Муроҷиатномаи собиқ аъзоёни ҲНИТ-и ҷамоати деҳоти туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ҳамлаи мусаллаҳона ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат17-09-2015, 10:09
Хабарро хонданд: 378 нафар
Назарҳо: 0
Миллати тоҷик миллатест, ки дорои фарҳанг ва маданияти бузург мебошад, ки инро саҳифаҳои таърих собит месозанд. Фарҳангу маданияти тоҷиконро давлатҳои пешрафтаи Аврупою Осиё омӯхта, аз он баҳра гирифтаанд. Ин миллати сарбаланд дар давоми ҳастии худ фарзандони фарзонаро, аз қабили Ҳофиз ва Саъдии Шерози, Умари Хаёму Абуалии Сино, Рудакию Фирдавси ва боз садҳо нафари дигарро тарбия намудааст, ки то имрӯз дар тамоми курраи замин маъруфанду ҷаҳониён аз осор ва ашъори онҳо баҳраманд гашта истодаанд. Оре, миллати тоҷик бо фарзандони барӯманд, бо фарҳангу маданияти баланди хеш ва бо меҳмоннавозию некномии худ дар таърихи башарият ном баровардааст. Ин миллати куҳан дар давоми ҳастии худ ба мушкилот зиёд рӯ ба рӯ шуда, ҳамаи онҳоро ҷавонмардона паси сар намуда, то ба имрӯз омада расидааст ва ҳастии худ, забони худро нигоҳ доштааст.
Агар ба таърихи ин миллат назар андозем саҳифаҳои он пур аз қаҳрамонӣ ва ҷонфидоӣ мебошад, ки фарзандони фарзонаи миллат онро нишон дода будаанд ва дар тӯли асрҳо миллату ватани хешро аз вартаи нобудшавӣ наҷот додаву ба он умри дубора бахшидаанд. Миллати тоҷик борҳо ва борҳо бо марг даст ба гиребон шуда, онро мағлуб намуда, аз вартаи ҳалокат баромадааст. Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, бараъло мебинем, ки ин миллати сарфароз танҳо ва танҳо аз дастаи хиёнати фарзандон ва ё ҳаммиллатони худ, ки побанди хоҷагони хориҷиашон гаштаанд, азобу уқубат кашидааст ва маротибаҳо ба хатогиҳо роҳ додааст, аммо бо раҳмдилию инсондӯстиаш аксарияти онҳоро бахшида, дар оғуш ва канораш ҷо додаст. Чун назаре ба охири асри ХХ ва аввали асри XXI андозем, мебинем, ки то кадом андоза хиёнаткорони миллат ба миллати худ хизмати «хирсона» намудаанд, ҳатто ошкоро ҳастии миллати тоҷикро инкор намуда, ин миллати бузургро беш аз қавме пиндор намедоштанд. Он чизе ки мо дар ҳаётамон дидем ва шоҳиди он будем, ин хиёнати ҳамон хиёнаткороне буд, ки дар натиҷа миллати тоҷик сарсону саргардон гашт, ҳазорон нафар занон бешавҳар ва кӯдакон ятим монда, садҳо нафар шаҳрвандони мо дар хоки бегона ба хок супорида шуданд. Аммо шукри худованд, ки ба мо, ба миллати мо роҳбари хирадманд, ба ору номус ва наҷотбахши миллатро ато намуд. Ин марди хирад фарзанди наҷотбахши миллат, Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ баровард ва ҳазорон нафар гурезагонро ба хоки Тоҷикистон баргардонда, ҳастии тоҷикро эҳё ва назди ҷаҳониён аз сари нав муаррифӣ намуд. Сиёсати хирадмандонаи ин марди бузург буд, ки ҳазорон ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуда, гуноҳи ҳазорон нафари дигар бахшида шуд. Вале, сад афсус, ки онҳоеро, ки мо дина бахшида будем ва бародараш хонда будем, боз ба сари мо теғ бардошта, фазои тоза ва осудаи Ватанро боз чанголуд ва ноором намуда истодаанд. Ин нотавонбинони миллат, бо амалҳои ғайриинсонии худ боз дар дили чанд модар доғ оварда, чанд кӯдакро ятим ва чанд хоҳарро бешавҳар намуданд. Ҳодисаи нангине, ки аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назарзода Абдуҳалим ва ҳаммаслакони ӯ дар ШВКД-и шаҳри Ваҳдат рух дод, мо сокинони ҷамоати деҳоти Туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, собиқ аъзоёни ҲНИТ-ро бетараф гузошта натавонист. Мо сокинони ҷамоати деҳоти Туғаланг бо хоҳиши худамон аз аъзогии ҲНИТ баромадем, чунки фаъолияти минбаъдаи ин ҳизбро нолозим барои Тоҷикистон мешуморем. Аз он шодем, ки имрӯз мо аъзои чунин як ҳизби террорист ва қотилтайёркунанда нестем, вале тааъссуф аз он менамоем, ки муддати чанд сол фирефтаи як гуруҳи хиёнаткорон шуда будем. Аз мақомотҳои дахлдори кишвар хоҳонем, ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ба пуррагӣ қатъ карда шавад, чунки фаъолияти минбаъдаи ин ҳизб ба манфиати халқ ва миллати тоҷик нест, ки шаҳодати ин гуфтаҳо воқеаҳои рӯзҳои охири кишвар мебошанд. Мо ин амали ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи гуруҳи Назарзода Абдуҳалимро маҳкум намуда, аз мақомотҳои қудратӣ хоҳиш менамоем, ки ҳарчи зудтар ин фосиқ ва ҳаммаслакони ӯро дастгир намоянд ва бигузор барои ҳамаи амалҳои ноҷавонмардонаи худ дар назди халқ ва қонун ҷавоб диҳанд. Тамоми ҳамдиёрони азизро барои бетараф набудан дар ҷодаи ҳифз ва афзун намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли Ватан ва таҳкими якпорчагӣ, сулҳу субот, Ваҳдат ва мусоидат ба рӯзгори осудаҳолонаи сокинони кишвар даъват менамоем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.