Таҷлили ҷашни Истиқлолият10-09-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 412 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Бохтар бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии «Ҷашни Истиқлол муборак, Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор ифтитоҳ намуда, оиди дастовардҳои беназири 24-соли Истиқлолият, сулҳу суботи ҷомеа, корҳои созандагию ободонӣ ва пешрафту тараққиёти солҳои гуногуни ноҳия андешаронӣ намуда, ҳамагонро бо ин ҷашн табрику муборакбод намуд.
Дар чорабинии идона раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, пешқадамони истеҳсолот ва фаъолону собиқадорон иштирок доштанд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷобирзода Тоҳир Гул ва дигарон низ оиди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, дӯст доштани Ватан ва худшиносию худогоҳии миллӣ сухан ронданд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо барномаи адабию мусиқии «Поянда бодо Истиқлолияти Тоҷикистон» диққати ҳозиринро шод намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.