Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Қанд нахӯрем, чӣ мешавад?

Қанд нахӯрем, чӣ мешавад?

23-08-2017, 12:59
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
 Қанд нахӯрем, чӣ мешавад?
Гурӯҳе аз пажӯҳишгарони ғизо, ки ҳадафашон танзими истеъмоли анвои гуногуни хӯрданиҳост, дар пайи таҳқиқи чандинсола маълум карданд, ки дар сурати истеъмоли кам ва ё нахӯрдани қанд дар организми инсон чӣ ҳолате пеш меояд.
Бинобар натиҷаи ин таҳқиқот, мушаххас гардидааст, ки ҷисми инсон ҳамарӯза аз қанд аз 300 то 700 калорий мегирад.
Пажӯҳишгар Элис Пауэлл аз гурӯҳи муҳаққиқони Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ тавзеҳ додааст, ки инсон қандро нафақат аз маҳсулоти қандӣ ба монанди кулчақанд ( торт), конфету шоколад ва оби газноки ширин дарёфт мекунад, балки аз маводи ғизоии солим, аз ҷумла макарон, ёгурт ва соусҳои мухталиф низ ба андозае қанд дарёфт менамояд. Бо таваҷҷу ба ин мешавад гуфт, дар сурати тамоман бас кардани хӯрдани маводҳои қандӣ ва ширин ҳам организми инсон бе ин модда намемонад.
Ба ақидаи пажӯҳишгарон худдорӣ аз истеъмоли қанд саломатии дилро беҳтар мекунад, дар натиҷа риски марги ногаҳонӣ ҳам ду баробар коҳиш меёбад.
Мутахассисон инчунин мегӯянд, дар сурати кам кардани истеъмоли қанд, ҳолати пӯсти бадан ҳам ба таври назаррас хуб мешавад.
Ба гуфтаи онҳо, ин беҳбуд аз он сабаб аст,ки қанд миқдори захиравии чарбро дар атрофи ҷигари инсон бештар мекунад, ки дар натиҷа ба эҳтимоли гирифторӣ ба инсулин таъсир мерасонад ва кори ғадуди зери меъдаро ҳам бад месозад, ки боиси мубтало шудани инсон ба диабет, бемории қанд мешавад.
Мутахассисон инчунин ба онҳое, ки мехоҳанд хотираи худро бақувват нанд ва ё лоғар шаванд, низ тавсия медиҳанд, ки қанд ахӯранд.
Солеҳ Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: