Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАТАН МАЪВОИ МЕҲР ВА САРЗАМИНИ АҶДОДӢ

ВАТАН МАЪВОИ МЕҲР ВА САРЗАМИНИ АҶДОДӢ

4-01-2019, 08:41
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАН МАЪВОИ МЕҲР ВА САРЗАМИНИ  АҶДОДӢ

Ватанам, як нафас аз ёди ту фориғ нашавам,
Фориғи дар раҳи ту меҳри туро бохтан аст.
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ватан, меҳан-сарзаминест, ки инсон дар он таваллуд шудаву ба камол мерасад. Мафҳуми ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ниҳоди ҳар як нафар бояд вуҷуд дошта бошад.
Миллати тоҷик, яке аз миллатҳои қадимаи олам ба шумор мераванд, ки ҳазорон нобиғаҳои оламшумулро дар оғӯши Ватан ба камол расонда, ки онҳо дар рушди калидии илми ҷаҳон нақш гузоштаанд. Имрӯз ва боз садсолаҳои дигар миллати тоҷик бо онҳо ифтихор хоҳад кард. Ба қадри табиати нотакрор ва обу ҳавои Ватан касе бештар мерасад, ки боре аз Ватан дур афтодаасту шаҳди ғарибиро чашидааст.
Дар осори гузаштагони мо ибораҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ зиёд вомехӯранд, ки сартопо талқинкунандаи ватандӯстӣ мебошанд.
Барҳақ устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.
Дар бораи осор ва хизматҳои устод Мирзо Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд: «Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеъре барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддуну фарҳангҳо ватандӯстӣ фишанги асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият ва пешгирии ифротгароиву хурофотпарастӣ ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳад, ки дарки моҳияти ватандӯстии насли нави кишвар ба маротиб боло рафтааст. Ҳар куҷо бо ин насли созанда суҳбат ороста шавад аз давлатдории навини худ ба ифтихор ҳарф мезананд, онро азизу гиромӣ, ҳар зарра хокашро аз ганҷ қиммат, обу хокашро муқаддас, ҳифзашро қарзи фарзандӣ ва саҳм гузоштан дар ободониашро масъулияти шаҳрвандӣ медонанд.
Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,
Ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,
Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эй Ватан ҷонам.
Ба қадри Ватан расидан аз он ифтихор кардан ва дар баробари он дар рушди он саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Ба ибораи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Таъкид бояд кард, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст”.
Дар олам халқиятҳое вуҷуд доранд, ки дар орзуи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳастанд вале ин неъмат ба онҳо муяссар нагаштааст. Онҳо дар ин ё он кишвар умр ба сар мебаранду мутеи ин ё он миллат ҳастанд.
Миллати тоҷик аз азал миллати тамаддунофар буда дар тӯли таърих шаҳрҳову кишварҳои зиёде бунёд намудааст яъне ҳамеша сарбаланду ватанхоҳу ватандор буд. Ҳарчанд нотавонбинони ин миллат мехостанд миллати тоҷикро пароканда кунанд, борҳо ба сари ин миллат лашкар кашиданд хушбахтона ин миллат ҳастияшро, фарҳанги бою ғанӣ ва забони ширину гуворояшро ҳифз кард. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар ягон давру замон ба сари ягон миллате лашкар накашидааст ҳамеша таҳаммулгаро ва сулҳхоҳу озодихоҳ буд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ миллати тоҷик аз давлатдории навини худ ифтихор мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар арсаи байналмилалӣ номи миллат ва ватани азизашон-Тоҷикистони озоду соҳибистқлолро баланд бардоранд.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад”.
Дар марҳилаи кунунии зиндагӣ, ки баъзе аз гуруҳҳои нотавонбин бо дастгирии хоҷагонашон мехоҳанд амнияти кишвари моро халадор кунанд. Онҳо гумроҳоне беш нестанд зеро фаромӯш кардаанд, ки ин миллат дасисаву ҳадафҳои нопоки онҳоро медонад ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо ба боварӣ нашоянд. Бо обу нону намаки Ватан ба воя расиданд ва имрӯз аз хориҷи кишвар ба сари миллати тоҷик санг мепартоянд, ки ин нишонаи ҷавонмардӣ набуда як амали зишти ғайри инсонӣ мебошад. Ҳеҷ гоҳ ин миллат ин Ватан онҳоро намебахшад ва дар урфияти гуфтаанд, ки “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Онҳо низ ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид зеро “Аз дасти талбанда дасти диҳанда беҳтар аст”.
Чӣ тавре, ки дар рубои боло зикр шуд онҳо дар ҳамин Ватан беватан буданд яъне “Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст”.
Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол дорои табиати биҳиштосо, руду дарёҳои мусаффо ва мардуми меҳмонавозу поксириштро дорост. Ин Ватан боиси дуст доштан аст, чун ҷон ҳифзаш бояд кард нагузорем, ки ҳеҷ як нотавонбин қадами нопоки худро ба ин сарзамини аҷдодӣ гузорад.
Торе, ки туро Ватан нахоҳад, назанам
Он дил, ки ғами Ватан надорад, шиканам
Шамъе, ки барои Ватан насӯзад, бикӯшам
Чашме, ки туро Ватан набинад, биканам
Дар ҳифзи марзу буми кишвар ҷавонон бояд ҳамеша омода бошанд ва ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рафта дар назди Модар-Ватан қарзи фарзандии худро адо намоянд. Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-сол пур мешавад. Албатта дар назди таърих 25-сол на он қадар соли тӯлони аст вале набояд фаромӯш кард, ки баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишвари мо ягон меросӣ ҳарбӣ боқӣ намонда буд. Бо талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар заминаи хушк яъне аз сифр бунёд гардид ва дар муддати 25-сол ба як артиши пуриқтидор табдил ёфтааст. Таҷлили ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ниҳоди насли ҷавони кишвар ҳисси худшиносӣ ва омода будан дар ҳифзи Ватанро бедор намояд.
Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бисёр муҳим ва ба маврид аст, ки гуфтаанд: “Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст”.
Бо мақсади дар ниҳоди насли наврас бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дастаҷаъмона таваҷҷуҳ зоҳир бояд кард. Ҳисси ватандустиро нахуст дар оила ба фарзандон бояд омӯхт баъдан дар мактаб ва дар муҳити атроф ҳисси ватандӯстӣ ташаккул ёфта фарзанд барои ҳимояи Ватан омода мегардад.
Набояд фаромӯш кард, ки Модар-Ватан бо ҳазорон орзуҳои нек моро ба воя мерасонад то ин ки ҳамавақт баҳри ҳифзаш омода бошем. Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифи кишвар бо роҳбарии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузоштаистодаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кишварамон симои худро ба кулли тағйир дода рушди он бо маром идома дорад.
Тоҷикистон имрӯз ба яке кишварҳои амнтарини сайёра ба ҳисоб меравад ва дар замони истиқлолияти давлатӣ кишвари соҳибистиқлолӣ мо дар ҳамаи ҷанбаҳо рушд кардаву миллати тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаанд.
Хулоса, миллати тоҷик миллати ватандӯсту хештаншинос аст ва сидқан якҷо мегӯем, ки:
... Ту модарӣ, ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо.
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон, ҳабиби мост, ҳабиби мост,

Зинда бош эё Ватан,
Тоҷикистони озоди ман.


Изатуллои Ҳабибзод
Муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: