Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳушёрии сиёсӣ

Ҳушёрии сиёсӣ

20-07-2018, 08:13
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Ҳушёрии сиёсӣ
Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Имрӯзҳо гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардида истодаанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср метавонад дар як лаҳза одамро ба маргу куштору ва корҳои ҷинояти оварда расонад.
Воқеан, дар шароити имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравию Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегардад. Дар шароити муосир имрӯза гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Ан ин хотир ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок бахсус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: