Пешгири кардани ҷавонон аз роҳҳои ифроти18-05-2018, 07:35
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳар давру замон ҷангу низоъ ва хархашаҳои зиёди бемаънӣ вуҷуд дорад. Аммо имрӯз ин ҳолати манфур дар ҳоли авҷ аст. Боиси таассуф аст, ки дунёдорон баҳри ба даст овардани манфиатҳо ва роҳандози кардани мақсадҳои ғаразноки худ аз номи куфру дин, имону мазҳаб ва дунёву охирати одамон истифода мекунанд. Пайваста ба он арзишҳое даст мезанад, ки барои ҳамагон азиз ва муқаддасанд. Дину имон мафҳумҳоест, ки ҳасосияти инсонҳоро ба вуҷуд оварда ба баҳсу мунозира ва баъзан ба ҷангу гиребонгирӣ оварда мерасонад. Ҳамагуна гурӯҳҳои ифроти ин ҳама нозукиро ба хуби дарк кардаанд. Мебояд қайд намуд, ки ҳар гурӯҳи ифроти пеш аз оне, ки дар ягон минтақа ё байни қавму халқиятҳо ҷангу низоъ ва нооромӣ барпо созанд, онҳоро ба хубӣ омӯзиш карда сустию заифӣ ва чӣ гуна ба шур овардани онҳоро меомӯзанд. Яъне аз заифии ҳар қавму миллат фаровон истифода мебаранд. Ба ин ҳама онҳое даст доранд, ки намехоҳанд дар дунё оромӣ ва суботу осоиштагӣ ҳукумрони мутлақ бошад. Дар баробари нооромиҳоро ба вуҷуд овардан худро чун мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд ва чун аъзои пайкараи дардолуди миллати ҷангзада вонамуд сохта тамоми дороӣ ва арзишҳои миллии онҳоро ба яғмо мебаран, ки ин мисоли ошкорост. Аслан сиёсат баҳри хунолудест, ки баъзеҳо аз он ба кайфият менӯшанд ва баъзеҳои дигар ба он нигоҳ карда ангушти ҳайрат мегазанд ва баъзеи дигар аз он оҳу воҳи ҷонгудозе мекунанд, яъне ҳар ки ба он менигарад ҷуз рангаҳое чашмрабою дилғашшаванда чизе намебинад. Ин гуфтаҳо ба он сиёсатҳои ифлосе, ки мардумро зинда ба зинда пуст карда ба сихи кабоб мегудозанд, марбут медонем. Гурӯҳои ифроти барои ҷалб намудани инсонҳо хусусан ҷавонон ба ҳайати худ, талошҳои зиёд мекунанд. Зархаридҳои худро барои таблиғ ва ҳар чӣ зиёдтар гаравидани инсонҳоро ба гурӯҳҳо дар ҳар гушаву канори дунё мегузоранд. Харидшудагон боз онҳое мебошанд, ки дӯст рафиқ ё ягон шахси ба дил дуру ба чашм наздики мо ҳастанд. Ба онҳо ваъдаҳои пулу моли зиёд ба шаҳодат расидан дар роҳи ҳақ ва ҳатто биҳишти ҷовидонро ваъда мекунанд, ки ин ҳама гувоҳи зуҳуроти имрӯз аст. Бояд тазакур дод, ки бисёртар онҳое шомили гурӯҳҳо мешаванд, ки саводи кофии ақли худро дуруст идора карданро надоранд, онҳоро бо ваъдаҳои пучу холӣ мефиребанд. Ҷиҳод гуфта диндорони бесаводу курсаводро ки маънии як пора ояту ҳадисро дуруст сарфаҳм рафта наметавонанд ба сӯйи худ ҷалб менамоянд, онҳо бошанд инаст роҳи ҳақ, ин аст сиротал мустақим, ин аст шоҳроҳи фирдавси адн, ин аст мардонагиву ҷасорат гуфта боз чанд тан гумроҳонро ба ботлоқи афтидаи худ побагил мекунанд боз аз ин мефахранд, ки тавонистаанд баъзе инсонҳоро ба роҳи рост ҳидоят кардаанд. Дар баробари ин баъзе нафарҳои дигар ба хотири мушкилӣ, тазодҳои рӯзгор, ноадолатиҳои давр, зиндаҷудои ёру диёр, нокоми дар роҳи ишқ, муҳаббати носолим ва ҳазорҳои дигар, ки аз ҳама дилсард мешаванд худро дидаву дониста ба вартаи нобудӣ меандозанд. Ҳазор омилҳои ба гирдоби гурӯҳҳои ифроти гаравидани инсонҳо хусусан ҷавонон вуҷуд дорад. Ҷавононро зиёдтар ҳасосият, гармии хуни ҷавонӣ ва бозуву тани барҷаставу боқувват, ҷасорату шуҷоат ва ғурури ҷавонию мардӣ, ки ҳоло гармию сардии дунёро надидаанд ва шикасти ҳама чизро дар бозуи пурзури худ мебинанд зиёд ба ҳар тараф чӣ хубу чӣ нохуб мекашанд. Асосан аз шуур, тафаккур, мафкура ва ҳасосияти ҷавонон зиёдтар истифода мекунанд, аз баски ақли онҳо дар ҳоли рушд аст неку бади зиндагиро ба хуби дарк карда наметавонанд баъзан падидаҳои нохуб дар қалб ва шуури онҳо ба некӣ ҷойгузин мегардад ҳамин аст, ки равонан ба онҳо таъсир мерасонанд ба мағзи онҳо ақидаҳои ифротӣ ва ҷангу низоъҳоро ворид месозанд. Ягона роҳи пешгири кардани ҷавонон аз ҳамагуна гурӯҳҳои ифротӣ шиддатан дахолат кардани давлат аст, то нагузорад, ки ҳаргуна инсонҳо ҳар коре, ки бихоҳанд кардан гиранд. Назорати қатъи бурдани сайтҳои иҷтимоӣ ва алоқаю эсемес паёмакҳо, яъне ҳар чизе, ки омили муошират аст мебояд қатъиян зери назорат бошад, ки ин ҳама дар давлати мо ҷоннок карда шудааст. Равонан таҳким бахшидани психикаи ҷавонон аз зуҳуроту падидаҳои номатлуб яъне равондармон будани наздикон оила ҷомеа ва давлат омили муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ нишон додани оқибати онҳое, ки фирефтаи доми гурӯҳҳои ифроти шудаанд. Мебояд онҳоеро, ки одамонро ба гурӯҳҳи ифроти таблиғ мекунанд ва ба онҳо шароити шомил гадидан ба гурӯҳҳоро муҳаё месознд дастгир намуда, муҷозоти шадид кунанд, то ба дигарон дарси ибрат шаванд. Дар баробари ин ҳама оила бо ҷомеа, ҷомеа бо давлат мебояд ҳамбастагии қаввӣ дошта бошанд. Яъне онҳо муваззафанд, ки тамоми қувва неру ва афкори худро баҳри ҳимояти насли имрӯзу фардои миллат роҳандози кунанд. Ояндаи миллатро ба нобуди накашанд. Мебояд, ки барои ҷавонон дар дохили кишвар фазои мусоид барои зиндагӣ, шароити хуб барои фаъолияти корӣ муҳаё созанд. Бояд қайд кард, ки қувваи асосии корӣ ин ҷавонон аст, вале мутаасифона 90 фисади қувваи кории мо дар муҳоҷират берун аз кишвар аст. Овораи дунё барои пайдо кардани касбу маош обу нони зиндагӣ ва таъмини ниёзҳои оилаҳои худ гардидаанд. Агар онҳо қувваҳои худро дар дохили кишвар сарф кунанд ҳам давлат дучандтар рушд мекунад ва ҳам насли имрӯзу ояндаи миллат солим боқи мемонанд, чаро ки аксарияти муҳоҷирон дар баробари қувваи кории худро аз даст додан саломатии худро низ аз даст медиҳанд. Барои муҳаё кардани шароити хуби зиндагӣ баъзе онҳо дар доми найрангу фиреби гурӯҳҳои ифроти меафтанд. Барои нигоҳ доштани ҷавонон аз роҳҳои ифроти мебояд, ки дар баробари иҷро намудани корҳои дигар толору варзишгоҳҳои зиёд сохта шаванд, вале барои ҳамагон дастрас ва ройгон бошанд то онҳое, ки имконияти пардохти моҳонаро надоранд тавонанд, ки дар ингуна толорҳо тамрин намоянд. Боз дар баробари инҳо мебояд, ки таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба илму дониш ва фаъолиятҳое, ки ба нафъи миллату давлат ва рушду инкишофи ҷомеа аст, ҷалб намоянд. Бештар ба онҳо фазои мусоиди таҳсил, кор ва имкониятҳои оилаҳои худро мустақилона ташкил карданро муҳаё созанд. Курсҳои кутоҳмудати касбомӯзӣ, забономӯзӣ, ронандагӣ ва дигар намудҳои ихтисосҳоро дар тамоми гушаву канори кишвар роҳандози кунанд, вале мебояд, ки ройгон ва ё дастрас бошанд. Ба монанди инҳо ҳазорҳо роҳҳои дигарро метавонем ном барем, ки барои пешгири кардани ҷавонон аз гурӯҳҳои ифроти ва корҳои беҳудаи бенафъ муфид бошад. Фирдавси Абдураҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.