Муроҷиатномаи собиқ аъзоён, фаъолон ва роҳбарони бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир21-09-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Мо, собиқ аъзоёну фаъолон ва роҳбарони бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз воқеаҳои сиёсие, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ рух дода истодаанд, бетараф буда наметавонем. Ин воқеаҳо моро ба ташвиш оварда истодааст, мо оромӣ ва тинҷию амониро дар кишвар аз ҳама чиз афзалтар мешуморем. Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва Ватанамонро ободу зебо гардонида, иқтисодиёти ҷумҳуриро баланд бардорем.
Шукронаи Офаридагори олам, ки дар фазои сулҳ, тинҷию оромӣ, ки тавассути сиёсати дурусти Сарвари давлат ба даст омадааст, озодона нафас мекашем. Тоҷикистон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит кард, ки тоҷикон тамаддунофар буданд ва оянда низ метавонанд, ки бо хираду заковати фавқуллодаи хеш дар ҷаҳони муосир нақши муассир гузоранд. Шукри Парвардигорро, ки ба фарзандони мо рӯзгори хуши даврони истиқлолиятро насиб гардонидааст. Онҳо ҳамсоли истиқлолияту ваҳдат ҳастанд. Шукргузор аз он ҳастем, ки миллати тоҷик роҳбари хешро дуруст интихоб намуда, таҳти роҳбарии ӯ зиндагии осуда ба сар бурда истодааст. Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст. Аммо мутаассифона, ин пешравию дастовардҳо баъзе ашхоси бадтинат ва бадгуҳарро нороҳат месозанд ва онҳо бо амри «хоҷагон»-и дохилию хориҷии худ даст ба тахрибкориҳо мезананд. Ҳодисаи фоҷеабори 4-уми сентябр, ки ба сари халқи тоҷик омад, душманони миллату Ватан тарҳрезӣ намуда, сипас дар пайи амалӣ намудани он шуданд. Мо яқин медонем, ки ҳизбе, чанде пеш мо аъзои он будем ба ин амалҳо бевосита даст дорад. Чунки афроде, ки ба ин амалҳои нангин роҳбарӣ мекарданд, соле чанд қабл дастпарварди ҳамин ҳизб буданд. Ҳарчанд ин ашхос, ки мақсаду нияташон танҳо расидан ба ҷоҳу мансаб буд ва бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба зинаҳои баланди сохторҳои қудратӣ расиданд бо вуҷуди доштани тинати сиёҳ боз ба давлату миллат хиёнат карданд. Ин гуна рафтор, ин гуна кирдор хоси ин гуна «ашхос» аст, ин гуна муносибат танҳо ба намояндагони як ҳизб хост, ҳизбе, ки аз барномаҳои дохилии он аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, ҳизбе, ки на якбору дубор ба халқи худ хиёнат кардааст, бародарро бо бародар, писарро бо падар ҷанг андохтааст, ҳизбе, ки роҳбарони он аз «мардумдӯстдорию», «ватанпарастӣ» дар ҳама ҷо ҷоғ мезананд, аммо дар лаҳзаҳои мушкил худ ба хориҷи кишвар рафта, бо маблағҳои боз аз ҳамон «хоҷа»-ҳо гирифтаашон ба кайфу сафо машғул мешаванд. Ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом ном аст. Ин фоҷеа бори дигар чашми миллати моро нисбати ҲНИТ ва сарваронаш боз кард. ҲНИТ дар интихобот шикаст хурд. Мардуми оддӣ онро дастгирӣ накарданд. Бо як овоз ба манъи фаъолияти он бархостанд. Мо собиқ аъзоёну фаъолон ва роҳбарони бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир имрӯз фаҳмидаем, ки дигар ниёз ба чунин ҳизб надорем ва танҳо бо меҳнати ҳалоли худ заҳмат кашида, зиндагии ободу осоиштаи худро саришта карда метавонем. Бо пешниҳоди дастаҷамъонаи худ аз роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҷумҳурӣ ҳарчӣ тезтар қатъ намоянд. Дини ислом ба ягон ҳизб мӯхтоҷ нест. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.