Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ақли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст...

Ақли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст...

5-02-2019, 08:42
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
                                      Ақли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст...

Миллати тоҷик дар таърихи арзи ҳастии тамоми миллатҳои дунё миллатест, ки бо тамаддун, фарҳанги ғанӣ ва фарзандони фарзонааш номдору эътироф шуда мебошад. Интихоби қавму миллат дар дасти инсон нест ва ҳар қавму миллат хусусияту урфу одат ва фарҳанги ба худ хоси худро дорост. Таърих гувоҳ аст, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ баъзе миллатҳо, ё ба қавле фарҳангдуздҳо ном барем, хато намекунем, барои бузург намудани фарҳанг ва таърихи кучаки халқу қавмияташон талош бар он мекунанд, ки орифони бузург, шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ ва ё намунае аз фарҳанги эътирофшудаи сатҳи ҷаҳониро дар созмонҳои байналмилалӣ бо асосҳои ночиз ба номи худ ва ё фарҳанги худ шомил кунанд. Аммо таърихи гузаштаро ба пуррагӣ иваз кардан на кори саҳлу осон аст. Дар намунаи чанде аз мақолаву китобҳо баъзе факту рақамҳоро иваз кардан мумкин аст, аммо иваз намудани ҳофизаи инсоният ва маъхазҳои таърихии башарият ғайриимкон мебошад. Таърихи тамаддунофари миллати тоҷик барои ҳимоя ва ҳифзи он марҳила ба марҳила дар ҳар вақту замон аз худ ёдгорие ва ё орифи бузурге бо намунаи асарҳои ҷаҳонӣ боқӣ гузошт ва ин раванд дар марҳилаи муосири миллати тоҷик низ идома дорад.
Дар тамоми набарду муборизаҳои қавмӣ миллати тоҷик ба сари миллате ҳуҷум накардаю дар пайи тороҷи ягон қавм накӯшидааст. Дар чунин пайроҳаи пурталотум арзи вуҷуд намудани миллати тоҷик зери тасарруфи қавму миллатҳои дигар метавонист аз байн равад. Дар ҳама давра, ки зери тасарруфи қавму миллатҳои гуногун буд, кӯшиш намуд, то расму анъана, фарҳанг ва забони модарии хешро фаромӯш насозад ва дар ин росто, сарфароз аз халқи фарҳангсолор ва китобдори худ ба фармонбардорӣ ва мутеи дигарон шудан сар фуруд наовард.
Тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ нагардад ғуломи кас,
Ин фикр пора кунад ҳалқу коми кас.
Забони поку ноби модариаш буд, ки ғосибон дар дарбор дастуру китобатро бо ин забони ширини шоирона баҷо меоварданд ва ҳамин далели барҷаста басанда аст, то башарият дарк созанд, ки тоҷикон миллати фарҳангсолор буда, бо забони устувору луғоти ғании хеш тӯли садсолаҳо ин забонро забони илм, фарҳанг ва адабиёт қарор додаанд, агарчи тоҷу тахти эшонро бегонагон соҳиб гаштаанд.
Сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ, боварӣ ба ояндаи нек яке аз хислатҳои накуи ин миллат ба шумор меравад ва муваффақ буданаш ҳам аз ҳамин хислат сарчашма мегирад. Дар баробари тамоми миллатҳои сайёра бо тамаддун бою пурғановат, маданияти баланди шарқиёна ва давлатдориву давлатсозии абармардони номварӣ дирӯзу имрӯзи саҳфаҳои таърихаш маъмулу машҳур аст.
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, таъсири омилҳои қавмию фарҳангӣ ва ҳодисаҳои даҳаи асри 20 ва ибтидои асри нав чандин давлату миллатҳоро аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба нестию парокандагӣ бурд. Дар такя ба навиштаи таърих метавон гуфт, ки миллати тоҷдорӣ мо шурӯъ аз асрҳои 5 ва 6 – мелодӣ инҷониб арзи ҳасти карда, то расидан ба асри иттилооту иноватсия, яъне қарни 21 чандин моҷароҳои таърихро паси сар карда, борҳо хоки меҳмоннавозу фазои сулҳхоҳаш қадамҷои аҷнабиёни истилогар гардидааст.
Тамоми бадбахтиҳо ва ҷабру зулме, ки миллати мо аз ҷониби истилогарон дар тамоми санаҳои таърихи худ то интиҳои асри 20 – ум диду паси сар гузаронид, дар як паҳлӯи тарозу меистад ва моҷароҳои солҳои 1992 – 1997 дар паҳлуи дигар. Шояд дар тафаккури баъзе аз шумо саволе ба миён ояд, ки чаро чунин аст? Ба ин савол мебояд, чунин ҷавоб гуфт, ки дар ҳамаи ваҳшониятҳои то интиҳои қарни 20 бар сари миллати тоҷик омада, танҳо аҷнабии ғайр хуни тоҷик рехт, вале даргириҳои солҳои 1992 – 1997 чунон дарднок барои ин миллат буданд, ки тоҷик тоҷикро, яъне узви як оила узви дигарро сар бурид.
Маҳз ҳиси баланди хештаншиносию ватандӯстӣ ва аз ҷонгузаштанҳои фарзандони фарзонаю асили миллат буданд, ки ба ҳама ноҷуриҳо, тарсу ҳароси вазъи ногувори замон, таҳдиду муқобилиятҳои мансабхоҳону манфиатҷӯён мардонавор истодагарӣ карда, бо бунёди сулҳу салоҳ миллати парешону фирефтахотирро ба асли худ баргардониданд.
Ба ибораи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Кам наояд миллате андар набард,
То дар ӯ боқист як дарвеши мард.

Сулҳу ваҳдат, баромадан аз ҷанги шаҳрвандию комил кардани истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии миллати кӯҳансолори тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар марҳилаи нави давлатдорӣ, баъд аз ҷанги таҳмилӣ кори саҳлу осон набуд. Зеро коршиносони масоили сиёсӣ мегӯянд, ки барои кишваре, ки ҳаминак аз фазои ҷанг берун омадааст, барои барқарор кардани вазъи иқтисодӣ ва қомат рост кардан дар қатори дигар кишварҳои дар ҳоли рушди ҷаҳон, тақрибан 5 даҳсола лозим аст. Вале миллати тоҷик таҳти роҳбарии марди оқилу тавоно, дурандешу созанда, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама кинаю адоватро нисбат ба як дигар яктараф гузошта, бо ҳадафҳои равшан ва талошу кӯшишҳои беандоза дар ду даҳсола тавонистанд, ки сарзамини Тоҷикисторо ҳамчун давлати дар масири рушд, ташаббускор, тавоно, пешқадам, амну осоишта ва чун кишвари табиӣ сайёҳии дорои мавзеъҳои барҷастаи бостонию меҳмоннавоз, шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Дар ин радиф шоири ватансаро Муҳаммад Ғоиб нигоштаанд:
Муҳаббат бастани пуркинаҳоро дида мегӯем,
Ҷаҳон дарси сиёсат бояд омӯзад зи шоҳи мо...

Миллати некутолеи тоҷик баъд аз сукути садсолаҳо билохира тавонист давлати муттамаркази хешро таъсис диҳад. Давлате, ки соҳиби истиқлол асту забони адабӣ ва фарҳангу тамаддуни қадимии оламшумулро дорост. Тоҷикон агарчи саҳифаҳои зиёди пуртазоди таърихиро паси сар кардаанд, шахсиятҳои бузурги ин миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин нақш гардида, хизматҳои шоёни онҳо барои давлат ва миллат ҷойгоҳи махсус доранду бесобиқа маҳсуб меёбанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо гарчанде панҷ даҳсолаи рушдро паси сар накардаем, вале шаҳрвандони хештаншиносу ватандӯст бо тамоми қувва барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон бо эҳсоси гарму иродаи қавӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Ақли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,
Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.
(Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)
Миллати тоҷик аз азал худогоҳу худшинос маҳсуб ёфта, соҳиби нангу номуси қавӣ аст. Ҳар як шаҳрванди бомасъулият, ватансозу меҳандӯстро мебояд, ки баҳри нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватан талош намуда, дар миёни халқиятҳои ҷаҳон ифтихор намояд, ки дар чунин кишвари биҳиштосои рӯ ба рушд зиндагӣ дораду фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари хирадманду халқпарваре ӯро роҳнамоӣ менамояд. Агар ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи ин сарзамин дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандиаш масъулияти баланд ҳис намояд, дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин давлату миллатро бишканад, зеро роҳи мо роҳи Ваҳдат, Саодат ва Муҳаббат нисбат ба обу хоки ватани азиз – Тоҷикистон ва сокинони шарафманди он аст.
Мо бар онем, ки дар мулк адолат бошад,
Мо бар онем, ки ҳам оя ҳам оят бошад.
Коре мо нест фақат сохтани пайкарае,
Кори мо ин ки дар он пайкара миллат бошад.
Миллати нурофару нуроварам, бо он сиришти неку хайрхоҳ, бо он дили пур аз меҳру шавқат, бо он синаи раҳм ва сари шӯрида, бо он ҳама ҷасорату матонати фарзандони фарзонаи ҳама даврат, бо ҳама суннату оинҳои баланди инсонӣ, бо он ҳама хиради аҳли таърихат, бо ин ки ҳама умр ба рӯзгорон нуру сафо овардаӣ, бо ин ҳама содадиливу бовармардӣ, башардӯстиву меҳмоннавозӣ дар раванди бархурди тамадунҳо бараъло айён аст, ки миллати сарбаланду тоҷдори башарият будаӣ, ҳастӣ ва бо талоши нерӯи созандаат хоҳӣ монд!
Эй миллати ман кош гулат хор нагардад,
Бегона туро сарвару сардор нагардад.


ЗУЛФИҚОР ГУЛАҲМАДЗОДА
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Шоҳмансри шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: