Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Гирди номи падар чӣ мегардӣ!

Гирди номи падар чӣ мегардӣ!

16-01-2018, 16:39
Хабарро хонданд: 80 нафар
Назарҳо: 0
Гирди номи падар чӣ мегардӣ!
Расидан ба қуллаҳои камол хоста ва орзуи ҳамагон буда, ниҳоят ба даст овардани авҷи азамати воқеӣва ё марҳилае аз он хеле душвор аст. Тамоюли соҳиби қадру эътибор, яъне арҷманд шудан дар вуҷуди ҳамаи инсонҳо ҷо дорад. Тафохури пуч ё барманишӣ дар истилоҳ ба касе гуфта мешавад, ки ме хоҳад худро ҷузъе аз табақаи ашроф, рӯшанфикрон, олимон, умуман бо ҳар тоифаи хос ҳамто нишон диҳад. Муродифҳои аслии ин вожа мутакаббир, мағрур, бодсар ва зоҳирписанд аст.
Радифи аврупоии ин калима «сноб» (snob) аст. Этимологияи пайдоиши луғати мазкур дар ин забонҳо хеле ҷолиб буда, марҳилаҳои гуногунро аз сар гузарондааст, то ба маънои аслиаш наздик гардад. Решаи таърихии истилоҳи «сноб» аслан дар забони англисӣ дар қарни ҳаждаҳум маънии «пинадӯз» -ро доштааст. Баътар онро дар донишгоҳи Оксфорд нисбат ба донишҷӯёне истифода мекарданд, ки аз авлоди бойҳо ва мансабдорон набуданд ва барои онҳо иштирок кардан дар ҷаласаҳои, ки шоҳ ҳозир мешуд, мумкин набуд. Аммо аз нимаи қарни нуздаҳум ба воситаи инқилоби саноатӣ ва тағйиру таҳовуллоти сареҳ дар миёни табақаи ашроф ва шаклгирии табақаи миёна маънои он ба «мардуми одӣ» иваз гардид. Баъдтар онро ҳамчун вожаи нафари дағал, нотайёр, бефаҳм, лаванд, ки кӯшиш мекунад одамони болонишинро таъриф кунанду худро аз табақаи онҳо эълон намояд ва ба ин восита бе ягон асоси воқеъӣ, барои вазифадор шудан, талош меварзид, истифода мебурданд. Зоҳиран ин калима баъд аз чоп баромадани романи Текеррей Д. «Китоби снобҳо» (Book of snobs) ба таври васеъ паҳн шуд. Истилоҳи «синобизм» ҳам аз ҳамин калима пайдо шудааст.
Ҳамин тавр, дар баъзе вақтҳо инсонҳо хеле мағрур мешаванд, танҳо ба хотири он ки ягон хешу табор, модар, падар ва умуман нафаре аз наздиконашон шахси бообрӯ, соҳибвазифа ва ё аҳли илму фарҳанг ва донишманди машҳур бошад. Яъне, хеши наздики афроди шинохта будан барои онҳо танҳо боиси ифтихор набуда, балки боиси кибру ғурур ва манманӣ ҳам мегардад. Аз мушоҳидаву натиҷагирӣ маълум мешавад, ки дар ҷомеаи мо низ чунин одамон кам нестанд, ки бештар аз ном ва худи чеҳраҳои машҳури ҷомеаи фарҳангиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ ва ғайра муҳобот мекунанд. Ин саҳнаҳои «муаррифӣ»-ро дар бисёр ҷойҳо дидан мумкин аст.
Чанд рӯз пеш дар сари роҳ интизори нақлиёт будам, ки як мошини боҳашамати шишаҳояш сиёҳи тамғаи «Лексус» ба ягон қойдаи ҳаракати роҳ итоат накарда, аз пешам босуръат гузашт. Чанд қадам поёнтар нозирони роҳ истода, сукуни нақлиётро назорат мекарданд ва ин дағалии лексусдори ғарданғавсро дида, ӯро боздоштанд.Чун дар дилам ба воҳимакунии ин шофёр тавҳин карда будам, амали нозирони роҳ «маъқул» -ам шуд. Ба мақсади мушоҳида кардани он ки «ронандаи лексусдор чӣ ҷавоб хоҳад дод?», наздиктар рафтам. Аз дохили мошин ҷавони «хушчеҳра» бовиқорона, тирезаро поён карда, тарафи нозири роҳ, ки дастро дар пешонӣ монда, худро муаррифӣ карда истода буд:
- Ака, вақтам кам чӣ мехоҳӣ? -гуфт.
- Ку, як ҳуҷҷатҳоятонро нишон диҳед,- хоҳиш кард нозир.
- Эьь, ман саросемаюм ака, ҳоло ман таъҷилан бояд пеши тағоим гнерал…биравам:-мутакаббирона ҷавоб гардонд ронанда. Мутаассифона, нозири роҳ ҳам итоат карду гӯё ягон гап нашуда бошад, аз пеши лексусдор ҳуштаккашон дур рафт.
Банда ҳайрон шудам, магар барои ҷияни генерал буданаш бояд қоидаҳои роҳро тағйир диҳанд ё барои онҳо чунин дастурҳо аслан вуҷуд надоранд? Магар аз пушти як генерал ин қадар дағдаға кардан шоистаи мардонагист? Ҳамон генерал шояд, ки гармиву сардии зиндагиро паси сар карда ба, хотири амну оромӣ ва ҳифзи Ватан хизмате анҷом додааст ва баъд ба ин унвон мушарраф гардидааст. Он шахсро «ҳамту» генерал намонданд, ку? Онҳое, ки аз пушти заҳмату кӯшиши дигарон меболанд, бе пуштибон аз худ ҷуръате зоҳир намекунанд ва сари танҳо як одамаке беш нестанд.
Албатта, ифтихор аз он наздиконе, ки дар ҷодаи пешрафту нумӯи соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва таърихи миллат саҳми арзишманде гузоштаанд, кори хубе аст, ки бояд анҷом дод. Вале ин маънои онро надорад, ки мо ҳар коре, ки диламон мехоҳад, анҷом диҳем ва бо муаррифӣ кардани шахсони мӯътабар гӯё хешовандони наздики мо ҳастанд, аз маъсулият ва ҷавобгарӣ саркашӣ намоем. Охир мо бояд коре кунем, ки мисли бузургону донишмандони хеш бошем, на ин ки амалеро анҷом диҳем, то боиси нанги онҳо гардем.
Бо рӯнамо кардани хешу ақрабои номдори хеш метавон якчанд бор аз вазъияти гуногун худро раҳо кард, аммо ин амал имкон дорад, ки боиси паст ва ё доғдор шудани чеҳраи аслии онҳо шавад. Гузашта аз ин чунин «муаррифиномаҳо» оқибати самараноке нахоҳанд дошт, чун бузургиву ҷоҳ ва шаъну шавкат заҳмати бениҳоятро талаб мекунад, на нисбатро
Ҳамин тавр, лаҳзаҳои бисёре ҳамсони ҳолати дар боло зикршуда мушоҳида шуданд, ки боиси таасуфанд. Яке худро набераи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур муаррифӣ мекарду мехост аз вазьияте худро раҳо созаду дигаре, ки ҳатто саводи комили ибтидоӣ ҳам надошт, хешро аз пайвандони Сардафдари адабиёти муосири тоҷик устод С. Айни пиндошта, мехоҳад ба дигарон таълими дониш диҳаду маърӯзахонӣ кунад. Савумин, ки дар умраш ҳатто яке аз амали шоистаи Пайғамбари Исломро анҷом надодааст, худро аз авлоди ӯ – «саидзода» мешуморад, талаби ҳақи маъвизахонӣ ва иддои таҳлили сураҳои Қуръонро дорад. Билохира, Ҳазарати Муҳаммад аҳли араб буд ва гарчанде ки таълимоти диниаш хеле густариш ёфта бошад ҳам, паҳн шудани авлодаш ба гӯшаву канори дунё эҳтимоли воқеӣ надорад. Ғайр аз ин ӯ писаре надошт, ки меросбари авлодӣ бошад ва таърих онро тасдиқ кунад.
Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки дар баъзе узамо ва кабирон худашон боиси такаббури хешу ақрабо ва наздикону пайвандон мегарданд. Нисбат ба ҳар як амали нописандона ва дағалонаашон чораҷӯӣ намекунад ва ҳатто озод кардан аз ҷавобгариро ҳам ба онҳо кафолат медиҳанд. Ин аст, ки фарзандҳо ва пайвандонашон дар ҳар куҷое хоҳанд, бар сари ҳар кас дӯғу пӯписа ва калонгирона рафтор мекунанд. Аз ин лиҳоз бояд гуфт, ки таъкид доштани фарзандҳо нисбати он, ки набояд аз ҷоҳу вазифа, илму дониш, қаҳрамониву паҳлавонии дигарон сӯистифода кунанду муфаххар бошанд, амали шоистаест, ки меҳтарон анҷом медиҳанд. Зеро ҳамсони падри хеш шудан сад бор бартар ва шоистатар аз он, ки хилофи ӯ бошӣ. Чунон ки бузургон гуфтаанд:
Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ!
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: