Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шаҳсутуни ҳастии миллат забони модарист!

Шаҳсутуни ҳастии миллат забони модарист!

5-10-2017, 09:30
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Шаҳсутуни ҳастии миллат забони модарист!


ДУШАНБЕ, 4.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ватан, Модар, забони модар. Барои мардуми тоҷик муқаддастар аз ин мафҳумот чӣ метавонад бошад?

Мо имрӯз дар давроне зиндагӣ мекунем, ки эҳёи дубораи Ватани муқаддас ва забони модарии худро ба чашми худ мебинем. Воқеан мо хушбахттарин насле ҳастем, ки дидани ин бахт — ба вуқӯъ пайвастани ормони ҳазоронсолаи миллатамон насиби мо шудааст. Ормоне, ки қарнҳои қарн халқи ҷабрдидаи мо, бузургони илму адаби мо дар орзуяш буданд.

Мусаллам аст, ки миллати куҳанбунёди моро ҳамин фарҳанги бузург, хусусан забони қавии оламшумулаш зинда доштааст. Забони тоҷикӣ ҷавшане будааст, ки дар тӯли таърихи гарону хунин миллати моро аз тамоми зарбаҳои замонаҳо, сангборонҳои пурдаҳшати таърих эмин доштааст; сипаре будааст, ки пеши роҳи ҳама тирборони душманро гирифта, ӯро аз дами теғу шамшери душманон то ба имрӯз расонидааст. Маҳз ҳамин забони гаронбаҳои модарӣ барои ҳимояи ҳувияти миллии халқи мо хизмат кардааст ва суннатҳои волои башардӯстонаи мардуми моро, ки дар онҳо рӯҳи баланди миллат, маърифату одоби ибратомӯзи он таҷассум ёфтаанд, то имрӯз маҳфуз доштаву дифоъ намудааст. Мисли Наврӯзи аҷам, ки таҷассуми волотарин намунаҳои фарҳанги бостонии миллии мост. Ҳама тоҷу тахту қасрҳои сарбафалак бар хок яксон шуданд, аммо ин кохи бузургу бегазанди фарҳанги тоҷикӣ пойдор монд ва газанде аз тирборон ва теғу шамшери душман наёфт.

Вақте ки мо ба забони тоҷикӣ арҷгузории баланд мекунем, мегӯем, ки маҳз ҳамин забон, ҳамин фарҳанг моро зинда доштаасту наҷот додааст, ин мусаллам аст. Аммо бояд ин ҷиҳатро низ таъкид намуд, ки маҳз халқи тоҷик, халқи шариф, соҳибхирад ва фозилу шоиртабиат буд, ки ин забон ва ин фарҳангро зинда дошт. Бинбар ин, вақте ки мо саҷда ба пешгоҳи забони шарифи модарии тоҷикиамон мекунем, ин саҷда, пеш аз ҳама, ба пешгоҳи халқи тоҷик, миллати тоҷик аст. Ва мову шумо чандин борҳо шоҳид будаем, ки Сарвари кишварамон ба пеши халқи худ сари таъзим меорад ва ҳама барору пирӯзиву комёбиҳои худ ва кишварро маҳз аз файзу баракати ин халқи заҳматдӯст, хайрхоҳу некманиш медонад.

Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқу олимона мушоҳида карда, гуфтаанд:

“Агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд”.

Аммо забони тавонои тоҷикӣ, фарҳанги безаволи онро аҷнабиёни истилогар на ин ки натавонистанд аз байн бубаранд, балки худ мутеъи он гардиданд. Дар давлатдории қабилаҳои аҷнабӣ дар сарзамини мо забони давлатӣ, забони девону дафтар аслан забони тоҷикӣ буд. То ҷойе ин забон аҷнабиёнро сеҳру мафтун сохта буд, ки аксари султону амир ва шоҳони аҷнабӣ ба ин забон эҷодкориҳо мекарданд, шеърҳо мегуфтанд ва бо ин мехостанд “фазилат”-и худро намоиш бидиҳанд.

Бесабаб нест, ки аз аввалин иқдомҳои Ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабули қонуне буд, ки ин забони таърихиро давлатӣ намуд ва ба ҳимояи худ гирифт. Ҳадафи Пешвои миллати мо бо ташаббуси бунёди ҷашнвораву бузургдоштҳои забони тоҷикӣ ва абармардони илму адаби таърихи мо эҳёи навини забони тоҷикӣ, фарҳанги оламшумули тоҷикон, мақоми хуҷаста ва неруи нав бахшидан ба он буд. Имрӯз суханони Пешвои миллат дар ҳифзу ҳимояи забони муқаддаси тоҷикӣ раҳнамои мардуми мост.

Пешвои миллат се ҷиҳати муҳим ва ногузирро дар ҳимоя ва эҳёи дубораи забон хеле дақиқ муайян намудаву раҳнамоӣ кардаанд.

Аввалан, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, ҳифзи он ва нақши мондагораш дар пойдории фарҳанги миллӣ ва давлатдорӣ:

“Вобаста ба аҳамият ва зарурати татбиқи қонуни мазкур мехоҳам боз ба ду масъалаи ниҳоят муҳим-арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд, изҳори назар намоям”.

Дуюм, нақши ҳар фарди ҷомеа дар ҳимоя ва пуштибонӣ аз забони модарӣ:

“Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.”

Сеюм, риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ҷомеа:

“Махсусан дар маъракаву чорабиниҳо, маҳфилу суҳбатҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабӣ сухан гуфтан ва риояи бечунучарои талаботи меъёри забони тоҷикӣ қарзи виҷдонии мо мебошад”.

Чаҳорум, эмин ва тоза нигоҳ доштани забони модарӣ аз таъсири манфии берунӣ:

“Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин дорем”.

Зеро ба андешаи Сарвари кишварамон: “Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавият ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад”.

Ҳеҷ ҷойи баҳс нест, ки сиёсати давлатӣ нисбат ба таҳкиму густариши забон ба риояи меъёрҳои забони адабӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯст, ки масъалаи рушди забони модарии мо дар даврони Истиқлолият ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштааст. Дар мавриди масъалаи меъёрҳои забони адабӣ ва тоза нигоҳ доштани он Сарвари кишварамон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забон (23.07.2009. “Ҷумҳурият”) таъкид карда буданд:

“Забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолаби сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонунҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст.”

Мо мебинем, ки муносибати Пешвои миллат нисбат ба забони муқаддаси миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо муносибатест ҳамрадифи муносибат бо модар, бо Ватан, бо муқаддасоти миллӣ. Зеро мо ҳама зодаи ҳамин забони нобу покизаем, ки чун шири модар дар шараёнамон ҷорист. Пешвои миллат забонро мисли модар мешиносанду дӯст медоранд ва мисли фарзанд ба он садоқат доранд. Воқеан хеле рамзист, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ бо зодрӯзи Пешвои миллатамон тавъамон дар як рӯз омадаанд. Агар забони модарӣ миллати моро дар тӯли таърих зинда дошта бошад, Пешвои муаззами мо низ ин миллати хуҷастаро бо сиёсати ватандӯстонаи худ, бо ҷоннисориҳои фарзандона, бо ҷасорату бебокӣ дар рӯзҳои вазнинтарин ва тақдирсоз, бо хиради азалӣ аз вартаҳои нестӣ наҷот додааст. Ин аст, ки ин ду наҷотгари миллати мо имрӯз бо ҳам омадаанд ва ин ваҳдату ягонагӣ моро ба ояндаи нек ва хушбахтонаи миллатамон умедвор мегардонанд. Аз ин рӯ самимона мегӯем, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ-зодрӯзи шарафу номус, хираду ҷасорат ва сарбаландиву пирӯзии миллати мост.

Ҷашни забони давлатӣ ба ҳамватанони азиз муборак бод!

Камол НАСРУЛЛО

Шоири халқии Тоҷикистон,

ходими адабии АМИТ “Ховар”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: