ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАДЯИ ЯЗДОНИСТ24-08-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Имрӯзҳо мардуми шарафманди кишвар дар остонаи таҷлили ҷашни бошукуҳи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Истиқлолият ҳадяи яздонӣ ва неъмати бебаҳову арзишманд буда, имкон фароҳам меорад, ки озодона кору зиндагӣ намоем. Маҳз истиқлолият аст, ки мо мардуми тоҷик ба муваффақиятҳои хубу дастовардҳои бузург мушарраф гардида, номи миллату кишварро дар ақсои олам бамаротиб боло бардощтем. Табиист, ки ин вожаи муқаддас, яъне «Истиқлолият» худ аз худ ба даст наомадааст. Барои ба даст овардани истиқлолият хуни фарзандони баору номуси миллати тоҷик рехтаву ҷон ба ҳақ супоридаанд. Миллати тамаддунофари тоҷик барои ба ин рӯзҳои пурсаодат расидан роҳҳои пуршебу фарози зиёдеро тай кардааст. Ҷонбозиҳову талошҳои фарзандони сарсупурдаи миллат дар охир самараи нек ба бор овард, ин ҳам бошад санаи пурифтихори 9 сентябри соли 1991 аст. Ин санаи фархундаи миллат дар саҳифаи таърихи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, дар ҳамин шабу рӯз миллати куҳанбунёди тоҷик аз истиқлолияти воқеии хеш иттилоъ дод. Имрӯз анқариб 200 давлати дунё миллати тоҷикро мешиносанд ва эътироф менамоянд. Истиқлолият нишони барҷастаи давлату давлатдорӣ, рамзи асолату ҳувият ва шарафу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳон аст. Барои расидан ба ин рӯзи муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург гузоштаанд, ки нодида гирифтани хизматҳои шабонарӯзии эшон камоли бехирадӣ ва беандешагӣ аст. Имрӯзҳо сухани мо дар қатори дигар кишварҳои сайёра арзиши худро дорад ва ин ҳам бошад аз сиёсати хирадмандонаи имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз файзу нусрати истиқлолият шаҳодат медиҳад. Самараҳои неки истиқлолият аст, ки Ватани маҳбуби мо ба пешравиҳову дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар қатори давлатҳои абарқудрат ҷойю манзалати худро соҳиб шудааст. Рӯзи 2 сентябри соли 1992 кишвари мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид гардида, дар ҷаласаҳои он иштироки фаъолона намудааст. Истиқлолият ба мардуми шарафманди тоҷик имкониятҳои васеъ фароҳам овард, ки дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тараққиёту пешравиҳои арзишманд дида мешавад. Рӯз аз рӯз симои Ватани ҷоноҷонамон Тоҷикистони азиз ба таври куллӣ дигаргун гашта, қомат афрохтани иншоотҳои хурду бузурги замонавӣ, бо бунёди роҳҳои мошингарду нақбу нерӯгоҳҳои барқӣ ба дидаву дили кас ба ояндаи дурахшони зиндагӣ умед мебахшад. Чун мо дар арафаи ҷашни пурифтихори Истиқлолият қарор дорем, имсол миллати куҳанбунёди тоҷик дар радифи дигар санаҳои муҳиму таърихӣ 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодагиҳои ҳамаҷониба ва дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ҷашн мегиранд. Бошад, ки ин санаи таърихӣ ҳамвора ба мардумаш, ба диёри куҳанбунёдаш, ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ шодиву нишот, сарбаландиву музаффариятҳои беназир биёрад. Фирдавс НЕЪМАТОВ,
мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.