Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таъмини сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти давлатӣ бузург аст

Ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таъмини сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти давлатӣ бузург аст

6-03-2019, 18:24
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таъмини сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти давлатӣ бузург аст

ДУШАНБЕ, 06.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури фаъолзанони ҳизб маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён тамоми занону модаронро бо фарорасии иди баҳору зебоӣ ва Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, осмони софу беғубор ва ба хонадонашон осоиштагию рӯзгори хуш таманно намуд.

Мавсуф доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози назар намуда, афзуд, ки маҳз бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат фаъолона саҳм мегузоранд. Муовини Раиси ҲХДТ нақши занони тоҷикро дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон бузург арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи зиндагӣ ва тарбиятгари фарзандон буда, новобаста ба пастиву баландиҳои зиндагӣ рисолати худро дар тамоми давру замон сарбаландона иҷро намудааст.

Дар маҳфили фарҳангӣ ҳамзамон аъзои Кумитаи марказии ҲХДТ, фаъолзанони мамлакат ва дигар собиқадорон доир ба нақши зан-модари тоҷик дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандони шоистаю солеҳ, ки номбардори миллату давлатанд, сухан гуфтанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи марказии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ва дигар иштирокдорон доир ба ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таҳкими сулҳу амният, ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва нақши Президенти мамлакат дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки занон дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла фаъолияти ҲХДТ нақши муассир мегузоранд. Аз 63 ҳазор нафар аъзои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 45 фоизашро занон ташкил медиҳанд.

Шоираи ширинкалом Меҳриниссо бо қироати шеърҳо дар васфи зан-модар ба маҳфили фарҳангӣ нуру зиё бахшид.

Дар анҷом ҳунармандони боистеъдод ва хушсалиқаи кишвар барномаи ҷолиби консертиро ҳамчун гулдастаи баҳорӣ ба фаъолзанон тақдим намуданд, ки тараннумгари меҳру муҳаббат, садоқат, малоҳат ва зебоии зан –модари тоҷик буд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: