Ҷашни 80-солагии таъсисёбии ноҳияи Қумсангир22-01-2016, 10:05
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир 80-солагии таъсисёбии ноҳияи Қумсангир ҷашн гирифта шуд. Чорабинии мазкур дар бинои қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки васеи мардуми ноҳия, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва меҳмонон сурат гирифт. Чорабиниро узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муовини раиси ноҳияи Қумсангир Хушрафтор Латипова оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, аз таърихи 80-солаи ноҳия нақл намуд. Қайд гардид, ки ноҳияи Қумсангир таърихи худро аз 19 январи соли 1936, ҳамчун ноҳияи мустақил оғоз намудааст. Қумсангир яке аз ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он аз ҷануб бо Давлати Исломии Афғонистон, аз ҷанубу шарқ бо ноҳияи Панҷ, аз шимол ба ноҳияи Ҷ. Румӣ ва аз ғарб бо ноҳияи Ҷиликул ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 131,1 ҳазор км2 буда, дорои 124,5 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад. Асоси хоҷагии халқи ноҳияро хоҷагии қишлоқ ташкил медиҳад ва шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерии ноҳия ба 4236 адад мерасанд. Деҳқонони шуҳратманди ноҳия дар ғанӣ гардонидани бозори дохилии ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар чорабинӣ пешқадамони истеҳсолот, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону табибони беҳтарин, сохтмончиён ва нафароне, ки дар рушду нумуи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Вохӯрӣ бо консерти идонаи санъаткорони хонаи фарҳанги ноҳия анҷом ёфт. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар В. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.