Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ҒИЗОИ СОЛИМ – МИЛЛАТИ СОЛИМ

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ҒИЗОИ СОЛИМ – МИЛЛАТИ СОЛИМ

30-01-2019, 08:24
Хабарро хонданд: 399 нафар
Назарҳо: 0
АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ҒИЗОИ СОЛИМ – МИЛЛАТИ СОЛИМ

Ғизо яке аз омилҳои муҳими ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад ва саломатии инсон асосан аз истеъмоли оқилона ва самарабахши он вобастагии зич дорад.
Ахиран гурӯҳе аз коршиносон рӯйхати кишварҳоеро, ки сокинонашон аз ҳисоби бемориҳои қалб, фарбеҳшавӣ ва фишорбаландӣ зиёд вафот мекунанд, пешниҳод карда, иллати асосии ба ин бемориҳо гирифтор шудани одамонро истеъмоли нодурусти ғизо маънидод намудаанд.
Тадқиқот нишон додааст, ки дар соли 2016 аз ҳисоби истеъмоли зиёди намак ва норасоии сабзавот зиёда аз 2 миллион одам ба ҳалокат расидааст.
«Истеъмоли зиёди хӯришҳо аз орди сафед, ки моддаҳои пардаи ҳуҷайравиашон (клетчатка) паст аст, солҳои охир сафи беморони қалбро дучанд кардааст»,-мегӯяд профессори донишгоҳи ба номи Шиллери Олмон Стефан Лорковски.
Сатҳи вафот аз ҳисоби истеъмоли нодурусти хӯрок дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ аз ҳама зиёд дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи ин раддабандӣ дар Ӯзбекистон аз ҳар 100 ҳазор нафар 400 нафар аз ҳисоби ин касалиҳо фавтидаанд. Дар ҷои дуюм Туркманистон ва дар ҷои сеюм Қирғизистон қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи вафот аз ҳисоби истеъмоли нодурусти хӯрок дар зинаи 8-умро ишғол мекунад.
Инчунин дар даҳгонаи ин рӯйхат Украина, Молдова, Озорбойҷон, Беларус, Қазоқистон ва Русия ворид шудаанд.
Миёни кишварҳои ғарби Аврупо аз ҳама зиёд сатҳи фавт дар Олмон ба қайд гирифта шудааст.
Мувофиқи ин маълумот истеъмоли дурусти хӯрок аз ҳама бештар дар Испания ва Исроил ба қайд гирифта шудааст.
Агарчи коршиносони тоҷик ба дурустии ин тадқиқот чандон бовар надоранд, вале онҳо мегӯяд, ки истеъмоли нодурусти ғизо мушкили тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест, вале шояд вазъ на ба он ҳадде бошад, ки дар ин тадқиқот нишон дода шудааст.
Сармушовири илмии Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷаҳон Азонов дар суҳбат бо мо гуфт: «Ин ки як гурӯҳ коршиносон нисбат ба Тоҷикистон чи гуна баҳо додаанд, чандон муҳим нест, зеро ин мушкил на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба чашм мерасад ва коршиносон ҳам ба ин гуна масъалаҳо аз нигоҳи худ баҳо медиҳанд. Муҳим он аст, ки тарзи истеъмоли дуруст ва самарабахши ғизоро бояд ҳарчи бештар ташвиқ кард, то мардум бохабар шаванду ҷисми худро солим нигоҳ дошта тавонанд».
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки истеъмоли ғизо аз принсипҳои ба худ хос ташкил ёфтааст. Принсипи асосии истеъмоли дуруст ва самарабахши ғизо, ин тавозуни неру дар бунияи инсон аст. Агар инсон хоҳад, ки доим солиму бардам бошад, чи қадар нерӯе, ки сарф мекунад, бояд ба ҳамон андоза ғизо истеъмол кунад. Байни воридот ва хориҷи неру бояд, ки як тавозуни муайян мавҷуд бошад.
Принсипи дуюм ин тавозуни маводи ғизоӣ мебошад. Мо бояд донем, ки маводҳои ғизоӣ асосан он маводҳое ҳастанд, ки аз лиҳози моҳияти биологӣ ва ҳаётиашон барои бунияи инсон ниҳоят заруранд. Инҳо - сафедаҳо, чарбуҳо, карбогидридҳо, витаминҳо, унсурҳо ва дар раванди инҳо дигар маводҳои фаъоли ҳаётӣ, аз ҷумла ғозҳои ғизоӣ, нахҳои ғизоӣ, пектинҳо ва ғайраҳо мебошанд. Албатта, ҳангоми таҷзияшавии як грамм сафеда, чор кило калория, як грамм карбогидрид, чор килокалория ва як грамм чарбу нуҳ килокалория неру ҳосил мешавад. Вақте мо хӯрокро дуруст истеъмол мекунем ва тавозунро нигоҳ медорем, саломатии худро хуб нигоҳ дошта метавонем. Физиологи барҷастаи рус И.И.Мечников гуфтааст: «Агар инсон оқилона ва самарабахш ғизо истеъмол мекард, на камтар аз 200 сол умр медид». Асосгузорони илми тиби тоҷику форс низ дар ин назария буданд, аз ҷумла Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино фармуда буд: «Ғизоро бояд то андозае истеъмол кард, ки аз се як ҳиссаи меъда холӣ монад».
-Ин гуфтаҳо аз нуқтаи назари илми тиби имрӯза низ бисёр мувофиқ аст. Мо агар тамоми меъдаро бо ғизо пур кунем, ин ба ҳосилшавии кислотаҳои таркиби меъда, ки онҳо ба ҳазмшавии ғизо мадад мерасонанд, халал мерасонад. Ҳангоми аз се як ҳисса холӣ мондани меъда ин раванд ҷараёни хуб мегирад ва ҳазмшавии ғизо ба дараҷаи лозимӣ амалӣ мегардад. Яке аз хислатҳои бади инсон ин пурхӯрӣ аст. Як сухани маъмул аст, ки мегӯянд: «Худо ба инсон ақл додаасту иштиҳо». Яъне, агар инсон ҳангоми истеъмоли ғизо ба ақлу тафаккури худ такя кунад, ба ягон беморӣ мубтало намешавад.
Олимони соҳа бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои дигари солиму бардам мондани инсон ин истеъмоли ғизоҳои омехта мебошад. Ҳамсуҳбатамон мегӯяд, дар илми тиб назарияҳои гуногун вуҷуд доранд, аз ҷумла назарияи истеъмоли самарабахш ва оқилона, назарияи антиқа, назарияи ғизои ҷудогона ва дигар ҳастанд, ки бисёре аз онҳо бо ҳам муқобиланд. Аз ҷумла, Шелтон бар ин ақида буд, ки инсон бояд ғизоро ҷудогона истеъмол кунад. Зеро ҳангоми бо ҳам истеъмол намудани ғизоҳо онҳо метавонанд, ки миқдори зиёди маводҳои токсиниро ҷудо кунанд. Аммо бунияи инсон худ хусусияти подзаҳрӣ дорад, бинобар ин, бисёри олимон бар ин назаранд, ки инсон бояд ғизоҳоро омехта истеъмол кунад. Чунки аз замони пешрафти эволютсионӣ аллакай тамоми узвҳои бунияи инсон ба ин мутобиқ шудаанд. Аз ин лиҳоз, истеъмоли ғизоҳои омехта барои инсон ниҳоят муфид аст.
Истеъмоли нодурусти ғизо, хусусан истеъмоли маҳсулоте, ки аз лиҳози чарбунокӣ ғанӣ ҳастанд, миқдори холестеринро дар таркиби хун зиёд мекунад. Имрӯзҳо бисёри одамонро аз холестерин метарсонанд. Бояд тазаккур дод, ки холестерин ду навъ мешавад, хуб ва бад. Холестерини хуб бештар дар худи бунияи инсон синтез мешавад ва дар ҳадди ҳосилкардани гормонҳо барои бунияи инсон, дар ҳадди пайдо кардани маводҳои болопӯши ҳуҷайраҳои таркиби инсон муфид аст. Лекин ҳангоме, ки миқдори холестерини бад зиёд мешавад, кислотаҳои чарбуии зичияшон паст ва ниҳоят паст дар хун зиёд мешавад. Дар ин ҳолат, аз ҷазирачаҳои Лангергансаи ғадуди зери меъда миқдори зиёди инсулин, на ин ки ҳангоми зиёд шудани глюкоза дар таркиби хун, балки дар ҳолати зиёд шудани миқдори холестерин ва истеъмоли зиёди чарбуҳо низ инсулин ба хун партофта мешавад ва миқдори аз ҳад зиёди он ба пардаи эластикии дохили рагҳои хунгард таъсири манфӣ мерасонад. Яъне, пардаи эластикиро захмдор намуда, дар он ҷо нишона мегузорад, ки ин аллакай ба такшоншавии холестерин дар рагҳои хунгард мусоидат мекунад ва ин холестерини тагшоншуда оҳиста-оҳиста ба деворчаҳо мубаддал мегардад ва ба тангкунонии рагҳои хунгард меорад, ки оқибати он ба бемории ишемияи дил ва то ба сактаи дил оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, инсонҳоро зарур аст, ки баъд аз синни 40-45-солагӣ истеъмоли ғизоҳои серчарбуи ҳайвонотиро камтар кунанд ва ба ҷойи он истеъмоли меваю сабзавотро бештар намоянд. Зеро сабзавот манбаъҳои асосии витамин ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ, бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар як шахс муфид хоҳад буд. Бояд гуфт, ки дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуданд, ки саломатии инсонро нигоҳ медоранд. Хусусияти дигари сабзавот дар он аст, ки онҳо бисёри чарбуҳои зиёдатиро ба худ ҷабида мегиранд.
