Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Миллати солим ҷомеаи солим месозад

Миллати солим ҷомеаи солим месозад

2-03-2018, 09:41
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Миллати солим ҷомеаи солим месозад
Мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА хўроки зудтайёр, чипсиҳои аз картошка тайёршуда, питса, маҳсулоти макаронӣ ва ҳасибҳоро ҳамчун маҳсулоти ғизоии барои саломатӣ бештар хатарнок ном бурдаанд. Аз рўи натиҷаи таҳқиқот маҳз ҳамин маҳсулот бемориҳои дилу рагҳоро таҳрик медиҳанд. Аммо хатари асосӣ на дар худи маҳсулот, балки намаки дар таркиби ин маҳсулот мавҷудбуда мебошад. Ҳиссаи зиёди намак дар маҳсулоти зикршуда боиси баландшавии фишори хуни раги варид мешавад.
- Имрўз дар ҳар қадам фурўши маҳсулоти зудтайёр ба чашм мерасад,- мегўяд номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. - На танҳо дар бозор, балки дар мактабу донишкадаҳо низ гамбургу сендвич, ҳотдог, питса, ролтон ва дигар маҳсулоти камвитамину дорои иловагиҳои ғизоӣ мефурўшанд. Ин гуна ғизоҳои зудтайёр ба организм зараровар буда, табодули моддаҳоро вайрон, миқдори тестостеронро кам ва иммунитетро заиф намуда, хатари сар задани бемориҳои саратонӣ ва диабети қандро меафзояд. Касоне, ки муддати тўлонӣ ин гуна ғизоҳоро истеъмол кунанд, дучори авитаминоз (норасоии витаминҳо) мегарданд.
Табибон ғизои сервитамини аз меваю сабзавот тайёршударо барои рушду нумўи организм муфид меҳисобанд. Аммо бештари сокинони мамлакат аз манфиати ғизоҳои табиӣ огоҳӣ надоранд.
- Баъзеҳо ба ҷои хўрокҳои аз сабзавот омодашуда хўрокҳои зудтайёр ба монанди картошкабирён ё ролтонро дўст медоранд,- мегўяд парҳезшинос Нигина Раҳимова. - Масалан, баъзеҳо чандон ба каду таваҷҷуҳ надоранд. Ҳол он ки дар каду бетакаротинҳо, калий ва магний хеле фаровон аст. Истеъмоли бардавоми каду бемориҳои дилу рагҳоро пешгирӣ менамояд. Аз сабаби дар таркиби каду зиёд будани ғози набототӣ истеъмоли он организмро аз холестерин, металлҳои вазнин, чарби зиёдатӣ ва дигар моддаҳои зарарнок пок месозад. Касоне, ки истеъмоли ғизои кадугиро дўст медоранд, аз бадҳазмӣ ва қабзият шикоят намекунанд.
Аз рўи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳар сол ба мамлакат барои гирифтани ҳосили баланд аз хориҷа 200000 тонна нуриҳои минералӣ ворид мешавад. Шояд барои гирифтани ҳосили баланди зироатҳои техникӣ ба нуриҳои минералӣ зарурат бошад, вале барои сабзавоту полезиҳо аз нуриҳои органикӣ истифода бурдан беҳтар аст. Зеро ба замин зиёд андохтани нуриҳои минералӣ боиси дар таркиби сабзавот ва зироатҳои полезӣ ҷамъ шудани нитратҳо мегардад, ки ба организм зарар доранд. Дар баробари порўи пўсидаи парандаҳо ва ҳайвонот хазону пасмондаи растаниҳоро низ ҳамчун нурии серғизо истифода бурдан мумкин аст.
- Баъзеҳо хазони дарахтон ва баргу пояи хушкшудаи зироатҳоро месўзонанд, ки ҳаворо ифлос месозад, - мегўяд сокини деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор, деҳқони собиқадор Саодат Ҳикоятуллоев.- Дар гўшаи ҳавлӣ чуқурчае канда, хазону пасмондаи рустаниҳоро дар он ҷо гўронидан ягон хел хароҷот талаб намекунад. Баъди 7- 8 моҳ компости хушсифат тайёр мешавад, ки аз нурии минералӣ дида муфидтар аст. Ҳам маблағ сарфа мешаваду ҳам ҳосили гирифташуда аз лиҳози экологӣ тозаю бехатар мегардад.
Дар баробари истифодаи барзиёди нуриҳои минералӣ истифодаи заҳрхимикатҳо низ ба сифати ҳосил таъсири манфӣ мерасонад. Ҳол он ки ба ҷои заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашароти зараррасон бо усули биологӣ мубориза бурдан мумкин аст.
- Дар табиат ҷонваракони муфиде ҳастанд, ки ҳашароти зараррасонро нобуд мекунанд,- мегўяд устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Икром Тешаев- Масалан, канаи сурхи ҳафтхолдор, тиллочашмак, ҳабрабракон ва дигар ҷонваракон шираву кирми ғўза барин зараррасонҳоро нест мекунанд. Агар дар ҳар минтақа лабораториҳои биологӣ бунёд карда, ҷонваракони фоиданокро парвариш намоем, ҳоҷати бар зидди зараррасонҳо истифода бурдани заҳрхимикатҳо намемонад. Аз ин ҳам манфиати иқтисодӣ ба даст меояду ҳам муҳит тоза монда, меваю сабзавот хушсифат мешавад.
Яке аз собиқадорони соҳаи кишоварзӣ, собиқ раиси хоҷагии овозадори «Бешкент»- и ноҳияи Шаҳритуз Раҳимқул Ҳайдаров ҳанўз дар даврони шўравӣ гуфта буд: «Заҳрхимикатҳо дар навбати аввал ба зараррасонҳо не, балки ба одамон таъсири манфӣ мерасонанд. Зеро мо аз ҳавои бо заҳрхимикатҳо олуда нафас мекашем, ҳосили бо заҳрхимикат омехташударо менўшем».
Ҳанўз на ҳама кишоварзон аз усули биологии муборизаи зидди зараррасонҳо, истифода бурдани нуриҳои органикӣ ва аз як майдон соле 2- 3 ҳосил рўёнидан огоҳанд. Зеро аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумоти олии кишоварзӣ надоранд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати заминдории аҳолии кишвар ҳоло дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» амал мекунад. Ба гуфтаи мутахассиси кор бо ҷомеаи Лоиҳаи мазкур Санавбар Шерова ин лоиҳа ба деҳқонону боғдорон, алалхусус бонувон кўмак мекунад, то онҳо сатҳи истеҳсолот ва нигоҳдории сабзавот, меваҷот, донагӣ ва маҳсулоти ширии серғизоро бештар кунанд. Инчунин, Лоиҳа ба корхонаҳои хусусӣ ҷиҳати шурўъ намудан, беҳтар сохтан ва ё тавсеа бахшидани фаъолияти марбут ба коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва бозорёбии меваҷот, сабзавот, хўроки чорво ва маҳсулоти ширӣ кўмаки техникӣ пешниҳод карда, онҳоро маблағгузорӣ менамояд. Пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии лоиҳа 33000 нафар кишоварзон, аз ҷумла 23100 нафар бонувон аз омўзишҳои кўтоҳмуддат оид ба усулҳои нави кишоварзӣ бархўрдор мегарданд.
Ҳадаф аз тарғиби коркарду нигоҳдории дурусти меваю сабзавоту маҳсулоти ширӣ ин ҳифзи солимии аҳолии мамлакат, пешгирии маъюбшавии аъзои ҷомеа ва билохира ҳимояи генофонди миллат аст. Зеро танҳо миллати солим ҷомеаи солим месозад.

С. СУННАТӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: