Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шири модар тифлонро аз беморӣ ҳифз мекунад

Шири модар тифлонро аз беморӣ ҳифз мекунад

20-12-2018, 07:30
Хабарро хонданд: 890 нафар
Назарҳо: 0
    Шири модар тифлонро аз беморӣ ҳифз мекунад
Дар ҷомеаи имрӯза модаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо баҳонаҳои гугогун аз синамаконӣ худдорӣ карда, бо шири сунъи кӯдаки худро ба воя мерасонанд, вале аз оянда ва саломатии ӯ андеша намекунанд. Аммо бехатарӣ ва фоиданокии шири модар ва беқиёс будани онро ҳам илм исбот намудаасту ҳам таҷриба. Ба ҳамагон маълум аст, ки ғизои асосии кӯдаки навзод ин шири модар аст. Кӯдак танҳо тавассути ғизои дурусту солим неру мегирад, ташаккул меёбад.
Тадқиқоти илмии дар солҳои гуногун гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки кӯдакони шири сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
Моҳира як нафар модаре, ки аз синнамаконӣ ба фарзандаш худдорӣ кардааст, имрӯз пушаймон аст. Мавсуф аз он нигарон аст, ки гарчанде фарзандаш имрӯз ба воя расида бошад ҳам, зуд-зуд бемор мешавад. Вай мегӯяд, ки вақте тифл ба дунё овард, барои дигар нашудани шакли зоҳирии баданаш (зебогиаш) аз додани шир ба тифлаш даст мекашад. Ин амали нодурусташ ба тифлаш зарари зиёд расонд. Кӯдак ба бемории дарунрав гирифтор шуд ва қариб ҳар рӯз дар беморхона рӯз мегузаронд.
Моҳира аввалин модаре нест, ки барои нигоҳ доштани шакли зоҳираш кӯдакро аз истеъмоли шири модар маҳрум кардааст. Чунин модарони камсавод дар ҷомеа зиёд ба чашм мерасад. Онҳо ба хотири нигоҳ доштани зебогиашон, фарзандони худро зери хатар мегузоранд.