Чанде пеш тадқиқоти анҷомдодаи олимони соҳаи тиб, ки бо дархости Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ анҷом дода шуд, нишон дод, ки дар ҳақиқат истеъмоли аз меъёр зиёди гӯшт ба кӯтоҳумрии инсон мусоидат мекунад. Бинобар ин, инсон набояд аз ҳад зиёд гӯшт истеъмол кунад. Агар инсон дар як ҳафта ҳангоми истеъмоли ғизо се маротиба маҳсулоти гӯштӣ ва дар баробари он меваю сабзавот ва лубиёгиҳо истеъмол кунад, саломатии худро хуб нигоҳ дошта метавонад. Махсусан дар таркиби ғизои ҳамарӯзаи кӯдакону наврасон низ бояд меваю сабзавот бошад. Зеро норасоии меваю сабзавот ба норасоии витамин ва унсурҳо оварда мерасонад. Мувофиқи маълумоти Институти саратоншиносии Амрико, ҳолатҳои сар задани саратони рӯдаи ғафс ва рӯдаи борик дар арсаи ҷаҳон 10 фисад зиёд шудааст, ки ин аз ҳисоби кам истеъмол намудани меваю сабзавот ва маҳсулоти донагию зироатҳо мебошад.
Ғизошиноси тоҷик Ҷаҳон Азонов мегӯяд, агар мо истеъмоли дурусти ғизоро ба роҳ монем, дар натиҷа норасоии витамини А ва камхунӣ аз норасоии оҳан аз байн меравад:
-Ба назари ман, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон норасоии витамини А бояд тамоман набошад, зеро яке аз манбаъҳои асосии он сабзӣ аст, ки дар кишвари мо фаровон аст. Агар ҳар рӯз 25 грамм сабзии хомро майда карда, ба он як қошуқча равғани растанӣ ё қаймоқ ҳамроҳ намуда ба кӯдакон диҳем, мушкили норасоии витамини А пурра аз байн хоҳад рафт.
Мутаассифона, мо маҳсулоти шириро низ кам истеъмол мекунем. Ҳоло он ки маҳсулоти ширӣ яке аз омилҳои асосии инкишофи устухони инсон мебошанд. Ҳадиақал бояд ҳар як нафар, бахусус кӯдакон дар як рӯз 100 грамм шир истеъмол намоянд, зеро он дар сохтори устухони тифл ва мустаҳкам намудани дандонҳои он нақши муҳим мебозад. Аммо муҳимтар аз ҳама, барои кӯдакони то дусола ин шири модар аст, ки он метавонад афзоиши баъдинаи кӯдаконро ҳамчун инсони солим таъмин намояд. Инро бояд модарону хоҳарони мо хуб дар хотир дошта бошанд.
Истеъмоли «фастфуд» (хӯроки тезтайёр) низ, ки бо истифода аз ҳар гуна маводҳои консервантдор омода мешаванд, ба саломатии инсон зарар дорад. Зеро онҳо ниҳоят калорияи зиёд доранд. Ғайр аз ин, дар таркиби онҳо бисёр трансчарбуҳо мавҷуд аст, ки ба саломатии инсонҳо бетаъсир буда наметавонанд.
Дар баробари ин, падару модарон бояд кӯшиш кунанд, ки фарзандонашон аз хӯрдани чипсу ролтон ва ҳар гуна қандакҳои хитойӣ, ки имрӯзҳо дар тамоми дӯкону мағозаҳои атроф фурӯхта мешаванд, даст кашанд, то ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор нашаванд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ғизои солим бақои миллати солим аст»,-таъкид намуд мутахассис.
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат пайваста баҳри таъмини аҳолӣ бо ғизои солим чораҳои мушаххас меандешад. Моҳи майи соли гузашта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъминоти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо» тасдиқ шуд. Тибқи низомномаи мазкур, нархи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, аз қабили орд, нон, маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, карам, қанди сафед, шакар, равған, шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог, наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав, гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ, тухми мурғ, намак, чой ва ғизои кӯдакон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки 31 августи соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии кишвар» тасдиқ гардидааст, ки чунин аст:

Номгӯи маҳсулот Грамм дар як шабонарӯз Килограмм дар як моҳ Килограммм дар як сол

Нон ва маҳсулоти нонӣ, ярмаҳо, лӯбиёгиҳо 404,7 12,1 147,7
Гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 111,9 3,4 40,8

Моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ 24,6 0,7 9,0
Шир ва маҳсулоти ширӣ 316,0 9,5 115,3
Тухм (дона) 0,5 15,0 180,0
Равған (растанӣ ва чарбу) 46,2 1,38 16,6
Қанд 54,8 1,6 20,0
Сабзавот ва полезиҳо 455,0 13,7 166,1
Мева ва буттамева 340,0 10,2 124,1
Картошка 252,0 7,6 92,0
Чой 5 0,15 1,8

Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Назрулло Амиров мегӯяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлате аст, ки қонун «Дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ»-ро қабул намудааст. Ғайр аз ин, соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ» низ тасдиқ шуд, ки ҳадафи он пеш аз ҳама паст намудани сатҳи камбизоатии мардум мебошад. Инчунин, вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ ҳукумати мамлакат то имрӯз якчанд барномаҳои соҳавиро тасдиқ намудааст, аз ҷумла ҳоло барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, рушди чорводорӣ, рушди қутоспараварӣ ва дигар барномаҳо амалӣ гардида истодаанд.
Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, мо талаботи аҳолиамонро ба пуррагӣ бо ғизо таъмин карда наметавонем ва як миқдор маҳсулоти ниёзи мардум, аз он ҷумла, шакар, равған ва ҳато гӯшти чорвою парранда ва дигар маҳсулотро аз кишварҳои дигар ворид мекунем.
«Пеш аз ҳама барои солим нигоҳ доштани ҷисми худ мо бояд фарҳанги истеъмоли ғизоро тағйир диҳем. Дар оянда кӯшиш бояд кунем, ки дар як сол ба ҷойи 130 килограмм нон 100 килограмм истеъмол намоем ва ба ҷои 30 килограмми боқимонда дигар намуди маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот ва ғалладонагиҳоро истеъмол кунем»,-афзуд Назрулло Амиров.
Олимони соҳаи тиб солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро бемории cактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион нафарро аз байн мебарад. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан, вазни зиёд, камҳаракатӣ, истеъмол накардани ғизои солим ва истеъмоли нодурусти ғизо сабабҳои асосии хурӯҷи бемории сактаи дил мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як нафар бояд ба хӯроки истеъмолмекардаи худ аҳамият диҳад, чунки ғизои солим метавонадсаломатии инсонро бардавом ва умри ӯро дарозтар гардонад.


Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: