Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бузургонро бузургон зинда медоранд

Бузургонро бузургон зинда медоранд

15-07-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 1461 нафар
Назарҳо: 2
Бузургонро бузургон зинда медорандМақоми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми таърих ва забону адабиёти тоҷик (Андешаҳо перомуни китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”)

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати фарҳангсолоронаи худ дар баробари раҳнамоӣ дар ҳамаи самтҳои зиндагиву фаъолияти мардуми тоҷик, дастгирии аҳли илму адаб, ҳамчун донишманди беназир, олими тавоно, суханвари мумтоз бо таснифи асарҳои баландмазмуну пурарзиш нақши бузургеро дар пешрафти илму адабиёт ва таърих гузоштанд. Қабл аз ҳама бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат аз осори бузургони миллат огоҳии комил ёфта, нисбати ҳар яке аз онҳо арҷгузории хосаро ба роҳ монда, худ низ чун бузургони миллат дар ҷовидонии таърих ва фарҳанги тоҷикон саҳм гузоштанд. Ба қавле:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Месазад аз арҷгузории Пешвои миллат ба бузургони миллат ёд кунем. Аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ғазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 700-солагии олим, шоир, мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби “Авасто”, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хисрав, 1025-солагии Ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии пешвои мазҳабии миллати мо - Имом Абӯҳанифа, 3000-солагии Ҳисори шодмон зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷӯии асолати миллӣ маҳсуб мешавад ва он маҳсули ибтикор ва раҳнамоиҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Собит мегардад, ки сиёсати Сарвари давлати мо маънавиасос буда, дар худ сабақҳои таърихи миллатро таҷҷассум мекунад ва роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан менамояд.

Яке аз китобҳои аз назари илмӣ қавӣ, ки дар масъалаи худшиносии миллӣ пурарзиш мебошад “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён” ном дорад. Омӯзиши ҳаматарафаи ин асар дар бунёдгузорӣ, ташаккул ва рушди тақвияти андешаи миллии халқи тоҷик аҳамияти беандоза муҳим дорад. Сарвари давлат дар ин китоб зикр менамоянд, ки “Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд”. Пешвои миллат масъалаи таърихнигорӣ ва аҳамияти таҳқиқи таърихро аз масъалаҳои муҳим шуморида, донистани таърихи гузашта - чи дуру чи наздикро дар камолоти шахсият ва ташаккули ҷомеа дорои аҳамияти аввалиндараҷа медонанд. Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз ориён то Сомониён” агар аз як ҷониб ифодагари меҳру аҷргузорӣ ба гузаштагони сарбаланди мо бошад, аз ҷониби дигар баёнгари дониши баланд ва истеъдоди фавқулоддаи пажӯҳишгарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.Чунончи Сарвари давлат менависанд:

“Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам”. Ҳамчунин назари илмии Эмомалӣ Раҳмон оид ба китоби “Авасто”, рисолати таърихии Зардушт ва таълимоти ӯ ҷолиби диққат мебошад. Воқеан ин таълимот, ки ҷавҳарашро “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ташкил мекунад, Пешвои миллат ба як маънӣ яке аз ҷанбаҳои сиёсати хирадмандонаи хеш донистаанд, ки мардумро ба сӯи рӯшноӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву ободкорӣ раҳнамун месозад. Ҳини омӯзиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён” хонанда оид ба методологияи нави омӯзиши таърихи ниёгон, ки аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ошно мегардад. Аз ҷумла, пешниҳоди Сарвари давлат дар бораи оғози давлатдории тоҷиконро аз давлатдории Каёниён, на аз даврони Сомониён маҳсуб донистан аз назари илми таърих сухани тозаест, ки дар натиҷаи таҳқиқи амиқ рӯи кор омадааст. Метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки Сарвари давлат дар ин китоби баландпояи хеш андешаҳои миллии тоҷиконро бо арзишҳои тозаи маънавӣ ғанӣ гардонидаанд.

Дар такя ба маводҳои илмиву таърихии китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён” метавон аз мақом ва манзалати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди маънавиёт ва ҳувияти миллии тоҷик сухан кард. Дар ин самт бо ташаббуси Пешвои миллат зинда шудани ҷашни Наврӯз ва мақоми давлатӣ гирифтани онро аз муҳимтарин дастовардҳо ва аз рукнҳои муҳими мафкураи миллии мардуми тоҷик дар замони истиқлолият шуморидан айни матлаб хоҳад буд. Воқеан, ҷашни Наврӯз маҳз мақому манзалати аслии худро дар замони Истиқлолияти миллӣ дарёфт ва моҳиятан ба дуввумин ҷашни миллӣ (баъди Рӯзи Истиқлолият) табдил ёфт. Ба қавли Пешвои миллат ”Пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад. Зеро тамаддуни Ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад.”

Рисола барои олимон, муҳаққиқон, аспирантону унвонҷӯён, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ чун обу ҳаво зарур аст. Ба қавли Пешвои миллатамон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд.” Ва ин китоб метавонад дар иҷрои ин рисолати бузурги таърихӣ чун дастури муҳим ва раҳнамои беҳтарин хидмат намояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳз зиёиёни асилро ба ҳам овардааст ва ин қувваи бузург дар амалӣ сохтани ормонҳои миллату давлат саҳми босазо гузошта омада истодааст, бояд дар тарғиби ин китоби баландпояи Пешвои миллат корҳои назаррасро адо намояд.
Сарфароз Юнусов, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои филология
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: