Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҳкум мекунем!

Маҳкум мекунем!

3-08-2018, 08:45
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
  Маҳкум мекунем!
Мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди насли имрӯзу фардо вазифадорем, ки Истиқлолияти давлатии худро ҳимоя намуда, баҳри боз ҳам шукуфоии кишвар, осудагии халқу миллати та
маддунофари тоҷик саҳмгузор бошем. Шукргузорем, ки сарварии давлати Тоҷикистони биҳиштосоро нафаре ба дӯш доранд, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо сулҳоварию ваҳдатпарварии худ шинохта шудаву баҳри ободию осоиштагии диёри азизамон ва халқи Тоҷикистон љонфидоиҳо мекунанд.
Воқеаи нангине, ки чан рӯз қабл дар кишвари мо рух дод, бори дигар моро ҳушдор менамояд, ки нисбати тақдири давлату миллати худ бетараф набошем. Онҳое, ки имрӯз дар пардаи ислом худро пинҳон мекунанду бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуб даст мезананд, кӯшиш мекунанд, ки обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода намоянд. Рафтори ноҳавонмардонаи ашхоси шомил ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки чор нафар сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд, ба иззату шаъни инсони комилу солимфикр созгор нест. Онҳое даст ба чунин куштори ваҳшиёна заданд, ки ҳадду андозаи инсонигариро намедонанд, лоиқи номи инсонӣ нестанд.
Мо, омӯзгорон - кормандони филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар пайгирӣ аз Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум мекунем. Бахусус, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса пайдо намудааст, бо боварии комил зикр менамоем, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи ин сиёсати созанда боз ҳам муттањҳидтар гардида, ба хотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо ин гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат сарҷамъона муборизаи беамон мебарем. Нест бод хоинони Ватан!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: