Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАЗАР АЗ ТЕРРОРИЗМ

ҲАЗАР АЗ ТЕРРОРИЗМ

31-01-2019, 10:15
Хабарро хонданд: 948 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЗАР АЗ ТЕРРОРИЗМ

Ашт:-Терроризм (даҳшатафканӣ) шакли ниҳоии хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад ва беш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Қарни 21 айёми гулгулшукуфоӣ ва тараққиёти илму техника буда, моро водор менамояд, ки дониши худро баланд бардорем ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор бошем. Пеш аз ҳама дар назди мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизамон истодааст. Мо бояд зиракии сиёсии хешро боло бардорем ва нагузорем, ки ҳар гуна афроди зишт, ба монанди ғояҳои ҳизбӣ ба номи террористиву экстремистии наҳзати ислом дар шуури мо ақидаҳои номатлуби терроризм ва эктремизмро ҷой диҳад.
Кабирӣ солҳои зиёд ҳамчун роҳбари Ҳизби наҳзати ислом фаъолият бурд, лекин мақсади асосии ӯ пешравии иқтисодиёти Тоҷикистон не, пешравии иқтисодиёти оилаи худ ва хешовандонаш буд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои даромади муфту ивғоандозӣ байни мардуми осоишта фаъолият намуда, бо фитнаангезиву вайронкорӣ зиндагии хешро пеш мебурданд. Бо ин рафтори хеш дар назди хоҷаҳои бурунмарзӣ ҳисобот дода, барои ҳар як амали ношоиста, ки барои паст задани миллати тоҷик, обрӯю нуфузи Тоҷикистон нигаронида шуда буд, маблағҳои ҳаром мегирифтанду барои зану фарзанд истифода мебурданд. Ин шахсон мақоли “Сих сӯзаду дег ҷӯшад”-ро пешаи кори худ карда буданд.
Вақте ки фарзандро бо нони ҳароми хориҷиён тарбия мекунед, хатман ҳаромхур ва кӯрнамак мешаванд, вале ин говҷигарон аз ин ҳазар накардаанд. Имрӯз Кабирӣ дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда муқобили Тоҷикистон амалҳои зишт карда истодааст.
Дар урфият мегӯянд, ки “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ин мақол маънои фалсафӣ дорад, зеро мардуми оддӣ аз таърихи пайдоиш омӯхта-омӯхта ин мақолро гуфтаанд.
Мардуми тоҷик ва тоҷикистониён таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ҳамаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ қодиранд. Мо бо дили софу меҳри Ватан ба ҳимояи Ватан-Модар ва пешбурди иқтисодиёти Тоҷикистон, беҳтар намудани дараҷаи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон қодир ҳастем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: