Роҳати мардум талаб! Озор чист?…19-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ахлоқи ҳамида, эътибору обрӯ ва оинаи беғубори ботину бори ғизоӣ судбахши рӯҳу ҷони мардум буда, аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки ҳамвора таҳти назари давлат қарор гирифтааст. Ва дар шароти кунунӣ ҷомеаи мо ба омӯхтани панду андарзи гузаштагон эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, ба ҳар як аъзои ҷамъият зарур аст, ки ҳаёти худро бошуурона ба роҳ монда, дар рушду камол ва маънавиёти хешу дигарон саҳмгузор бошад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём инсони комил, бо ору номус, меҳнатдӯсту меҳнатӣ, ҳалолхуру ҳалолкор, покнияту поктинат зиста, дар ислоҳи воқеоти зиндагӣ хайрхоҳ ва дар ҳалли мушкилот гиреҳкушо буданд. Ва моро лозим аст , ки ин анъанаро идома дода, номбардори миллату давлати хеш бошем. Вазифаи мо пеш аз ҳама омӯхтани илму дониш ва онро дар асоси дастовардҳои иноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ тадбиқ кардан аст. Ин масъала дар Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан зикр гардидааст: «Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсоли ватанӣ васеъ тадбиқ карда, ба ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд» Аз ин лиҳоз, масъулияти мо ҷавонон аз пеш бештар гардида, иҷрои он дар мадди аввал меистад. Ва аз ин ҳам масъалаи ҷиддитар, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ ва ба ин восита алоқаманд шудан бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Ва барои пешгирӣ кардани ин амали номатлуб мо бояд аз хонаи худ, аз кӯчаи худ, аз маҳаллаи худ ва аз он ҷое шурӯъ кунем, ки зиндагонӣ дорем. Ислоҳ накардани хурдтарин амалҳои номатлуб боиси нооромии ҷомеа мегардад. Чуноне ки Ҳаким Фирдавсӣ фармудааст: Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетӣ бисузад, бигардад баланд. Оре, ислоҳи ҳар гуна камбудӣ дар вақташ амалест дуруст ва ибратест барои дигарон. Аз чи сабаб бошад, ки бархе аз ҷавонон ба қадри неъматҳои даврони истиқлолият нарасида, пайгири дасисаҳои бегонагон мебошад. Зеро давлату миллат кор бо ҷавононро ҳамеша дар мадди аввал гузошта, барои дастгирии онҳо чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд: «Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Мо барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму дониши муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Умри инсон чун барқ даргузар аст ва вақти зиндагӣ чун мавҷи баҳор нопойдор. Ҳар соате, ки мегузарад, ҷавҳари бебадал аст. Қимати онро бояд донем. Ва аз зиндагӣ он чӣ рафт, боз овардани он аз ғайри имкон аст. Пас, чаро на ҳама дар ин бора андеша мекунанд ва дар пайи озору маломати мардуманд. Ба ин гуна ашхос Фаридаддини Аттор чанд аср пеш муроҷиатона гуфта буд: Роҳати мардум талаб! Озор чист? Ҷуз хиҷолат ҳосили ин кор чист? Терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳое мебошад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ва ҳар як фарди соҳибватанро мебояд, ки муборизаро бар зидди ин вабои аср пурзур кунад. Пас, агар натавонист, бар зидди ин гуна шахсон мубориза барад, ҳадди ақал ба онҳо пайравӣ накунад. Зеро, дар байни халқ мақоле ҳаст, ки «Агар некӣ карда наметавонӣ, пас бадӣ накун». Ва ин масъала дар ҳамаи суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад ва дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд… Хулоса имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ҳамин тариқ, моро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати хешро пайгирона ҷонибдорӣ намуда, дар амалӣ кардани он саҳмгузор бошем. Ва агар кори неке карда натавонем, бадиро низ пешаи худ накунем. Зеро ҳар як амали мо ба мисли сухане аст, ки чун аз даҳон берун ояд марҳаме мешавад ба захме ё ханҷарест, ки дилеро мешикофад ва ё насиме аст, ки дарёи эҳсосотро ба талотум меоварад. Пас, дар ҳолате, ки наметавонем бо сухани худ дилдодаеро мурод, ғамзадаеро шод ва вайронаеро обод кунем, хомӯшӣ беҳтар аз он бувад. Инчунин дар шароити кунунӣ, ба ҷавонон баробари хондану маълумот гирифтан, пояи маънавиёту одамият омӯзонида ва дар онҳо эҳсоси ватандорию маърифатпарварӣ, ифтихори миллӣ бедор карда шавад. Ва барҳақ дар Паём таъкид гардидааст: «Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад». Шамшоди Ҷамшед, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи А. Рӯдакӣ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.