Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Торикандешон

13-07-2018, 08:36
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Торикандешон

Бо шунидани он, ки ду се чаласавод худро «озодандеш» унвон додаву номи худро ба қатори зиёиёни миллат худ ба худ ворид намудаанд, бори дигар нафратам ба ин гумроҳҳон зиёд гардид. Агар таърихи зиндагии ин “озодандешон”-ро назар афканем, заррае ҳаёти онҳоро бе омезиш ба ҳаёти хоҷагонашон тасаввур кардан ғайри имкон мебошад. Инҳо воситаи тарғибу ташвиқи ҳадафҳои нопок ва халалдоркунандаи вазъи кишварҳои дӯст аз ҷониби хоҷагонашон истифода бурда мешавад. Ин гумроҳон мехоҳанд анҷуман таъсис дода, маблағҳои муфти хоҷагонашонро соҳиб шаванд ва рӯзгорашонро аз ин ҳисоб пеш баранд. Ин нохалафон маблағҳои муфтро ба даст оварда, бар зидди давлату миллати хеш мехоҳанд суханҳои ноҷову фитнаангез гӯянд. Ватанеро, ки ҳамчун модар дар оғӯшаш ба камол расиданд ба ӯ хиёнатро раво мебинанд. Инҳо бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда, номашон низ ба хоҷагонашон тааллуқ дорад. Инҳо ҳамчун робот ва ё беморони рӯҳӣ дар машварату мулоқотҳои хоҷагонашон ширкат намуда, мунтазам ҳимоят аз хоҷагонашон мекунанд. Агар ба асли воқеа ва муносибати хоҷагони хориҷӣ бо ин “озодандешон” назар афканем маълум мегардад, ки хоҷагонашон барои ин нохалафон мошинҳои партовпартоӣ яъне корношоямро ҷудо карда, онҳоро бо минбарҳои махсус таъмин намуда ва анҷуманашонро “озодандешон” унвон додаанд.

Дар ҳар куҷое, ки зарурати иштироки ин “озодандешон” пайдо шавад, дарҳол хоҷагонашон онҳоро бо минбарҳояшон таъмин мекунанд, то онҳо тавонанд суханони пучу бемаъниашонро нисбати кишвари худ баён кунанд. Яъне, ин “озодандешон” дар кишвари хоҷагонашон макони муқаррарии зиндагӣ надоранд. Балки рӯзашон дар нақлиётҳои партовпартоӣ ва минбарҳои вайронаи хоҷагонашон мегузарад. Месазад, ки онҳоро озодандешони минбарҳои партовӣ унвон диҳем. Мо дарк мекунем ва медонем, ки ин разилони гумроҳ дар Тоҷикистон он қадар зиндагӣ накардаанд, ки дар бораи он ҳарф гӯянд. Аз хотир ҳуқуқи аз номи Тоҷикистон гап заданро надоранд.

Мо ҷавонон рафтори ин гуна гумроҳон хоинони ватанро шадидан маҳкум намуда, нафрати хешро нисбати анҷуманашон баён медорем.

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: