Ҷавонон- зидди терроризм18-05-2017, 08:26
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Вобаста ба иҷроиши нақшаи чорабиниҳои намояндагии «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Панҷ баҳри бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон ва пешгирии гаривиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ як қатор корҳои ташвиқотиву таблиғотӣ гузаронида шуда истодааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва №28-и ноҳия дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» таҳти унвони «Ҷавонон- роҳгумзада нашавед!» бо иштироки хонандагон ва омӯзгорони ҷавон вохӯрии хотирмон гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки дар бисёр кишварҳои дунё, алалхусус дар Тоҷикистони маҳбубамон ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд, таҳкими нерӯи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба ҷавонони худогоҳу ватанпарвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро ҷавонони Ватан меросбарандаи давлату миллати куҳанбунёди Тоҷикистони азизамон мебошанд. Мутаассифона, гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар роҳу васоит барои ҷалби мурдум махсусан, ҷавонони ноогоҳ талош меварзанд. Яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин омили иҷтимоӣ мебошад. Вазъи иқтисодии ҷавононро ба инбот гирифта, таблиғгарони ғояҳои ифротӣ бо ҷавонон пулу мол ва сарвати зиёд ваъда менамоянд. Ҷавононе, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надоранд, равандҳои ҷомеаи ҷаҳониро дарк карда наметавонанд, ингуна гурӯҳҳои ифротиро дунболагирӣ мекунад. Бинобар ин, яке аз роҳҳои пешгирӣ ин баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғоти нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва пайёмадҳои гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Мебояд, ки мо ҷавонон барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона ва содиқона устувор бошем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.