Вохӯрӣ бо интихобкунандагон8-09-2015, 13:00
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
![]() Тайи се рӯз вакили ҷавон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, аз ҲХДТ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар меҳмонии интихобкунандагони ноҳияи Панҷ буд. Рӯзи 8 сентябр, ки дар ноҳия тантанаи идонаи ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, ӯ иштирок намуда, мардуми ноҳия ва интихобкунандагонро аз номи худ ва аз номи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Оиди дастовардҳои 24-солагии истиқлолият ва саҳми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дастовардҳо муфассал гуфта гузашт. ![]() Дар охири вохӯриву суҳбатҳо дастаи ҳунарии Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи идонаи консертӣ баромад намуда, хотири интихобкунандагонро шод намуданд. Чунин вохӯриву суҳбатҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии «Қумсангир-33» Сабуров Мирзодавлат ва «Фархор-34» Исмонов Саидҷаъфар то 20 сентябр идома меёбанд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.