Мунира Ғанизода, директори муассисаи давлатии Маркази миллии солимии репродуктивӣ дар мавриди афзалиятнок будани шири модар ба тифл қайд намуд: “Шири модар аз ҳама ғизои беҳтарин барои кӯдак дар моҳҳои аввали ҳаёт мебошад. Дар таркиби шири модар тамоми моддаҳои зарурӣ барои рушду инкишофи дурусти кӯдак мавҷуданд ва моддаҳои муҳофизатӣ кӯдакро аз ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва меъдаю рӯда муҳофизат мекунанд. Ҳангоми истеъмоли ғизои сунъӣ бештар кӯдакон ба бемориҳои музмини меъдаю рӯда, бемории қанд, фишорбаландӣ, бемории дил гирифтор мешаванд. Кӯдаконе, ки дар моҳҳои аввали ҳаёт ғизои сунъӣ тановул кардаанд, бештар ба ҳасоссияти дигаргуншудаи организм (аллергия) ва фарбеҳшавӣ гирифторанд. Синамаконӣ ба ҳолати саломатии кӯдак дар хурдсолӣ ва дар синни наврасӣ таъсири мусбат мерасонад ва ин ба таври илмӣ тасдиқ шудааст. Кӯдаконе, ки шири модарро истеъмол кардаанд, на танҳо бо инкишофи хуби ҷисмонӣ фарқ мекунанд, балки бо чусту чолокӣ, оромӣ ва осудагӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ аз дигар кӯдакон тафовут доранд ва онҳо бештар ба модар меҳр доранд”.
Имрӯз яке аз масъалае, ки табибонро ба ташвиш овардааст, ин фавти кӯдакони ва сироятии шадиди роҳҳои нафас мебошад. Тадқиқоти табибон собит сохтааст, ки бемориҳои дар боло зикршуда бештар аз ҳама дар байни навзодоне вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо истеъмол мекунанд. Сабабаш дар он аст, ки дар давоми 6 моҳи аввали ҳаёти худ бо воситаҳои иловагии ғизохӯрӣ ва пистонак (чочак) алоқа доштани навзод ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани тифлон мебошанд. Чун тоза нигоҳ доштани пистонак ва шишача хеле мушкил аст, аз ин ҷиҳат онҳо заҳрнок мешаванд. Табибони сатҳи ҷаҳонӣ мегӯянд, ки кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, тез-тез ба бемориҳои дарунравӣ гирифтор шуда, дуру дароз давом меёбад ва онҳо хеле лоғар менамоянд.
Тибқи маълумотҳо норасоии ғизо, аз ҷумла синамаконии номуносиб ҳар сол сабаби 45% ҳолатҳои марги кӯдакони то 5-сола мешавад. Дар ҷаҳон ҳар сол 823 ҳазор нафар кӯдак бо сабабҳои ғизодиҳии номуносиб мемиранд.
“Синамаконӣ натанҳо барои ба воя расидани тифли солим аст, балки барои солимии модарон низ муфид ва фоидаовар аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки синамаконӣ модаронро аз хавфи гирифторшавӣ ба саратони сина муҳофизат менамояд. Агар модарон ба таври зарурӣ ба кӯдакон шири сина бидиҳанд, 20 ҳазор марги босабаби бемории саратони сина пешгирӣ карда мешавад. Ҳамчунин, он сатҳи камбизоатиро коҳиш медиҳад.
-Ҳангоми макидани сина ҳормони окситатсин пайдо мешавад, ки кашишхӯрии бачадонро зиёд менамояд ва модарро аз хунравии баъди таваллуд эмин медорад. Синамаконӣ омили муҳими пешгирии ҳомиладоршавии бемаҳалии зан дар ҳамин давра ба ҳисоб меравад. Рафти синамаконӣ ҳамчунин ба ҳолати эмотсионалии модару кӯдак таъсири мусбат расонда, байни онҳо робитаи зичи дуру дарозро барпо менамояд. Нақши муҳимро худи ҷараёни синамаконӣ мебозад, ки дар байни модару кӯдак алоқамандии хоси бемислро пайдо мекунад,-мегӯяд М. Ғанизода.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян кардаанд, ки барои таъмини як кӯдак аз таваллуд то синни 6-моҳагӣ бо маводҳои омехтаи гуногуни ғизоӣ 52 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст. Агар ҳар қуттӣ 60-70 сомонӣ нарх дошта бошад, пас дар 6 моҳ 3.120-3.640 сомонӣ ($645-676) лозим мегардад, вале даромади як оила чӣ қадар аст? Аз ин лиҳоз, кӯдакони худро бо шири сина ғизо диҳед. Дар 1 сол барои харидории шири сунъӣ дар дунё 54 миллиард доллари ИМА (дарТоҷикистон -41 миллион доллар) масраф мешавад.
Ду даҳсолаи охир 34 фоизи модарон кӯдакони навзоди худро бо шири сунъӣ таъмин мекунанд, ки ин хуб нест. Беҳтар аст, ки онҳо ҳам ҷигарбанди худро бо пистони худ шир диҳанд. Ягон навъи маҳсулоти хӯрока ва ягон дорую дармон низ дар дунё шири модарро иваз карда наметавонад, чунки ҳуҷайраҳои таркиби шири модар зиндаанд ва беҳуда нест, ки шири модарро“хуни сафед”меноманд.
Аз нигоҳи шариат дини Ислом ба кӯдак арзиши волоеро қоил аст ва таъкид мешавад, ки модарон то 2 -солагӣ ва аз он боло тифлро шир диҳанд. Агар модар бемор бошад ба волидони кӯдак тавсия дода мешавад, ки барои ӯ доя интихоб намоянд. Дар ҳолати интихоб намудани доя музди шири дояро бипардозанд. Агар тифл аз истеъмол намудани шири доя бемор шавад, дар қиёмат модари кӯдак ҷавобгар мешавад.
Бархе мутахассисон бар он назаранд, ки бинобар истеъмол накардани ғизои фоиданок аз ҷониби занон ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди таваллуд, тифл метавонад аз шири модар маҳрум бигардад. Гарчанде бештари занон барои вазни зиёдатӣ нагирифтан худро аз истеъмоли хӯроки серғизо ҳифз мекунанд, вале бештари дигари онҳо аз нодорӣ дучор ба ин мушкил мегарданд. Аммо ҳар модар бояд бидонад, ки шири истони ӯ ба фардои солимии фарзандаш нақши муҳимеро мебозад.

Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: