Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НУРИ РОҒУН РАВШАНИВУ ГАРМИИ ХОНАДОНИ МОСТ!

НУРИ РОҒУН РАВШАНИВУ ГАРМИИ ХОНАДОНИ МОСТ!

14-11-2018, 08:58
Хабарро хонданд: 617 нафар
Назарҳо: 0
НУРИ РОҒУН РАВШАНИВУ ГАРМИИ ХОНАДОНИ МОСТ!
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз муносибатҳои сатҳи давлатии собиқ аъзои Ҷамоҳири Шӯравӣ дар қиболи ҳамсоядорию ҳамкории байнидавлатӣ куллан тағийр ёфта, баъзе аз мушкилот бобати рушди комили иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати ҷавони мо таъсири манфии худро мерасонид.
Новобаста аз мавҷуд набудани инфрасохтори воҳиди роҳдорӣ мушкилоти дигаре, ки ба иқтисоди ҳамон солҳо заифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонд, ин қонеъ набудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ дар истифодаи нерӯи барқ дар кишвар маҳсуб меёфт. Агар дар фасли сармо Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи барқро вобаста ба талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ аз хориҷи кишвар дастрас ва қонеъ мекард, баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин занҷирҳои ҳамкорӣ пурра аз байн рафтанд.
Шароити ҳассоси сиёсию давлатдорӣ дар ҳамон давру замон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи азнавсозӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои барқии хурду бузургро дар мамлакат ба миён мегузошт. Ҳамин буд, ки бо дастгирию сиёсати дурусти воқеъбинонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ дар Тоҷикистон замина гузошта шуд.
Тавре воқеият собит сохт, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги энергетикӣ бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ гарчанде, ки дар таъмини соҳаи саноат ва қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо нерӯи барқ саҳми босазо гузошт, вале талаботи тамоми соҳаҳои хоҷаги халқи мамлакатро қонеъ карда натавонист.
Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти имконот ва манбаҳои молиявии давлат НБО “Роғун”-ро моликияти миллӣ эълон намуда, ба оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср иқдом кард.
Оғози корҳои сохтмонӣ гарчанде, ки дар ин иншоот харҷи маблағҳои ҳангуфтро тақозо мекард, вале иродаи мардуми Тоҷикистон дар бунёди ин кохи нурофар қавӣ буд. Ин иродаро Пешвои муаззами миллат дарк намуда, ҷаҳониёнро мутмаин сохт, ки тоҷикон аз оғоз миллати фарҳангию бунёдкоранд ва метавонанд мустақилона мушкилоти дохилии худро ҳаллу фасл намоянд.
Бунёди НБО “Роғун” ҷавобе буд ба он бадгӯёни миллат ва он ширкатҳои сохтмонии мақсадҳояшон ғаразнок, ки гӯё давлати Тоҷикистон худ мустақилона наметавонад ин иншооти бузургро бунёд созад.
Тавре ҳамагон шоҳидем, соли гузашта Пешвои муаззами миллат сари чанбараки техникаи пуриқтидор шахсан нишаста сарбанди ин иншооти бузурги моҳияти стратегидоштаро баст. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун тағйирнопазир аст.
Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ шарафёб гардида, бо истифода аз ин захираи бузурги энергия бобати оғози сохтмони корхонаҳои бузурги саноатӣ дар кишвар шароит фароҳам меояд. Ҳамзамон дар самти фурӯши нерӯи барқ ба давлатҳои ҳамсоя, ба монанди Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Узбекистон ва дигар давлатҳои ҳавасманди ҳамкорӣ дар ин самт сарчашмаҳои нави даромади давлатӣ дар кишвар пайдо гардида, ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба шароити иҷтимоии сокинони мамлакат заминаҳои нави иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд.
Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муҳлати истифодаи Нерӯгоҳи барқи обии Норакро ба садсолаҳо дароз карда, барои ҷамъоварӣ ва самаранок истифода намудани манбаҳои обӣ дар кишварҳои поёноби ҳавзаи Аму шароити мусоид фароҳам меояд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиман таъкид месозанд, бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун маънои онро надорад, ки мо кишварҳои поёнобро бе об мемонем. Балки сохтмони ин иншоот барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақа таъсири мусбӣ расонида, бобати ҳамкории байнидавлатӣ дар самти истеҳсоли энергияи тозаи экологӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ фоидаовар аст.
Умуман, мардуми Тоҷикистон дар мавриди ба истифода додани ин манбаи нур интизориҳои зиёд доранд. Бошад, ки НБО “Роғун” барои мардуми сарбаланди тоҷик, ки азияти зиёди таърихӣ кашидааст, садсолаҳо хизмат кунад ва кишвари моро аз лиҳози иқтисодӣ боз ҳам пешрафтатар созад.
Иттиҳоду якдилӣ ҳатман бор меорад. Ба истифода додани чархаи аввали НБО “Роғун” натиҷаи ҳамин иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик аст, ки таҳти роҳбарии хиратмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, Ватани моро дар оянда аз ин ҳам ободу зебо месозад.
Бинобар ин, бо ҳисси баланди масъулият мегӯем: Зиҳи Пешвои муаззами миллат! Зиҳи миллати сарбаланду созандаи тоҷик!

Толиб НАЗАРЗОДА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: