чунин чамбарак барои идоракунии киштие рост меояд, ки аз 540 то 600 фут дарозӣ дорад. Синни бозёфти мазкур 600 сол, яъне замони Чжэн Хэ буд.
Чи гуна баҳсҳое, ки набошад, чуноне қайд кардем, ин экспедитсияҳо барои ҷаҳон «сигнал»-и равшан медоданд-Чин кишвари абарқудрати сиёсиву иқтисодист. Тӯли 30 сол молҳои хориҷӣ, доруворӣ, донишҳои ҷуғрофӣ ва ғояҳои фарҳангӣ бо суръати баланд вориди Чин мешуданд ва «Империяи Осмонӣ» дар муддати кӯтоҳи таърихӣ таъсири сиёсиву иқтисодии худро дар тамоми миқёси уқёнуси Ҳинд паҳн кард. Акнун бошандагони он замон, кишварҳои дигар фаҳмиданд, ки ҳукмрон ва пештози давр кист.
Чин аз назари адён, миллат ва забонҳо кишвари гуногунранг буд. Дар муқоиса бо баҳрнавардони католики Колумб миёни маллоҳони Чжэн Хэ на танҳо хитоиҳои миллати хань, балки хитоиҳои мусалмони хуэй, форсҳо, намояндагони миллатҳои Осиёи Марказӣ ва арабҳо буданд. Рӯзномаи чини South China Morning Post аз профессор Liu Yingsheng аз Донишгоҳи Нанкин иқтибос меорад, ки мавсуф чунин ақида дорад-забонҳои муоширати флотилияи бузурги Чжэн Хэ форсӣ ё суғдӣ, лингва-франка (забони корбурд)-и тиҷорати Роҳи Бузурги Абрешими қадима буданд. Аммо ин нуқта баҳснок аст, чун дар қарни 15 забони суғдӣ дар Осиёи Марказӣ дигар истифода бурда намешуд. Ба гумони ғолиб, профессор забони тоҷикиро дар назар дорад, ки то ин замон аллакай ташаккул ёфта буд. Ғайр аз ин, дар флотилия тарғибгарони зиёди оини буддоия буданд ва худи адмирал бо фалсафаи буддоия, ҳиндуия ва ислом ошно буд.
Паҳнкунандаи оин?
Таҳлилгарон мегӯянд, Чжэн Хэ ва флоти ӯ дар паҳн кардани дини ислом дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ нақши калидӣ доштанд. Нигоҳ накарда ба ин, ки дар ҷазираҳои Ява, Суматра, Борнео ва дигар ҳудудҳо ҳанӯз аз қарни 8 тоҷирони арабу форс нуқтаҳои аҳолинишин бунёд карда буданд, аммо дини ислом маъмулан то қарни 15 дар ин ҷо ғолиб набуд. Мусалмонони чинӣ шаҳракҳои нав бунёд гузошта, ба сохтани масоҷид ва инфрасохтори дигар, ҳамчунин паҳн намудани оини ислом миёни аҳолии маҳаллӣ оғоз намуданд. Яке аз сарварони маъруфи динии Индонезия соли 1961 навишта буд: «Рушди ислом дар Индонезия ва Малайзия бо мусалмони чинӣ, адмирал Чжэн Хэ сахт марбут аст».
Дар рисолати миссионерии адмирали чинӣ қабули оини ислом аз ҷониби шоҳ Парамешвара баъд аз сафари ӯ ба қасри императорӣ ба Пекин ҷойгоҳи махсус дорад. Парамешвара, ки баъд аз мусалмон шудан Искандаршоҳ ном гирифт, пеш ҳокими Сингапур ва якчанд шаҳрҳои индонезӣ буд, аммо ҳангоми ҷангҳо фирор кард ва султонии Малаккаро асос гузошт, ки баъдан португалиҳо онро забт карданд. Сяо Сиан (Xiao Xian), профессори Донишгоҳи Юнани Чин бовар дорад, ки ба ислом рӯ овардани шоҳ Парамешвара дар паҳн шудани дини ислом дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ нақши ҳалкунанда доштааст.
Аммо дар баробари ин, ба адмирал ҳамчунин боварҳои эътиқодии чинии он замона бегона набуданд. Дар тахтаи хорое, ки мегӯянд бо фармони бевоситаи Чжэн Хэ гузошта шуда буд, ӯ ба худозани хитоӣ, муҳофизи баҳрнавардон Tianfei («Шоҳдухтари Осмонӣ») ҳамду сано мехонад ва ӯро миннатдорӣ мекунад. Академияи Хан иқтибосе аз ин навиштаҷот меорад:
«…(Мо) зиёда аз сад ҳазор ли (воҳиди қадимаи чинии масофа-500 метр. А.Д.) уқёнуси бузургро тай кардем ва мавҷҳои бузурги уқёнусро дидем, ки то ба осмон сар мекашиданд. Хоҳ дар тумани ғафс ё зери борони сахт, хоҳ зери шамолҳои тез, новобаста аз тағйироти ғайричашмдошт дар шароити баҳрӣ мо бодбонҳои абрии худро дар фазо боз мекардем ва шабу рӯз ба пеш шино мекардем. Агар мо ба ӯ (Шоҳдухтари Осмонӣ) бовар намедоштем, пас чӣ гуна чунин иқдоми бузургеро бе аз даст додани ҳаёти зиёд амалӣ мекардем? Ҳангоми пеш омадани хатар, ҳамин ки мо номи худои худ (Шоҳдухтари осмонӣ)-ро ба забон меовардем, нобаҳангом нури худовандӣ ҷило медод, ки бодбонҳо ва роҳи моро равшан мекард ва он гаҳ тарсҳои мо ба оромӣ табдил меёфт».
Аммо инро метавон то андозае ҳамчун муросо бо оини давлатӣ номид, чун дар мақбараи адмирал Чжэн Хэ дар Нанкин бо ҳуруфоти арабӣ навишта шудааст: «Аллоҳу Акбар».
Рамзи сулҳ, дӯстӣ, гуногунфарҳангият, боз будан ва нақши ҷаҳонӣ доштани Чин?
Император Ҷу Ди ташаббускори асосии ин экспедитсияҳои бузург буд, аммо элитаи конфутсианӣ (мазҳабӣ)-и чинӣ мухолифи ин иқдомот маҳсуб мегардид (вокуниши рӯҳоният дар ҳар давру макон, ки аз донишҳои нави дунявӣ ва пешрафту навовариҳо ҳарос дорад, чун таъсири он ба оммаро маҳдуд мекунад). Император соли 1424 вафот кард ва экспедитсияҳо қатъ гардиданд. Аз анҷоми экспедитсияи 6-ум (с.1422) 9 сол гузашт ва соли 1431 Чжэн Хэ, ки акнун 60 сол дошт, бо флот ба сафари 7-ум ва охирини худ баромад. Тибқи ривоёт, адмирал ҳангоми бозгашт ба Ватан соли 1433 вафот кард ва тибқи одати баҳрнавардон ҷасади ӯ ба баҳр андохта шуда, аммо дар ҷазираи Ява аз рӯйи оини ислом ҷанозаи Чжэн Хэро хонданд. Аммо тибқи дигар маълумот, адмирал ба Нанкин баргашт ва он ҷо соли 1435 фавтид.
Миёни элитаи чинӣ он замон назарҳои изолятсионӣ (ҷудо будан аз «дунёи беруна») ғолиб буданд. Ҳукуматдорони нав экспедитсияҳои баҳриро қатъ ва қисми зиёди маълумоти техникӣ оид ба флоти Чжэн Хэро ё нест карданд, ё аз даст доданд. Ба таъқиб кардан ва қатл намудани тоҷирон ва баҳрнавардони саркаш шурӯъ шуд. Замони олии экспансияи берунаи Чин ба замони изолятсионизми сахти он иваз гардид.
Новобаста аз он, ки таърихнигорони асримиёнагии Чин экспедитсияҳои адмиралро интиқод мекарданд, ӯ дар назди мардум, алалхусус сокинони минтақаҳои хитоинишини Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамчун қаҳрамон боқӣ мемонд. Хотираи Чжэн Хэ дубора замони сари қудрат омадани коммунистон зинда шуд-ҳамчун рамзи сиёсати сулҳҷӯёнаи Чин нисбати ҳамсоягон дар муқоиса бо амалкарди мустамликадорони ғарбӣ.
«Чжэн Хэ ба мардумони нав чой ва шоҳӣ меовард, на хун ва ғуломӣ»
Ҷефф Уайд аз Институти тадқиқотии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Сингапур дар мусоҳибаи хеш ба шабакаи ВВС-и Британияи Кабир иброз дошта буд: «Чжэн ҳамчун рамзи боз будани Чин ба ҷаҳон, ҳамчун қосиди сулҳ ва дӯстӣ тасвир мегардад». Истифодаи ин рамз имрӯз барои Чин муҳимияти махсус дорад, чун ҷалби Пекин ба сиёсати ҷаҳонӣ меафзояд ва кишвар кӯшиш дорад алайҳи синофобия («чинҳаросӣ», ки дар кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва маконҳои зисти диаспораҳои хитоӣ дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад) мубориза барад. Ҳукуматдорони Чин мегӯянд, Чжэн Хэ «ба мардумони нав чой ва шоҳӣ меовард, на хун ва ғуломӣ».
Вале, чуноне Ҷефф Уэйд қайд мекунад, флотилияи Чжэн Хэ ба таҷовуз низ даст задаст ва ҳадди аққал се маротиба ҳарифони худро «ба хокистар табдил додааст»-дар Ява, Суматра ва Шри-Ланка. Таърихнигорон менависанд, ки боре дар Шри-Ланка адмирал зӯран шоҳи сингалӣ ва оилаи ӯро дастгир намуда, ба Чин равон кард. Дар мавриди дигар, ҳангоми ворид шудан ба гулӯгоҳи Ҳурмузди Халиҷи Форс дар маркази моҷарои киштиҳои эронӣ монда, яке аз тарафҳоро шикаст дод ва капитани яке аз киштиҳои эронӣ, шахсе бо номи Искандарро асир гирифта, ба Пекин назди император фиристод.
Аммо «Ҷамъияти байналмилалии Чжэн Хэ» дар Сингапур ин «фарзияи ғарбӣ»-ро рад мекунад, ва иброз медорад, ки набардҳои адмирал ё посух ба таҷовуз буданд ё кӯшишҳои тоза кардани баҳр аз роҳзанҳо.
Синтия Браун дар мавод барои Академияи Хан навиштаҷотеро меорад, ки бо фармони адмирал дар тахтаи хоро ҳаккокӣ шудааст: «Дар кишварҳои хориҷ мо шоҳони барбари («ваҳшӣ»)-ро ба асорат овардем, ки намехостанд тағйиротро бипазиранд ва моро эҳтиром гузоранд, ҳамчунин роҳзанро нобуд кардем, ки беибо киштиҳо ва мусофиронро ғорат мекарданд. Роҳҳои баҳрӣ босубот ва тоза карда шуданд, мардумони хориҷӣ дар амн қарор гирифтанд».
Маҳсуб мегардад, ки маҳз адмирали чинӣ Чжэн Хэ тасвири симои ба ҷаҳон машҳури афсонаҳои шарқӣ-Синдбоди баҳрнавард аз «Ҳазору як шаб», ки «ҳафт маротиба ба ҷануби Осиё ва ба Африқо сафар карда, бисёр аҷоиботро дид», гардидааст. Дар ҳақиқати ҳол, ягон араб ё форсе бо исми «Синдбод» чунин сафарҳои бузургро анҷом надодааст-ин рисолати адмирали бузурги Чин Чжэн Хэ аст.
Баҳрнаварди бузург ба Чин донишҳои зиёди нав овард, аммо мутаассифона, баъдан онҳо то андозае гум шуданд (бо «хидматҳои» кӯҳнапарастон ва рӯҳонияти давр). Ӯ нуқтаҳои аҳолинишини чинӣ ва мусалмониро дар тамоми ҳудуди Осиёи Ҷанубу Шарқӣ асос гузошта, аввалин муносиботи Чин бо қораи Африқоро поягузор буд. Ӯ ҳоло ҳам ба мақсадҳои сиёсии Чини муосир хидмат мекунад. Образи баҳрнаварди бузурги мусалмон, ки аз номи Чин некӣ ва гуногунрангиро ба дигар мардумон мебурд, имрӯз хеле хуб ба ҳошияи сиёсати нави берунаи Пекин ва стратегияи «Як камарбанд-як роҳ» ворид гаштааст. Ин шахсияти бузурги таърихӣ адмили барҷаста, кашшофи заминҳо ва мардумони нав Ма (Муҳаммад), Чжэн Хэ, тоҷики бухороӣ аст.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: