Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АЁДАТИ ЗАНОНИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ МОДАРОН ХОТИРМОН БУД!

АЁДАТИ ЗАНОНИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ МОДАРОН ХОТИРМОН БУД!

9-03-2017, 10:20
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
АЁДАТИ ЗАНОНИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ МОДАРОН ХОТИРМОН БУД!Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия бо роҳбарии Файзуллозода Заррина-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба аёдати занону модарони собиқадори меҳнат ва собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошанд ташриф оварда, онҳоро ба Рӯзи Модар табрику муборакбод намуданд.
Файзуллозода Заррина-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба онҳо барои меҳнату заҳматҳои беназирашон дар ободию созандагӣ, рушду инкишоф, таҳкимбахшидани истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ азри сипосу минатдорӣ намуданд.
Бо таъкиди Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошанд. Модари тоҷик тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд. Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст».

АЁДАТИ ЗАНОНИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ МОДАРОН ХОТИРМОН БУД!
Дар вохӯри занони собиқадор аз зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти худ қиссаҳои ҷолиб ва хотирмон намуда, лаҳзаҳои ҷолиби зиндагонии худро бо як ҷаҳон таасуроти нек баён сохтанд.
Собиқадорони меҳнат ва собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе изҳори хушҳолӣ намуданд.

Ҷамшед Олимов.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: