Мо ҷавонони даврони Истиқлолият бар зидди терроризму экстремизм муборизаи беамон хоҳем бурд!5-02-2019, 09:22
Хабарро хонданд: 1404 нафар
Назарҳо: 0
ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар бештари давлатҳои дунё миллионҳо нафар одамон гирифтори таҳдиду амалкардҳои тундравона ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва ин вабои аср, яъне терроризм ва ифротгароӣ ба хатари ҷаҳоншумул табдил ёфта, оқибатҳои даҳшатбору тӯлонии ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад. Бинобар ин, мо ҷавонони даврони истиқлолро зарур аст, ки пайваста ба омӯхтани илму дониш, иродаи қавӣ дӯст доштани Ватан-Модар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амали кирдорҳои номатлуб дур бошем. Пас, мо ҷавононро зарур аст, ки тамоми қувваю нерӯи худро барои мубориза бар ин хатари нафрин сарф намоем. Мутаассифона, ин гурӯҳи хоинони миллат ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Ҳалим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакону ёронашон номи исломро доғдор менамоянду аз номи ин номи пок баромад менамоянд. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 102 мамлакати дунё аз тарафи террористону ифротгароён ҳадафи ҳамла қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои ғайриинсонгароёнаи онҳо одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар одамон макону манзили зисташонро тарк карданду доғи ин вабои асрро чашидаанд. Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози рӯзҳои истиқлолият ҷони худро дар хатар гузошта, барои миллати тоҷик сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва шукуфоии кишвар талош меварзад. Мо ҷавонони даврони истиқлолро мебояд, ки аз ин фазои тинҷу ором, сулҳу субот, ки умр ба сар мебарем шукургузор бошем ва ба қадри истиқлолияти бадастовардаи Тоҷикистони маҳбубамон расем. Нагузорем, ки нохалафе барои ин миллат ин сарзамини азизамон, ки номаш Тоҷикиситон аст бо чашми бад нигард ва барои оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон ҳамеша омода бошем. Асақолов Алиҷон, сокини ноҳияи Ш. Шоҳин |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.