Яҳудиёни Бухоро Онҳо кистанд, кай ва аз куҷо дар Осиёи Марказӣ пайдо шуданд15-08-2018, 09:03
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Яҳудиёни Бухоро – намояндагони ҳамон ҷамоати бостонии бани Исроил ҳастанд, ки зиёда аз 2 ҳазор сол пеш ташаккул ёфта буданд. Мутобиқи яке аз ривоятҳои маъмул, аввалин яҳудиёни Осиёи Марказӣ пеш аз бунёди Бухоро, яъне беш аз 2500 сол пеш дар ин сарзамин пайдо шудаанд. Замоне, ки шоҳи форс Куруши Бузург Бобулро забт карда, ба яҳудиёни асиргирифтааш иҷоза дод ба Яҳудо баргарданд. Аммо вазъ чунин шуд, ки баъзеҳо сукунат дар Форси он замон нерумандро бартар аз бозгашт ба сарзамини бобоии худ донистанд. Дар натиҷа бо гузашти вақт яҳудиёни форс пайдо шуданд. Он қабилаҳои яҳудӣ, ки ба неруҳои ҳарбии «шоҳи шоҳон» (Куруши Бузургро чунин меномиданд) ба Бохтар - шимоли Афғонистон фиристода шуданд ва дар пайи таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар минтақа шуморе аз онҳо ба Бухоро омаданд. Онҳо ба сарзамини Туркистон дар даврони Темури ланг роҳ ёфтаанд. Темур пас аз шиносоӣ бо яҳудиён дар Ховари Наздик ба қаламрави давлати худ косибон, коргарони ихтисосҳои барои он замон камёб, вале лозим, пеш аз ҳама устоҳои читгару рангрезро даъват кард. Ба Бухоро аввалин шуда даҳ хонаводаи ҳунармандони рангмол омаданд ва дар Аморати Бухоро соҳаи мустақили санъати рангрезиро тасис доданд, онҳо нахустин коргоҳи рангомезӣ барои абрешим ва нахро ба роҳ монданд. Диаспораи яҳудиёни Бухоро бо мурури замон хеле зуд рушд кард ва онҳо тиҷорат ва баъзе аз намудҳои ҳунармандиро ба даст гирифтанд. Бо кӯшишу талоши онҳо чанд коргоҳи коркарди пунба, фурӯшгоҳ ва инчунин корхонаҳои шаробкашӣ дар Шаҳрисабз, Душанбе, Ҳисор ва худи Бухоро сохта шуданд, ки худи хонаводаҳои ҳунарманди яҳудиён дар ихтиёр доштанд. Яҳудиён зуд ба фарҳанги мардумони Осиёи Миёна ворид шуданд, ба таври комил таомул, фарҳанги моддӣ ва забонро омӯхтанд. Гӯиши яҳудиёни бостон намунаи аввалияи забони тоҷикӣ дар Бухоро шуд, ки худ як далели нуфузашон дар ин шаҳр метавонад бошад. Вазъияти яҳудиён дар ин шаҳр на ҳамеша хушҳолкунанда ва рӯзгорашон беғубор буд. Далелҳои таърихӣ гувоҳанд, ки аксари онҳо аз сӯйи қавмҳои маҳаллӣ мавриди озору азият ва саркӯб қарор мегирифтанд. Яҳудиёни Бухоро аз оғози сукунат дар ин сарзамин боҷ барои ҷон - ҳифзи ҳаёт ва инчунин барои ибодат кардану пойбанду риояи дини худ ҳақ мепардохтанд. Чун замони пардохт фаро мерасид, яҳудие, ки ба мақомот пул меовард, маъмурони боҷгир ба рӯяш ду шапотӣ мезаданд. Яҳудиёни пулдор ва сарватманд ин ҷазоро ба таври рамзӣ мегузаштанд. Барои яҳудиёни Бухоро аспсаворӣ мамнуъ буд, онҳо фақат ҳаққи бо хар аз як ҷой ба ҷойи дигар рафтанро доштанд. Агар яҳудӣ дар рӯ ба рӯи худ ба як мусалмон дучор меомад, аз маркаби худ бояд пиёда мешуд ва таъзим мекард, дар ғайри ин сурат мумкин буд, ки ӯро ба гуноҳи беэҳтиромӣ лату кӯб кунанд. Яҳудиён ҳаққи пӯшидани либосҳои абрешимӣ ва бастани камари худ бо рӯмолро надоштанд, онҳо ба сурати ҳатмӣ, ки аз болои хилъати худ банде мебастанд, то ғайримусалмон ва яҳудӣ буданашаон равшан ва ошкор бишавад. Бар иловаи ин яҳудиён ба ҷойи саллаҳои маъмулӣ маҷбур буданд кӯлоҳҳои пашмӣ ба сар кунанд, то ҳар мусалмон бидонад, ки дар рӯбарӯяш як ғайридин қарор дорад. Дар аввалҳои асри 20 дар Бухоро қариб 8 ҳазор яҳудӣ зиндагӣ мекарданд, ки ин 12 дарсади аҳолии шаҳр буд. Бо вуҷуди чунин ҳамзистӣ яҳудиён бо мардуми маҳаллӣ омезиш ва махлут нашуданд, зебоии чеҳра ва сафедии пӯсти барои минтақаи Туркистон ғайриоддии худро дар ин шароит ҳам нигоҳ доштанд. Соли 1865 яҳудиёни бухорӣ қариб дар ҳар шаҳри Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд. Дар худи Бухоро, ки бар асоси баъзе аз маълумотҳо ҳамин номи «Бухоро» ҳам баргирифта аз забони ибрӣ (иврит) аст ва маънои «баргузида» - ро дорад, онҳо дар ду маҳалла – Маҳаллаи Нав ва Куҳна мезистанд. Бино бар маълумоти сарчашмаҳо дар Душанбе дар аввали асри 20 (солҳои 1917 – 1920) низ 82 хонаводаи яҳудӣ зиндагӣ мекарданд, ки аксар пулдор, савдогар ва ҳунарманд буданд. Қадимтарин каниша (синагога) – и яҳудиён дар Осиёи Миёна дар шаҳри Бухоро сохта шудааст. Он зиёда аз 400 сол таърих дорад. Бино ба ривоятҳо онро як бевазани яҳудӣ, ки ба далели зебоӣ ва ҳунармандии худ ба ҳукуматдорон маъқул буд, бо истифода аз таваҷҷуҳе, ки ба ӯ доштанд, дар маҳали зисти худ сохт, балки ӯ хоҳиш кард ва мақомот барояш ин ибодатгоҳро бунёд карданд. Ҳоло дар Бухоро ҳамагӣ наздики сад яҳудӣ умр ба сар мебаранд, ки онҳо барои фарзандон мактаб ва боғчаи бачаҳо доранд. Тарҷумаи Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.