Ҷашни фархунда10-09-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Фархор чорабинии фарҳангию сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар ҷашни Истиқлолият узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳия Раҳимзода Раъно баромад намуда, ҳама мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати ҷашни Истиқлолият табрику муборакбод намуд. Инчунин изҳор дошт, ки Истиқлолият бебаҳотарин неъмати Худовандӣ аст. Ҳама инсонҳо дар кишвари соҳибистиқлол хушбахтанд. Мо хушбахтем, ки дар чунин кишвари озоду соҳиби Истиқлолият таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фазои тинҷу осоишта зиндагӣ ва кору фаъолият дорем. Дар ҷашни Истиқлолият инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар баромад намуда, ба муносибати ҷашни Истиқлол кулли мардуми Фархорро шодбошӣ намуд. Инчунин дар фарҷоми бахши сиёсии ҷашни Истиқлолият ба як қатор фаъолони ноҳия, ки дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия саҳми босазои худро гузоштаанд, Ифтихорномаҳои раиси ноҳия ботантана супорида шуд. Дар бахши фарҳангии ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санъаткорони Шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, бо рақсу сурудҳои дилошӯб хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.