Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФИТНА – РЕШАИ ТЕРРОРИЗМ!

ФИТНА – РЕШАИ ТЕРРОРИЗМ!

25-01-2019, 09:05
Хабарро хонданд: 547 нафар
Назарҳо: 0
ФИТНА – РЕШАИ ТЕРРОРИЗМ!

Ҷомеаи имрӯзаи моро табаддулот ва дигаргуниҳои зиёд ғасб карда истодааст, ки ин бевосита ба фикронӣ ва диди ҷавонон таъсир мерасонад. Барои ҳифз шудан аз ин вабои аср, мебояд ҳушёр ва зирак буд. Беморие, ки вабои аср хондемаш ин терроризм аст, ки решаи онро ФИТНА меноманд.
Фитна дар худ маъноҳои зиёдро доро мебошад, ба мисли:
-фитна – ошӯб, балво, ситеза. 2. иғво, иғвогарӣ; фитнаи ғайбаткор; фитна хестан ошӯб барпо шудан, балво сар шудан;
-фитнаангез – он ки ва он чи мӯҷиби эҷоди фитна мешавад, ошӯбгар, вайронкор;
Имрӯз мухолифони кишвари мо аслан ба воситаи ҳамин мафҳум амалҳои номатлуби худро роҳандозӣ карда истодаанд. Онҳо бо роҳи фиреб ба зеҳни ҷавонон ва мардуми авом роҳ ёфтан мехоҳанд, то наќшаи сиёҳи хуро амалӣ созанд.
Пас, чанд нуктаро барои ҷавонон ва хонандаи азиз бо изтироб таъкид медорам, ки барояшон муҳим мебошад: онҳое, ки худро аз берун дилсузи кишвар эълон кардаву сиёсати имрӯзаро танќид мекунанд, дар асл касоне ҳастанд, ки ба доми фиреби хоҷагонашон афтода, бозичаи дасти онҳо гаштаву чун васила истифода мешаванд; дар хориҷа, дар шаҳри бегона ошуб барпо кардану иғво андохтан ва гурӯҳ ташкил кардан ҳатман хараҷот дорад. Оё касе андеша намекунад, ки онҳо ин ќадар маблағро аз куҷо меоранд? – Албатта аз хоҷагонашон бар ивази ноил шудан ба наќшаи сиёҳи онҳо!
Таъкиди ин гуфтаҳо бар он аст, ки имрӯз мо ҷавонон бояд ушёру зирак ва содиќ ва халќу Ватани хеш бошем. Барои кор, таҳсил ва зиндагӣ кардан дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам аст. Ҳамеша набояд пайи камбудӣ рафт, баръакс мо бояд ба дастовардҳо назар кунем, то калимаи “шукр”-ро ба лаб гуфта тавонем.
Таъсиси гурӯҳи “Паймони миллии Тоҷикистон” аслан гурӯҳи иғвоангезон ва фитнаҷӯён мебошад, ки мехоҳанд оромии кишвари моро халалдор кунанд. Ин гурӯҳ ба ҳамон гурӯҳи ба ном “муллоён”-и воќеаи «Ҷанги муллоён бо аробакаш» -и Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ шабоҳат дорад.
Мутолиаи муфассали ин ҳикоя ниҳоят таъсиркунанда аст, чунки мардуми авом бо иғвои чанд нафар як шахси мазлумро чунон сангсор мекунанд, ки аз инсон будани худ фаромуш месозанд. Порчаеро аз ин воќеа манзури хонандагон гардонидан, тасдиќкунандаи фикр мебошад:
«Ман дар умри худ якум бор дар он ҷо дидам, ки одам бо тарбияти бад ва одатҳои ваҳшиёна чӣ навъ аз ҷилди одамгарӣ баромада, аз ҳайвони дарранда ҳам бадтар мешудааст. Оре, онҳо аз ҳайвони дарранда бадтар шуда буданд, зеро ҳайвони дарранда барои сер кардани шикам ё мудофиаи ҳаёти худ ба одам ё ба ягон ҳайвони дигар ҳуҷум кунад ҳам, аз ин кори худ шодмон шуда намехандад ва ҳатто аломати хурсандӣ ҳам нишон намедиҳад. Аммо ин одамони бадтар аз ҳайвон, дар ваќте ки бо ваҳшонияти тамом як одами дасту по бастаро зада кушта, дасту пою сару рӯю гӯшту пусти ӯро пора-пора карда истода буданд, чунон ки дар маросими домодбарӣ ё арӯсбиёрӣ иштирок карда истода бошанд, шодмонӣ мекарданд…».
Мехоҳам ин нуктаро биафзоям, ки ҳадафи овардани мисоли зикршуда бар он аст, ин гуна одамон имрӯз низ дар пайи иҷрои наќшаи сиёҳи худ, дигареро аз зиндагӣ маҳрум месозад. Маҳз сабаби ҷангҳои дохилии мамлакатҳо гурӯҳҳои иғвоангезу тундгаро мебошанд. Сангсор шудани аробакаш аз воќеаҳои даҳшатангезе, ки имрӯз дар мамлакатҳои гуногуни дунё, хусусан, Шарќи наздик рӯх дода истодааст, фарќияте надорад. Чунончи дар кишвари ҳамсоя Афғонистон Фархунда ном занро ҳам сангсор карданд ва ҳам оташ заданд, ки тасдиќкунандаи фикри устод Айнӣ мебошад. Нависанда ба воситаи тасвири воќеаҳои давраи амирӣ хонандаи имрӯзро ҳушдор медиҳад, ки инсон бояд дар ҳама ваќт таҳаммулпазир ва дурандешу закӣ бошад.
Мисоли овардаи мо, бозтобӣ симои як шахсро дарбар мегирад, аммо дархӯри мафҳуми густурдае мебошад. Таассуф аз он дорем, ки имрӯз баъзе аз мардумони носипос мехоҳанд теша ба решаи худ бизананд, фориғ аз он ки ин сулҳу ободӣ ва оромӣ бо чӣ ҷонбозиҳо ба даст омадааст. Пас, шукргузор аз имрӯзи кишвару тарғибгари фарҳанги хеш будан, ба манфиати мост!

Шамшоди Ҷамшед, мутахассиси
Раёсати илм ва инноватсияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: